ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ТАРКИШ ВА СӮХТОР ДАР ЯК ДӮКОНИ ФУРӮШИ МАВОДИ СӮХТ ДАР ИСПЕЧАК
Шоми 1 май, наздики соати 19, як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар маҳаллаи Испечаки шаҳри Душанбе ба коми оташ рафта, баъди чанде сӯхтор дар инҷо ба таркиш мунҷар шудааст.
Дар видеое, ки дар саҳифаи “Хостаҳо” дар Фейсбук нашр шуд, лаҳзаи таркиш низ сабт шудааст.
Дар ин ва видеоҳои дигар аз ҷои ҳодиса дида мешавад, ки мошинҳои сӯхторнишонӣ ба ҷои ҳодиса меоянд.
Радиои Озодӣ хабар дод, ки барои фурӯ нишондани сӯхтор дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар Испечак ҳудуди 10 мошини сӯхторнишонӣ ҷалб шуда, мошинҳои “Ёрии таъҷилӣ” низ ба ҷои ҳодиса омадаанд ва ҳаракат ба сӯи маҳаллаи Зарафшон манъ карда шудааст.
Бино ба ин манбаъ, дӯконе, ки дучори сӯхтор ва таркиш шуд, қаблан ба ширкати “Умед 88” тааллуқ дошта, дар паҳлуи масҷиди Ҳамадонӣ ҷойгир шудааст.
Мудхиштарин таркиши нуктаи Сузишвори дар махаллаи Испечак наздикии масчиди Мехкалон_и шахри Душанбе 01.05.2021 соатхои такрибан 18:35
Ба накли шохидон чандин нафарро бо холатхои вазнин ба беморхона интикол додаанд. То хануз дар бораи курбониёни таркиш маълумот дар даст нест!
05.01.2021 – этот день явно у кого-то не задался. Взрыв на заправке.