ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳонТоҷикистон

САРХАТИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 2 МАЙИ СОЛИ 2021 (ВИДЕО)

Хулосаи хабарҳои муҳими якшанбе, 2 майи Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.  Дар ин барнома:

ТОҶИКИСТОН 10 СОКИНИ ДАР РӮЗҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ АСИРАФТОДАИ ҚИРҒИЗИСТОНРО БАРГАРДОНД

ҲАСАН АКБАРОВ БАРОИ НАҶОТИ ҶОНИ ШАҲРДОРИ ИСФАРА АЗ ТИРИ СНАЙПЕР ХУДРО СИПАР КАРД…

МЧС ҚИРҒИЗИСТОН ГУФТ, 78 ХОНА, 10 ЗАПРАВКА ВА 8 МАҒОЗАРО СӮЗОНДААНД

МАРДУМИ ИСФАРА ТАЪМИНИ ХӮРОКИ САРБОЗОНИ ЧОРКӮҲРО БА ДӮШ ГИРИФТААНД

ДАР СӮХТОР ВА ТАРКИШ ДАР ИСПЕЧАК 11 НАФАР ҶАРОҲАТ БАРДОШТААНД

ДАРГУЗАШТИ ЭШОНИ ҚИЛИЧ АЗ ТАБОРИ ЭШОНИ БАЛАИ БАЛҶУВОНӢ

Ва акнун тафсилоти хабарҳо:

Шоми 1 май, соати 20:00 Тоҷикистон ба Қирғизистон 10 шаҳрванди он кишварро, ки рӯзи 29 апрел дар ҷараёни муноқишаҳои марзӣ дастгир шуда буданд, баргардонд. Хадамоти матбуоти волии вилояти Бодканд бо нашри 9 акс аз ин маросими баргардондани асирон хабар дод, ки озодии ин 10 сокини деҳаи Интернатсионалное, бо шумули раиси ин деҳа Мирзобек Ҷумъабоев дар натиҷаи музокироти волии Бодканд Омурбек Суваналиев бо раиси вилояти Суғди Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода имконпазир шуд.

Хадамоти матбуоти маъмурияти Бодканд дар иттилоияаш сокинони озодшударо “гаравгон” номидааст.

Мақомоти Тоҷикистон ба асорат гирифта шудани Мирзобек Ҷумъабоевро рад мекарданд. Ҷониби Қирғизистон мегуфт, раиси деҳаи Интернатсионалное рӯзи 29 апрел замоне дастгир шуд, ки барои тафтиши хабари ҳалокати ду шаҳрванди Қирғизистон ба мавзеи “Жилой дом” дар наздикии марз бо Тоҷикистон рафта буд.

Муноқишаҳои рӯзҳои 28-29 апрел дар марзи вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон пурқурбонитарин муноқиша нафақат дар таърихи муноқишаҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, балки дар умум дар таърихи ҳама муноқишаҳои марзии чанд даҳсолаи ахир дар тамоми Осиёи Марказӣ шумурда мешаванд.

Вазорати тандурустии Қирғизистон, ки дар сомонаи расмиаш омори охирини қурбониён аз ҷониби он кишварро пайваста нав мекунад,  хабар дод, ки то субҳи 2 май шумори умумии  осебдидагон аз ҳисоби шаҳрвандони Қирғизистон ба 179 нафар расидааст. Аз ин шумор 34 нафараш кушта шудаанд.

Ҷониби Тоҷикистон то кунун омори расмие дар бораи шумори кушташудаҳову захмиҳо аз ин тарафро нашр накардааст. Вале дар матбуот то ин дам номи дастикам 16 шаҳрванди тоҷики кушташуда дар ҷараёни муноқишаҳои ахир дар марзи  навоҳииИсфараву Б.Ғафурови Тоҷикистон бо навоҳии Бодканд ва Лайлаки Қирғизистон нашр шуд. Ба гуфтаи манобеи гуногун, ҳудуди 100 сокини дигари Тоҷикистон дар ҷарёни ин муноқишаҳо ҷароҳат бардоштаанд.

хххххххх

Саҳифаи “Ноҳияи Фархор” дар Фейсбук хабар дод, ки рӯзи 1 май дар Фархор ҷасади прапоршики қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акбаров Ҳасан Сафаралиевич, соли таваллудаш 1990, зодаи деҳаи Аловуддини ҷамоати Фархорро ба хок супурда шуд.

