ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳонТоҷикистон

САРХАТИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 1 МАЙИ СОЛИ 2021 (ВИДЕО)

Хулосаи хабарҳои муҳими шанбе, 1 майи Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.  Дар ин барнома:

ИМЗОИ ПРОТОКОЛИ ИБОРАТ АЗ 4 БАНД ДАР  МУЗОКИРОТИ МАРЗИИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН ДАР БОДКАНД

ТАМОМИ ТЕХНИКАИ ҲАРБӢ АЗ МАРЗ БЕРУН КАШИДА ШАВАД! ТАВОФУҚИ НАВИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН

ДАР ҚИРҒИЗИСТОН 1 ВА 2 МАЙ РӮЗҲОИ МОТАМИ МИЛЛӢ ЭЪЛОН ШУД

БА АҚИДАИ СУХАНГӮИ СОБИҚИ ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН, МУНОҚИШАИ БАЙНИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН БО ДАХОЛАТИ МИРЗИЁЕВ ҲАЛ ШУД

МОДАРАШ БАРОИ Ӯ ҶОМАИ ДОМОДӢ МЕДӮХТ… НОМИ 15 ТОҶИКИ ҚУРБОНИИ МУНОҚИША ДАР МАРЗ БО ҚИРҒИЗИСТОН МАЪЛУМ ШУД

ҲАЛОКАТИ МАРДИ СОЛХӮРДАИ ШАХСИЯТАШ НОМАЪЛУМ ДАР РОҲИ ХУҶАНД – КОНИБОДОМ

’ИСТИҚЛОЛ’’ БОРИ АВВАЛ ДАР ТАЪРИХ БА 1/8 ФИНАЛИ ҶОМИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ РОҲ ЁФТ

Ва акнун тафсилоти хабарҳо:

Рӯзи 1 май дар вилояти Бодканди Қирғизистон музокироти ҳайъатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон дар масъалаи таъйин ва аломатгузории марзи ду кишвар доир шуд. Ҳайъатҳоро раисони кумитаҳои давлатии амнияти миллии ду кишвар Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев роҳбарӣ мекарданд.

Дар анҷоми музокирот Қамчибек Тошиев ва Саймумин Ятимов ба назди хабарнигорон ҳозир шуданд ва гуфтанд, ки тарафҳо як протоколи иборат аз 4 бандро имзо кардаанд. Онҳо аз ифшои ҷузъиёти тавофуқоти бадастомада худдорӣ карданд.

Тошиев фақат гуфт, ки онҳо аз ҷумла дар мавриди оташбас ва аз  манотиқи марзӣ ба маҳалли истиқрори доимиашон ақиб кашидани тамоми нирӯҳое, ки ҳоло ба марз басиҷ шудаанд, тавофуқ карданд.

“Худо кунад, ки дар кишварҳои мо оромии комил ҳукмфармо шавад. Мо хеле умедворем, ки тамоми қарорҳои дар протокол дарҷшуда иҷро хоҳанд шуд”– гуфт Тошиев.

Раҳбари ҳайъати Тоҷикистон Саймумин Ятимов музокироти доиршударо музокироти мушкил, вале пурмаҳсул номид: “Мо барои он ҷамъ шудем, ки тамоми мушкилоти мавҷударо ҳаллу фасл кунем. Байни мо гуфтугӯи мушкиле сурат гирифт. Фоҷиае, ки дар манотиқи марзӣ рӯй дод, набояд дигар такрор шавад, чунки дар ин минтақаҳо халқҳои мо зиндагӣ доранд. Онҳо байни худ дӯстона ба сар мебаранд, даъвое бо якдигар надоранд. Мо, сиёсатмадорон, бояд масъалаҳоро ҳал карда, ба мардум имкони зиндагӣ дар сулҳу салоҳро фароҳам биорем. Ман бовар дорам, ки ба зудӣ суботи комил таъмини хоҳад шуд.”

Тавофуқ дар бораи рӯзи 1 май дар Бодканд  баргузор кардани музокироти ҳайъатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон як рӯз пеш дар ҷараёни суҳбати телефонии президентҳои Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов ба даст омада буд.

Ин музокирот дар пайи муноқишаҳои хунини рӯзҳои 28-29 апрел дар марзи ин ду кишвар аст, ки бо ҳудуди 50 кушта ва беш аз 200 захмиаш хунинтарин муноқиша дар таърихи низоъҳои марзии тамоми Осиёи Марказӣ дар чанд даҳсолаи охир шудааст.

Нимаи дуюми рӯзи 30 апрел вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон нисбатан ором шуда буд, вале рӯзи 1 май дар бораи тирпаррониҳои нав аз ин марз хабарҳо ба даст расиданд.

