ВидеоМинтақа ва ҷаҳонТаърихТоҷикистон

ДУХТАРИ НАБИЕВ: КАРИМОВ МЕХОСТ, КИ ВИЛОЯТИ ЛЕНИНОБОДРО БА ӮЗБЕКИСТОН ДИҲАНД (ВИДЕО)

Радиои Озодӣ: Муносибат бо Ӯзбекистон чӣ хел буд дар он солҳо, зеро аллакай он замон дар ин кишвари ҳамсоя Ислом Каримов сари қудрат омада буд?

Мунаввара Набиева: Роҳбарияти пешини Ӯзбекистон дар шахсияти Шароф Рашидов ва Усмонхоҷаев падарамро бисёр эҳтиром мекарданд. Бо Каримов низ дар оғоз муносибатҳо бад набуданд. Аммо моҳи июни соли 1992 раисони ҷумҳури ҳамаи кишварҳои пасошӯравӣ ба ҳамоиши ОБСЕ ба Ҳелсинкӣ рафтанд. Падарам ба хотири сарфаи пул бо ҳавопаймои Ислом Каримов ба Финляндия парвоз карданд. Дар он ҷо онҳоро хуб пазироӣ карданд ва раисони ҷумҳурии Амрикову Фаронса ва Олмон бо падарам чанд соат дар бораи Тоҷикистон суҳбат мекунанд. Онҳо мехостанд ба Тоҷикистон ёрӣ расонанд. Фикр мекунам, ҳамин саҳна ба Ислом Каримов хуш наомад, чунки бисёр ӯзбекистониҳо худро гуё “бародари калонии” Тоҷикистон мешумурданд. Ба Ислом Каримов таваҷҷӯҳи хос нашуд. Ҳама чиз аз ҳамон ҷо сар шуд.

Вақте дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ оташ мезад, намояндаҳои Ислом Каримов ба падарам суханони Ислом Каримовро расониданд, ки Ӯзбекистон метавонад ба Тоҷикистон дар ҳама масъала кумак кунад, вале бар ивази он бояд вилояти Ленинободро ба Ӯзбекистон бидиҳад. Албатта, ки падарам зидди ин кор буданд.

Радиои Озодӣ: Ин хеле ҷиддӣ аст ва инро падаратон бароятон гуфта буд?

Мунаввара Набиева: Не, ман худам инро шунидам, зеро онҳо ба ҳавлии мо омада, дар хонаи мо суҳбат карда буданд. Мо ҳама ҳамон ҷо будем.

(Аз мусоҳибаи Мунаввара Набиева, духтари президенти собиқи Тоҷикистон Раҳмон Набиев, бо Радиои Озодӣ)

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button