ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ДАР СӮХТОР ВА ТАРКИШ ДАР ИСПЕЧАК 11 НАФАР ҶАРОҲАТ БАРДОШТААНД (ВИДЕО)

ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки дар сӯхтори шоми 1 май дар як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар маҳаллаи Испечак-2-и шаҳри Душанбе 11 нафар ҷароҳати сабуки сӯзиши бадан гирифтаанд.

Вазорат гуфт, сӯхтор шоми шанбе, тахминан соати 18:30 ба амал омада, ин офат 90 метри мураббаъро бо беш аз 60 тонна маводи сӯхт фаро гирифтааст. ВКД “риоя накардани меъёру талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор”-ро сабаби ин сӯхтор номидааст.

Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ чанд видео аз маҳалли сӯхтор ва таркиш дар маҳаллаи Испечак нашр шуда буд. Дар он видеоҳо лаҳзаи таркидани зоҳиран яке аз анборҳои маводи сӯхт дар ин нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ низ сабт шуда буд.

Гуфта мешуд, ки барои фурӯ нишондани сӯхтор дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар Испечак ҳудуди 10 мошини сӯхторнишонӣ ҷалб шуда, мошинҳои “Ёрии таъҷилӣ” низ ба ҷои ҳодиса омадаанд ва ҳаракат ба сӯи маҳаллаи Зарафшон манъ карда шудааст.

Дӯконе, ки дучори сӯхтор ва таркиш шуд, қаблан ба ширкати “Умед 88” тааллуқ дошта, дар паҳлуи масҷиди Ҳамадонӣ ҷойгир шудааст. “Умед 88” як ширкати замоне пештоз дар бозори маводи сӯхти Тоҷикистон буд, ки баъди ҳабси раҳбараш Раҷабалӣ Одинаев дар соли 2017 ва ба 28 соли зиндон маҳкум шудани ӯ варшикаста шуд. Худи Одинаевро моҳи марти соли ҷорӣ бо захми меъда аз маҳбас ба бемористони маҳаллаи “1-ум Советский” оварданд, вале ӯ дар аввали моҳи апрел дар рӯи кати беморӣ аз дунё гузашт.

Сӯхтор дар Нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ

Бар асари риоя накардани меъёру талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор 1 майи соли 2021 тахминан соати 18-30 дақиқа дар Нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, воқеъ дар маҳаллаи Испечак 2-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, сӯхтор ба амал омад.

Бар асари ҳодиса дар масоҳати 90 метри мураббаъ Нуқтаи фурӯши сӯзишвориро бо миқдори зиёда аз 60 тонна захираи маводҳои сузишворӣ оташ фаро гирифта 11 нафар ҷароҳати сабуки сӯзиши бадан гирифтанд.
Айни ҳол аз тарафи мутахассисони Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ва дигар ниҳодҳои дахлдор таҳқиқи ҷои ҳодиса давом дорад.

Хостаҳо

Мудхиштарин таркиши нуктаи Сузишвори дар махаллаи Испечак наздикии масчиди Мехкалон_и шахри Душанбе 01.05.2021 соатхои такрибан 18:35

Ба накли шохидон чандин нафарро бо холатхои вазнин ба беморхона интикол додаанд. То хануз дар бораи курбониёни таркиш маълумот дар даст нест!

Умед Зияев

05.01.2021 – этот день явно у кого-то не задался. Взрыв на заправке.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button