 “Ба гуфтаи шоҳидон, марҳум Акбаров Ҳасан Сафаралиевич санаи 29-уми апрел дар натиҷаи муноқишаҳои сарҳадӣ бо қирғизҳо дар ҷамоати Ворух, дар вақти ҳимоя намудани раиси ноҳияи Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода, ки аллакай аз китфаш маҷруҳ шуда буд, худро сипар намуда, дар натиҷа аз тири снайпери душман ба ҳалокат расид”, – гуфта мешавад дар хабар.

Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода рӯзи 29 апрел дар деҳаи марзии Хоҷаи Аъло аз тири сокинони деҳаи Кӯктош ҷароҳат бардошта буд. Гуфта мешуд, ки  Баҳодурзода барои музокирот омада  буд ва вақте тир хӯрд, ки дар интизори раиси ноҳияи Бодканд бо сокинон дар назди дарғоти баҳсии “Головной” суҳбат дошт. 

Баҳоваддин Баҳодурзода 45 сол дошта, тоза моҳи январи соли 2020 шаҳрдори Исфара таъйин шуд. Ӯ қаблан дар мақоми муовини раиси вилояти Суғд кор мекард.

ххххххххх

Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Қирғизистон гуфт, дар ҷараёни муноқишаҳои ахир дар марзи вилояти Бодканд бо вилояти Суғди Тоҷикистон 78 хона, 2 мактаб, як боғчаи кӯдакон, як идораи пулис, 3 посгоҳи марзбонӣ, 10 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва 8 мағозаву як бунгоҳи тиббиро оташ задаанд. Вазорати тандурустии Қирғизистон низ дар бораи ҳалокати 34 сокини он кишвар ва захмӣ шудани 145 тани дигар дар ҷараёни муноқишаҳо дар марз бо Тоҷикистон хабар додааст.

Ҷониби Тоҷикистон то кунун омори расмие дар бораи ҳаҷми талафоти ҷонӣ ва молии  ин тараф нашр накардааст. Вале аз манобеи гуногун то ин соат ҳалокати дастикам 16 нафар ва ҷароҳат бардоштани ҳудуди 100 нафар тасдиқ шуда, сокинон дар бораи оташ задани даҳҳо хонаву ғорати чандин мағоза дар деҳаҳои Хоҷаи Аъло, Сомониён, Овчӣ Қалъача хабар медиҳанд.

Урматбек Шамирканов, муовини вазири ҳолатҳои фавқулоддаи рӯзи 2 май дар як нишасти хабарӣ як як гуфт, ки дар кадом ноҳия ва деҳа чанд иншоот ба коми оташ рафтааст.

Аз ҷумла дар ҷамоати Оқсойи ноҳияи Бодканд, ки бо Исфараи Тоҷикистон ҳаммарз аст,  30 хона, 2 мактаб, 1 боғча, 1 бунгоҳи тиббӣ, 1 бинои нирӯҳои дохилиро оташ зада, дар Минбулоқ бинои посгоҳи марзбонии Достукро тахриб кардаанд.

Дар умум дар ноҳияи Бодканд 30 хона, 2 мактаб, 1 боғча, 1 бунгоҳи тиббӣ, 1 дафтари милиса ва 2 посгоҳи марзбониро оташ задаанд.

Дар ноҳияи Лайлак, ки бо ноҳияи Б.Ғафурови Тоҷикистон ҳамсарҳад аст, дар деҳаи Мақсади ҷамоати Кулунду 11 хона ва 1 посгоҳи марзбонӣ, дар деҳаи Сада 3 хона ва дар деҳаи Папалин 2 хонаро оташ задаанд.

Ҳамин тавр, дар деҳаи Арқаи ҷамоати Жаниҷар  9 хона ва  10 нуқтаи фурӯши сӯзишвориву 8 мағозаро оташ зада, дар деҳаи Достук 12 хона ва дар деҳаи Борбордуқ 11 хонаро сӯзондаанд.

Дар умум дар ноҳияи Лайлак дар ҷараёни муноқишаҳои марзӣ 48 хона, 1 посгоҳи марзбонӣ, 10 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва 8 мағоза ба коми оташ рафтааст.


