ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

АХБОРИ ВКД: КУШТОРИ ҲАМДЕҲА ДАР ПОЙТАХТ, ҚАСДИ КУШТАНИ ҲАМСАР, ҒОРАТИ ПУЛИ МАРДИ МАСТ ВА ДУЗДИИ ҶАВОҲИРОТИ ЯК ЗАН

Сокини 29-солаи ҷамоати Рӯдакии ноҳияи Восеъ бо гумони одамкушӣ дастгир шуд. ВКД гуфт, ки ӯ рӯзи 2 май, тахминан соати 15:30, дар кӯчаи Лоҳутии шаҳри Душанбе “аз ҳиссиёти авбошӣ” бо як ҳамдеҳаи 31-солааш ҷанҷол карда, ба қисмати пушти ӯ як зарбаи корд задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида соати 22:50 дар бемористон ҷон додааст. Сабаби муноқишаи хунини ду ҳамдеҳа дар пойтахт маълум нест, вале ба қотил бар асоси моддаи 104-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои одамкушӣ то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Марди 55-солаи сокини ҷамоати Нофароҷи шаҳри Истаравшан субҳи 30 апрел, соати 07:30, дар хонааш бо ҳамсари 46-солаи худ ҷанҷол карда, бо корд ба шикамаш задааст. Зани ҷабрдидаро бо ҷароҳати вазнин дар беморхона бистарӣ карда, нисбат ба шавҳараш бар асоси қисми якуми моддаи 110-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда кушодаанд. Ба ӯ бар асоси ин банди қонун барои расондани осеби вазнин ба саломатӣ аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.

Як ҷавони 21-солаи қаблан судшуда аз ҷамоати Унҷии ноҳияи Б.Ғафуров ба он гумонбар мешавад, ки шаби 24 апрел, тахминан соати 21, дар ҳудуди маҳаллаи 34-уми шаҳри Хуҷанд аз ҳолати мастии як марди 67-сола истифода бурда, ӯро латтукӯб кардааст ва аз ҷайбаш 112 сомониро кашида гирифтааст. Нисбат ба ин ҷавон ин дафъа бар асоси моддаи 248-уми  Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд. Ба ӯ барои ғоратгарӣ, яъне ба сурати ошкоро тасарруф кардани молу пули дигарон, аз 3 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Ду ҷавони 19 ва 21-солаи сокини ҷамоати Ориёни ноҳияи Кӯшониён ба он гумонбар мешаванд, ки шаби 23 ба 24 март, тахминан соати 00:30, бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии як зани 57-солаи ҳамдеҳаашон даромада, як гарданбанди тиллоӣ, як ҷуфт гӯшвори тиллоӣ ва телефони мобилии тамғаи “Самсунг” –ро дуздидаанд. Ҳаҷми зарари расондашуда ба зани соҳибхона 11 ҳазор сомонӣ баровард шудааст. Ба ин ду ҷавони дастгиршуда бар асоси моддаи 244-уми  Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои дуздӣ ҷарима ба андозаи аз 60 ҳазор то 120 ҳазор сомонӣ ваё аз 2 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Аз навори хабарҳои рӯзи 3 майи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ба ҳалокат расидани марди 31-сола дар натиҷаи халлаи корди ҳамдеҳааш

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Восеъ бо гумони сӯиқасд ба одамкушӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 2-юми майи соли 2021, тахминан соати 15:30-дақиқа, ҳангоми дар кучаи Лоҳутии шаҳри Душанбе қарор доштанаш, аз ҳиссиёти авбошӣ бо марди 31-солаи сокини ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи мазкур ҷангу ҷанҷол карда, бо мақсади аз ҳаёт маҳрум намудан, бо корди ошхонагӣ 1-маротиба ба қисмати пушташ зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардида, тахминан соати 22:50-дақиқа, ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Бо корди хоҷагӣ захмӣ намудани ҳамсар дар заминаи муноқиша

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки рӯзи 30-юми апрели соли 2021, тахминан соати 07:30-дақиқа, марди 55-солаи сокини ҷамоати деҳоти Нофароҷи шаҳри Истаравшан дар хонаи истиқоматиаш бо ҳамсараш, зани 46-солаи сокини ҳамон ҷо муноқиша карда, бо корди хоҷагӣ 1-маротиба ба шикамаш задааст.

Дар натиҷа, ҷабрдида мувофиқи хулосаи ташхиси судӣ-тиббӣ ҷароҳати вазнин ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ифшо гардидани ҷинояти ғоратгарӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Хуҷанд бо ариза марди 67-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 24-уми апрели соли 2021, тахминан соати 21:00, дар ҳудуди маҳаллаи-34-и шаҳри мазкур ҳангоми дар ҳолати мастӣ қарор доштанаш, шахси номаълум ӯро лату кӯб намуда, бо истифодаи зӯроварӣ аз дохили ҷайбаш 112-сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 21-солаи сокини ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Б. Ғафуров, ки пеш бо моддаи 244 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 248 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани ҷинояти дуздӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Кӯшониён бо ариза зани 57-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ориёни ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 23 ба 24-уми марти соли 2021, тахминан соати 00:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 1-адад гарданбанди тиллоӣ, 1-ҷуфт гӯшвори тиллоӣ ва 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 11 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонони 19 ва 21-солаи сокинони ҷамоати деҳоти Ориён бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button