ххххххх

Рӯзи 1 май гуфтугӯи телефонии президентҳои Тоҷикистону Қирғизистон доир шуд. Ин дуюмин суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов дар ду рӯзи охир аст.

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон хабар дод, ки дар рафти суҳбат сарони давлатҳо ҷараёни амалӣ гардонидани мувофиқаҳои байни ҷонибҳо ҷиҳати ба эътидол овардани вазъ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон бадастомадаро  мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ин зимн ба масъалаҳои риояи оташбаси комил ва баргардонидани нерӯҳои низомӣ ба маконҳои домии онҳо  таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд. Президентҳо, ҳамчунин атрофи фаъолияти муштараки гурӯҳҳои кории ҷонибҳо дар ин ҷода ва оғози ҷаласаи Комиссияҳои байниҳукуматии ҷонибҳо оид ба  делимитсия ва демаркатсия ибрози андеша намуданд”, – гуфтаи мешавад дар иттилоияи расмии Қасри миллат.

Хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон хабар дод, ки ду раҳбар бо изҳори боварӣ ба ҳалли ҳарчӣ зудтарин вазъи пешомада дар марз, “пойбандии худ ба тавофуқоти қаблӣ ва ҳусни эҳтироми тарафайн ба якпорчагии қаламрав ва марзҳои кишварҳоро изҳор доштаанд.”
«Дар ҷараёни гуфтугӯи телефонӣ, роҳбарони Қирғизистон ва Тоҷикистон бори дигар тасдиқ карданд, ки тамоми техникаи ҳарбӣ аз ҳарду тараф аз минтақаҳои марзӣ бароварда мешавад. Ба ғайр аз ин, роҳбарони ду кишвар ҷиҳати ташкили комиссияи муштарак ҷиҳати ревизияи тамоми техникаи ҳарбӣ дар тӯли марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон тавофуқ карданд. Президентҳо аҳамияти роҳ надодан ба иғвоҳоеро, ки ба суботи вазъ дар манотиқи марзӣ таъсир мерасонанд, ба таври вижа таъкид карданд»,
– хабар додааст хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон.

Нахустин суҳбати телефонии Эмомалӣ  Раҳмон бо Содир Ҷабборов дар пайи муноқишаи хунин дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 30 апрел доир шуд. Дар ҷараёни он гуфтугӯ онҳо ба тавофуқ расиданд, ки рӯзи 1 май дар вилояти Бодканд ҳайъатҳои расмии ду кишвар ба баррасии масъалаи таъйин ва аломатгузории марзҳо шурӯъ кунанд.
Эмомалӣ Раҳмон Содир Ҷабборовро ба мулоқоти рӯбарӯ ба Душанбе низ даъват кард. Қасри миллат гуфт, замони анҷоми ин сафар ба сурати алоҳида баррасӣ мешавад. Вале хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон алакай хабар додааст, ки ин сафар дар нимаи дуюми моҳи май анҷом хоҳад ёфт.

хххххххх

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов бо имзои як фармон рӯзҳои 1 ва 2 майро дар кишвараш ба ёди шаҳрвандони кушташуда дар муноқишаҳои ахир дар марз бо Тоҷикистон рӯзҳои мотами миллӣ эълон кард.

Дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳонаи рӯзҳои 28, 29 ва 30 апрел дар марзи вилояти Суғди Тоҷикистон бо вилояти Бодканди Қирғизистон аз ҷониби Қирғизистон 31 нафар ба ҳалокат расида, 123 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Ҷониби Тоҷикистон шумори қурбониҳояшро эълон накардааст, вале дар матбуот алакай исми 15 кушташуда нашр шуд. Манобеи гуногун дар бораи ҷароҳат бардоштани даҳҳо нафари дигар дар Исфара ва ноҳияи Б.Ғафуров хабар медиҳанд.

Мақомоти Тоҷикистон то кунун дар робита ба ҳалокати шаҳрвандони ин кишвар дар марз бо Қирғизистон рӯз ё рӯзҳои мотами миллӣ эълон накардаанд.

Аммо дар фармони худ президенти Қирғизистон Содир Ҷаббоов бо изҳори андуҳи амиқ аз марги ҳамватанонаш ва баёни ҳамдардӣ ба наздикони онҳо, чунин амр додааст:

— рӯзҳои 1 ва 32 май дар Ҷумҳурии Қирғизистон рӯзҳои мотами миллӣ эълон карда шаванд;

— дар рӯзҳои мотами миллӣ дар тамоми қаламрави кишвар, ҳамчунин дар биноҳои муассисаҳои дипломативу консулӣ дар хориҷ Парчами давлатии Қирғизистон пойин оварда шавад;

— ба муассисаҳои фарзандӣ ва ширкатҳои радиову телевизион пешниҳод шавад, ки дар рӯзҳои мотами миллӣ барномаҳову чорабиниҳои тафреҳиашонро бекор кунанд;

— ҳукумати Қирғизистон ҳамроҳ бо мақомоти маҳаллӣ ҷиҳати расондани кумак ба оилаҳои кушташудагон ва осебдидадгон чораҳои лозим биандешанд.

xxxxxxx

Комил Алламҷонов, сухангӯи собиқи президенти Ӯзбекистон, рӯзи 1 май дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, ки муноқишаи ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар натиҷаи дахолати шахсии Шавкат Мирзиёев ҳал шудааст.

