ВидеоҲодиса

СӮХТОР ДАР ТАРАБХОНАИ ТУРКИИ “ПАЙИТАХТ” (“PAYITAHT”) ДАР МАРКАЗИ ДУШАНБЕ (ВИДЕО)

Рӯзи 2 май дар маркази пойтахти Тоҷикистон тарабхонаи туркии “Пайитахт” («Payitaht») дучори сӯхтор шуд. Ин тарабхона дар хиёбони Рӯдакӣ, 55/1 дар қабати аввали бинои истиқоматӣ ҷойгир шудааст.

Маъмурияти тарабхона дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки сӯхтор чандон бузург набуд ва тарабхона зарари зиёд надидааст.

Дар иттилоияи нашршуда гуфта мешавад, ки сӯхтор дар боми “Пайитахт” рӯй додааст ва дар натиҷа, оташ «фақат ба қиси рости боғча ё террасаи тарабхона зарар расондааст. Хушбахтона, касе осеб надидааст ва тарабхона ҳам тавре дар акс метавон дид, зиёд осеб надидааст. Тарабхонаи “Пайитахт” ҳеҷ рабте ба сабаби ин сӯхтор надорад.”

Ба гуфтаи маъмурият, «корҳои тафтишотӣ ҷиҳати муайян кардани сабаби сӯхтор идома дорад», вале тарабхона алакай шоми 2 май, соати 19 ба кор сар мекунад. “Ҳамаи шуморо дар вақти ифтор мунтазирем”, – даъват кардааст маъмурияти “Пайитахт” аз муштариёни ин тарабхона.

Payitaht.tj

❗️срочная новость

Друзья, спешить сообщит вам о случившимся пожаре на крыше ресторана Payitaht, который нанес вред лишь на правую часть террасы ресторана. Напоминанием, пожар начался не в ресторане, а на крыше и к счастью нет пострадавших, также ресторан сильно не пострадал (на фото) Ресторан Payitaht не имеет никакого отношения к причине возникновения пожара.

Проводится следственная работа по причине возникновения пожара.

Возобновляем работу с сегодняшнего дня с 19:00 в прежнем режиме и ждем вас на ифтар🤗

Всех любим❤️

Фирдавс Мухаммадиев

МЫ-ТАДЖИКИСТАНЦЫ! / МО -ТОҶИКИСТОНИЁН!

Сейчас, Душанбе. Горит ресторан Payitaht, что находиться в центре города.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button