хххххххх

Хабарнигори тоҷик Шаҳноз Комилзода, ки бо як гуруҳи журналистон барои пайгирии таҳаввулоти ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар Исфара қарор дорад, бо нашри чанд видеои кӯтоҳ дар Фейсбук хабар дод, ки як гуруҳи ризокорон (волонтёрҳо) дар Исфара ҳар рӯз чанд маротиба барои сарбозоне, ки дар Чоркӯҳ ва дигар минтақаҳои ҳаммарз бо Қирғизистон адои хидмат мекунанд, ҳар рӯз чанд маротиба хӯрок меоранд. Аз ҷумла шом аз Исфара барои сарбозони рӯзадор ифтор низ ташкил мекардаанд.

Ҳамин тавр, сокинони Исфара барои харидани хӯрок барои сарбозону захмиён ва он сокиноне, ки аз манотиқи доғ ба шаҳр кӯчонда шудаанд, як сандуқи хайрия ташкил кардаанд.

Вазъ дар марзи Исфара бо ноҳияи Бодканди Қирғизистон дар поёни моҳи апрел бад шуд.

хххххххх

ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки дар сӯхтори шоми 1 май дар як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар маҳаллаи Испечак-2-и шаҳри Душанбе 11 нафар ҷароҳати сабуки сӯзиши бадан гирифтаанд.

Вазорат гуфт, сӯхтор шоми шанбе, тахминан соати 18:30 ба амал омада, ин офат 90 метри мураббаъро бо беш аз 60 тонна маводи сӯхт фаро гирифтааст. ВКД “риоя накардани меъъру талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор”-ро сабаби ин сӯхтор номидааст.

Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ чанд видео аз маҳалли сӯхтор ва таркиш дар маҳаллаи Испечак нашр шуда буд. Дар он видеоҳо лаҳзаи таркидани зоҳиран яке аз анборҳои маводи сӯхт дар ин нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ низ сабт шуда буд.

Гуфта мешуд, ки барои фурӯ нишондани сӯхтор дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар Испечак ҳудуди 10 мошини сӯхторнишонӣ ҷалб шуда, мошинҳои “Ёрии таъҷилӣ” низ ба ҷои ҳодиса омадаанд ва ҳаракат ба сӯи маҳаллаи Зарафшон манъ карда шудааст.

Дӯконе, ки дучори сӯхтор ва таркиш шуд, қаблан ба ширкати “Умед 88” тааллуқ дошта, дар паҳлуи масҷиди Ҳамадонӣ ҷойгир шудааст. “Умед 88” як ширкати замоне пештоз дар бозори маводи сӯхти Тоҷикистон буд, ки баъди ҳабси раҳбараш Раҷабалӣ Одинаев дар соли 2017 ва ба 28 соли зиндон маҳкум шудани ӯ варшикаста шуд. Худи Одинаевро моҳи марти соли ҷорӣ бо захми меъда аз маҳбас ба бемористони маҳаллаи “1-ум Советский” оварданд, вале ӯ дар аввали моҳи апрел дар рӯи кати беморӣ аз дунё гузашт.

хххххххххх

Хабарнигори тоҷик Сайёфи Мизроб рӯзи 2 май бо нашри акси таҷаммӯи садҳо нафар дар маросими намози ҷанозаи Эшони Қилич дар Сарбанд хабар дод, ки ин рӯҳонии шинохтаи вилояти Хатлон аз олам чашм пӯшид. Сайёфи Мизроб Эшони Қиличро “як тан аз шоҳсутунҳои мазҳаби Ҳанафия дар Хатлонзамин” ва “ҷияни Эшон Балаи Балҷувонӣ” номидааст.

Дар бораи сабаби марги Эшони Қилич ҷузъиёти дигаре гуфта нашудааст.

Аз аввали моҳи барои мусалмонон шарифи Рамазон ин бори дуюм аст, ки аз Тоҷикистон дар бораи даргузашти рӯҳониёни муътабараш хабарҳо ба даст мерасанд.

Рӯзи 13 апрел, дар рӯзи якуми Рамазон, Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ, яке аз машҳуртарин аз рӯҳониёни суннатгарои тоҷик, дар синни 80  вафот кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button