ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

МЧС ҚИРҒИЗИСТОН: 78 ХОНА, 10 ЗАПРАВКА ВА 8 МАҒОЗАРО СӮЗОНДААНД (7 АКС)

Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Қирғизистон гуфт, дар ҷараёни муноқишаҳои ахир дар марзи вилояти Бодканд бо вилояти Суғди Тоҷикистон 78 хона, 2 мактаб, як боғчаи кӯдакон, як идораи пулис, 3 посгоҳи марзбонӣ, 10 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва 8 мағозаву як бунгоҳи тиббиро оташ задаанд. Вазорати тандурустии Қирғизистон низ дар бораи ҳалокати 34 сокини он кишвар ва захмӣ шудани 145 тани дигар дар ҷараёни муноқишаҳо дар марз бо Тоҷикистон хабар додааст.

Ҷониби Тоҷикистон то кунун омори расмие дар бораи ҳаҷми талафоти ҷонӣ ва молии  ин тараф нашр накардааст. Вале аз манобеи гуногун то ин соат ҳалокати дастикам 16 нафар ва ҷароҳат бардоштани ҳудуди 100 нафар тасдиқ шуда, сокинон дар бораи оташ задани даҳҳо хонаву ғорати чандин мағоза дар деҳаҳои Хоҷаи Аъло, Сомониён, Овчӣ Қалъача хабар медиҳанд.

Урматбек Шамирканов, муовини вазири ҳолатҳои фавқулоддаи рӯзи 2 май дар як нишасти хабарӣ як як гуфт, ки дар кадом ноҳия ва деҳа чанд иншоот ба коми оташ рафтааст.

Аз ҷумла дар ҷамоати Оқсойи ноҳияи Бодканд, ки бо Исфараи Тоҷикистон ҳаммарз аст,  30 хона, 2 мактаб, 1 боғча, 1 бунгоҳи тиббӣ, 1 бинои нирӯҳои дохилиро оташ зада, дар Минбулоқ бинои посгоҳи марзбонии Достукро тахриб кардаанд.

Дар умум дар ноҳияи Бодканд 30 хона, 2 мактаб, 1 боғча, 1 бунгоҳи тиббӣ, 1 дафтари милиса ва 2 посгоҳи марзбониро оташ задаанд.

Дар ноҳияи Лайлак, ки бо ноҳияи Б.Ғафурови Тоҷикистон ҳамсарҳад аст, дар деҳаи Мақсади ҷамоати Кулунду 11 хона ва 1 посгоҳи марзбонӣ, дар деҳаи Сада 3 хона ва дар деҳаи Папалин 2 хонаро оташ задаанд.

Ҳамин тавр, дар деҳаи Арқаи ҷамоати Жаниҷар  9 хона ва  10 нуқтаи фурӯши сӯзишвориву 8 мағозаро оташ зада, дар деҳаи Достук 12 хона ва дар деҳаи Борбордуқ 11 хонаро сӯзондаанд. Дар умум дар ноҳияи Лайлак дар ҷараёни муноқишаҳои марзӣ 48 хона, 1 посгоҳи марзбонӣ, 10 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва 8 мағоза ба коми оташ рафтааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button