Дар Душанбе ва Бишкек иддаои Комил Алламҷонов дар бораи нақши асосии Мирзиёев дар ҳалли муноқишаи ахирро ҳанӯз шарҳ надодаанд.

Вале сухангӯи собиқи Мирзиёев, ки ҳоло ҳамроҳи духтари президент Саида Мирзиёева роҳбарии Бунёди пуштибонии матбуоти миллиро ба дӯш дорад, дар Фейсбук менависад: “Чанд рӯзи охир матбуотро хабари задухӯрдҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба ларза овард. Шахсан худи ман хеле хавотир будам, ки ин муноқиша ба ҷанги калон мепечад. Тирандозии танкҳову ҳавопаймоҳоро дида, бисёриҳо фикр мекарданд, ки вазъият ба осонӣ ҳал намешавад. Чӣ қадар одам вайот кард… Одамони зиёде ҷароҳат бардоштанд.

Лекин бо саъйу кӯшиш ва дахолати шахсии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ин мушкил имрӯз ҳал шуд. Дар пайи суҳбатҳои алоҳидаи ӯ бо президентҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон роҳи муросо ёфт шуд.”

Ба ақидаи Алламҷонов, бо ҳалли буҳрони ахир дар байни Душанбе ва Бишкек, “роҳбари Ӯзбекистон ба ҷомиаи ҷазонӣ худро ҳамчун як шахсияти муътабаре, ки дар Осиёи Марказӣ нуфуз ва таъсир дорад, ҳамчун роҳбаре, ки аз уҳдаи ҳалли вазъият мебарояд, намоиш дод.

Ҷанг тамом шуд. Ҳазор бор шукри Аллоҳ.”

хххххх

Муҳаммадуллоҳ Сафаров

Сафаров Муҳаммадуллоҳ Раҷабалиевич, соли таввалудаш 1995, зодаи ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон, рӯзи 30 апрел бар асари ҷароҳатҳои дар марз бо Қирғизистон бардоштааш ҳалок шуд. Муҳаммадуллоҳ Сафаров дастпарвари Коллеҷи ҳарбии Тоҷикистон буд ва дар марз адои хидмат мекард.

Дар бора  ҳалокати ӯ яке аз наздиконаш Иззатуллоҳ Қурбонов дар Фейсбук хабар дод.

“Муҳаммадуллоҳ зодаи Кӯлобзамин буда, аке аз хешовандони банда мебошад. Қарор буд, ки дар моҳи оянда(моҳи май) издивоҷ кунад, аммо хости Худо чизи дигаре будааст”,  – навиштааст Иззатуллоҳ Қурбонов.

Муҳаммадуллоҳ Сафаров инак 15-умин исмашон барои матбуот маълум шудааст.

Ҷониби Тоҷикистон шумораи расмии қурбониёнашро то ҳол нашр накардааст, вале вазорати тандурустии Қирғизистон расман эълон кард, ки аз он ҷониб дар марз бо Тоҷикистон 31 нафар кушта шуда, 123 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Бо ҳудуди 50 кушта ва беш аз 200 захмӣ, муноқишаҳои поёни моҳи апрели соли 2021 дар марзи вилоятҳои Суғду Бодканд пурқурбонитарин муноқиша дар таърихи муноқишаҳои рухдода дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ва дар умум дар таърихи тамоми муноқишаҳои марзии чанд даҳсолаи ахир дар тамоми Осиёи Марказӣ дониста мешавад.

xxxxxxxx

Чемпиони Тоҷикистон “Истиқлол” (Душанбе) бори аввал дар таърихи худ ва дар таърихи футболи тоҷик ба мархалаи 1/8 финали Ҷоми қаҳрамонҳои Осиё (АФК -2021) роҳ ёфт.

Дар даври шашум ва ниҳоӣ дар гуруҳи “А” дар минтақаи Ғарб “Истиқлол” аз бошгоҳи АГМК аз шаҳри Олмалиқи Ӯзбекистон бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд, вале бо ин вуҷуд дар ин гуруҳи ҷои якумро ба даст овард ва ба марҳалаи баъдии мусобиқаҳо роҳхат гирифт.

