ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

МАРДУМИ ИСФАРА ТАЪМИНИ ХӮРОКИ САРБОЗОНИ ЧОРКӮҲРО БА ДӮШ ГИРИФТААНД (ВИДЕО)

Хабарнигори тоҷик Шаҳноз Комилзода, ки бо як гуруҳи журналистон барои пайгирии таҳаввулоти ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар Исфара қарор дорад, бо нашри чанд видеои кӯтоҳ дар Фейсбук хабар дод, ки як гуруҳи ризокорон (волонтёрҳо) дар Исфара ҳар рӯз чанд маротиба барои сарбозоне, ки дар Чоркӯҳ ва дигар минтақаҳои ҳаммарз бо Қирғизистон адои хидмат мекунанд, ҳар рӯз чанд маротиба хӯрок меоранд. Аз ҷумла шом аз Исфара барои сарбозони рӯзадор ифтор низ ташкил мекардаанд.

Ҳамин тавр, сокинони Исфара барои харидани хӯрок барои сарбозону захмиён ва он сокиноне, ки аз манотиқи доғ ба шаҳр кӯчонда шудаанд, як сандуқи хайрия ташкил кардаанд.

Вазъ дар марзи Исфара бо ноҳияи Бодканди Қирғизистон дар поёни моҳи апрел бад шуд. Дар натиҷаи задухӯрдҳои рӯзҳои 28 ва 29 апрел дар марзи Исфараву Бодканд ва ноҳияҳои Б.Ғафуров ва Лайлак дастикам 50 нафар кушта шуда, беш аз 200 тан захмӣ шуданд. Танҳо аз ҷониби Қирғизистон 33 ҳазор нафарро аз нуқоти доғ кӯчондаанд ва дар рӯзҳои муноқишаҳо 78 хона, 10 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва 8 мағозаву 3 посгоҳи марзӣ ва ду мактабро оташ задаанд.

Шахноз Комилзода

 

Лаҳзаи дастрас кардани хуроки ифтор ба сарбозони Чоркӯҳ. (Видеои 1)

Ризокорони шаҳри Исфара дар як руз чанд маротиба ба сарбозон хурок меоранд.

Сокинони шаҳри Исфара як сандуқи хайрия ташкил карда маблағ ҷамъоварӣ мекунанд ва аз ҳисоби он ба сарбозону, беморон ва сокинони эвакуатсия шуда маводи хурокӣ харидорӣ мекунанд. (Вдеои 2 ва 3)

Аҳсан ба мардуми Исфара!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button