ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонЧеҳраҳо

АКБАРОВ ҲАСАН БАРОИ НАҶОТИ ҶОНИ ШАҲРДОРИ ИСФАРА АЗ ТИРИ СНАЙПЕР ХУДРО СИПАР КАРД…

Саҳифаи “Ноҳияи Фархор” дар Фейсбук хабар дод, ки рӯзи 1 май дар Фархор ҷасади прапоршики қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акбаров Ҳасан Сафаралиевич, соли таваллудаш 1990, зодаи деҳаи Аловуддини ҷамоати Фархорро ба хок супурда шуд.

Ба гуфтаи шоҳидон, марҳум Акбаров Ҳасан Сафаралиевич санаи 29-уми апрел дар натиҷаи муноқишаҳои сарҳадӣ бо қирғизҳо дар ҷамоати Ворух, дар вақти ҳимоя намудани раиси ноҳияи Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода, ки аллакай аз китфаш маҷруҳ шуда буд, худро сипар намуда, дар натиҷа аз тири снайпери душман ба ҳалокат расид”, – гуфта мешавад дар хабар.

Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода рӯзи 29 апрел дар деҳаи марзии Хоҷаи Аъло аз тири сокинони деҳаи Кӯктош ҷароҳат бардошта буд. Гуфта мешуд, ки  Баҳодурзода барои музокирот омада  буд ва вақте тир хӯрд, ки дар интизори раиси ноҳияи Бодканд бо сокинон дар назди дарғоти баҳсии “Головной” суҳбат дошт. 

Баҳоваддин Баҳодурзода 45 сол дошта, тоза моҳи январи соли 2020 шаҳрдори Исфара таъйин шуд. Ӯ қаблан дар мақоми муовини раиси вилояти Суғд кор мекард.

Ҳасан Акбаров инак 16-умин қурбонӣ аз тарафи Тоҷикистон дар ҷараёни муноқишаи рӯзҳои 29 ва 30 апрел дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон аст. Дар он муноқишаҳо дастикам 50 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 200 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Рӯйхатти 16 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар муноқишаи ахир дар марз бо Қирғизистон кушта шуданд:

1. САЛОҲИДДИН ГАДОЕВ, санаи таввалудаш 17.01.1993, зодаи деҳаи Ҷонбахти ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон. Майор Салоҳиддин Гадоев, хатмкардаи Донишгоҳи қувваҳои сарҳадии Қазоқистон, 2 сол пеш аз ВМКБ ба вилояти Суғд рафта, фармондеҳи яке аз дидбонгоҳи ноҳияи Мастчоҳ будааст. Пайвандонаш гуфтанд, баробари сар задани низоъ дар марз ин афсари 28-соларо аз Мастчоҳ ба Исфара фиристодаанд.

Салоҳиддин Гадоев

2. БАХТОВАР МАҲМУДОВ, сокини 30-солаи деҳаи Наймани ҷамоати Сурхи шаҳри Исфара, падри як фарзанд 29 апрел кушта шуд. Яке аз пайвандони ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, Бахтовар Маҳмудов субҳи 29  апрел барои обмонӣ ба боғашон рафта будааст. Бахтовар бегоҳи дирӯз фавтидааст ва ҷасади ӯро алакай ба хок супориданд.

Бахтовар Маҳмудов

3. НЕКРӮЗ ҒАФУРОВ, сокини деҳаи Даҳбеди ҷамоати Қаратоғи шаҳри Турсунзода, низ рӯзи 29 апрел кушта шуд. Ӯ 28 сол дошта, соҳиби ду фарзанд буда, қарор аст, ҷасадаш соати 12-и имрӯз ба зодгоҳаш оварда, ба волидон супурда шавад.

4. УМЕДҶОН ЮСУФОВ, сокини 32-солаи ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров р=зи 29 апрел аз тири силоҳ кушта шуд. Абдуҳамид Одинаев, муовини раиси ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, гуфт, чанд сокини дигари ҷамоат низ дар тирпаррониҳои шаби гузашта миёни ин деҳаҳои наздимарзии ноҳияҳои Ғафуров Тоҷикистон ва Лайлаки Қирғизистон чанд сокини Овчӣ-Қалъача захм бардошта, таҳти табобат қарор доранд. Ӯ гуфт, “вазъ таҳти назорат аст ва муътадил ба назар мерасад.”

5-6. Pӯзи 29-уми апрел ҲИКМАТУЛЛО МАҲКАМОВи 26-сола ва ИБРОҲИМХОН ҲОШИМЗОДАи 26-сола, сокинони маҳаллаи Навободи Ҷамоати Чоркӯҳ кушта шуданд.

7-8. Як намояндаи ҷамоати Чоркӯҳ гуфт, ШЕРАЛӢ РАҲМАТЗОДА ва САФАР НАБИЕВ, ду сарбози қисми марзбонии Исфара, ҳангоми навбатдорӣ аз тири силоҳи оташфишон кушта шудаанд. Ҷасади онҳоро рӯзи ҷумъа дафн кардаанд.

9. МЕҲРӮЗИДДИН БОЛТАЕВ, хатмкардаи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, сокини ҷамоати Ворух.

Меҳрӯзиддин Болтаев

10. ҶАСУРҶОН СУЯРҚУЛОВ, санаи таваллудаш 05.05.1993, прапоршик, зодаи деҳаи Қалъачаи Азими Ҷамоати Ғазантараки ноҳияи Деваштич.Ҷасурҷон ҳамагӣ 5 рӯз қабл аз зодрӯзи 28-умаш дар задухӯрд дар марзи ҷамоати Ворух кушта шуд.

Ҷасурҷон Суярқулов

11. СОБИР ВАҲҲОБОВ, 51-сола, ҷамоати Чоркӯҳ;

12. МАНУЧЕҲР ҚАЛАНДАРОВ, 40-сола, ҷамоати Чоркӯҳ;

13. ДАЛЕР ЭШОНОВ, 33-сола, ҷамоати Чоркӯҳ;

14. ҲУСЕЙНҶОН ШАРОПОВ, ҷамоати Чоркӯҳ.

15. САФАРОВ МУҲАММАДУЛЛОҲ РАҶАБАЛИЕВИЧ, с.т. 1995, зодаи ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон, афсари нируҳои марзбонӣ.

Муҳаммадулло Сафаров

16. АКБАРОВ ҲАСАН САФАРАЛИЕВИЧ,  с.т. 1990, зодаи деҳаи Аловуддини ноҳияи Фархор, прапоршики қӯшунҳои марзбонӣ. Рӯзи 29 апрел ҳангоми ҳимояти раиси Исфара Баҳовуддин Баҳодурзода дар марзи Исфара бо Бодканд кушта шуд.

Акбар Ҳасанов

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button