Рақиби асосии “Истиқлол”, дастаи “Ал Ҳилол” аз Арабистони Саудӣ низ дар даври ниҳоӣ бо ҳисоби 0:2 аз дастаи “Ал Шабоб ал Аҳлӣ” аз Имороти Муттаҳидаи Араб шикаст хӯрд.

Баъди 6 бозӣ ҳам “Истиқлол” ва ҳам “Ал Ҳилол” ҳарду 10 имтиёзӣ доштанд, вале қаҳрамони футболи Тоҷикистон аз ҳисоби натиҷаҳои беҳтар дар рақобати мустақим бо ин дастаи Саудӣ (1:3 ва 4:1) ҷои аввалро гирифт.

Дар марҳалаи 1/8 финали Ҷоми қаҳрамонҳои Осиё “Истиқлол” бо дастаи машҳури эронии “Персеполис”, ки соли гузашта ба марҳалаи финалии ин мусобиқа роҳ ёфта буд, вориди рақобат мешавад. Бозии байни онҳо, қарор аст, 13 ё 14 сентябр дар Душанбе доир шавад.

Дар марҳалаи 1/8 финал дар минтақаи Ғарб рӯзҳои 13-14 сентябр ҳамчунин дастаи “Шарҷа” аз Иморот бо дастаи дигар аз ҳамин кишвар “Ал-Ваҳда” вориди рақобат мешавад. “Истиқлол” аз Эрон дар муқобили “Ал Ҳилол” аз Арабистони Саудӣ  ба майдон мебарояд ва дастаи дигар аз Саудӣ  «Ал-Наср» бо дастаи дигар аз Эрон бо номи «Трактор» майдондорӣ хоҳад кард.

Дастаҳои довталаб дар Лигаи чемпионҳои Осиё дар 10 гуруҳ дар ду минтақаи Шарқ ва Ғарб ( дар ҳар кадомаш – 5 гуруҳ) тақсим шудаанд. Ба даври ҳаштяниҳоӣ ғолибони ин 10 гуруҳ ва 6 дастаи соҳиби ҷои дуюм, ки натиҷаи аз дигарон беҳтар ба даст овардаанд, роҳ ёфтанд.

“Истиқлол”-и Душанбе дар поёни соли 2007 таъсис ёфта, алакай соли 2010 тавонист якбора се ҷоизаи асосии футболи Тоҷикистон – ҳам унвони қаҳрамонӣ, ҳам Ҷом ва ҷам Шоҳҷоми футболи ин кишварро ба даст биорад. Дар таърихи кӯтоҳаш “Истиқлол” алакай 9 маротиба чемпиони Тоҷикистон шуда, 8 маротиба Ҷоми футболи ин кишвар ва 10 маротиба Шоҳҷомро ба даст овардааст.

“Истиқлол” –и Душанберо 13 сол пеш як гуруҳи ҷавонон ба раҳбарии Рустами Эмомалӣ, писари калонии президенти Тоҷикистон  ва дӯсташ Шоҳрух Саидзода таъсис дода буданд. Рустами Эмомалӣ, ки ҳоло шаҳрдори Душанбе, раиси Маҷлиси миллӣ ва президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон аст, дар оғоз худаш ҳам дар хатти ҳуҷуми “Истиқлол” бозӣ мекард. Подполковник Шоҳрух Саидзода, сардори раёсати кофтукови ҷиноии ВКД Тоҷикистон, то кунун президенти бошгоҳи “Истиқлол” мебошад.

хххххххх

Ва дар анҷоми барнома хулосаи чанд хабари криминалии рӯз:

Як пиёдагарди зоҳиран 55-60-солаи шахсияташ ҳанӯз номаълум шаби 29 апрел, тахминан соати 22, дар роҳи Хуҷанд – Конибодом дар ҳудуди шаҳраки Ғафуров зери чархи мошини “Мерседес” монда, бар асари ҷиноятҳои вазнини бардошташ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. ВКД гуфт,   ронандаи «Мерседес», Ахмедов Абдумаҷид Ҳусейнбоевич, с.т. 1993, сокини ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Б.Ғафуров  аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст. Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ҷон бохта, беш аз 1200 кас маъюб мешаванд.

Як марди 28-сола ва ду ҷавони 23-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ба он гумонбар мешаванд, ки шаби 28 ба 29 апрел пинҳонӣ вориди ҳавлии сокини 60-солаи ҷамоати Зайнабобод шуда, як сар чорвои калони шохдорро дуздидаанд. Нархи гов 6 ҳазор сомонӣ баровард шудааст.

Як ҷавони 23-солаи сокини ҷамоати Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ ба он айбдор мешавад, ки шаби 22 апрел, тахминан соати 22:30, дар ҳудуди ҷамоати Гулистон аз дасти зани 29-солаи сокини ҷамоати Чоргултеппа бо роҳи зӯроварӣ телефони мобилии тамғаи “Нокиа”-ро  кашида гирифтааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button