К.АЛЛАМҶОНОВ: МУНОҚИШАИ БАЙНИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН БО ДАХОЛАТИ МИРЗИЁЕВ ҲАЛ ШУД
Комил Алламҷонов, сухангӯи собиқи президенти Ӯзбекистон, рӯзи 1 май дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, ки муноқишаи ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар натиҷаи дахолати шахсии Шавкат Мирзиёев ҳал шудааст.
Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 30 апрел бо раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов гуфтугӯҳои телефонии алоҳида анҷом дода буд. Ба дунбол, суҳбати телефонии мустақим байни Ҷабборов ва Раҳмон сурат гирифт ва онҳо ҷиҳати рӯзи 1 май дар вилояти Бодканд барпо кардани мулоқоти ҳайъатҳои ду кишвар дар масъалаи таъйин ва аломатгузории марз ва баргузории мулоқоти рӯбарӯии ду президент дар Душанбе дар нимаи дуюми моҳи май тавофуқ карданд.
Ба ҷуз аз Мирзиёев, Иттиҳоди Аврупо ва намояндаи вижаи дабири кулли Созмони Милал дар Осиёи Марказӣ Натали Герман низ кумаки худро барои ҳалли муноқишаи байни Тоҷикистону Қирғизистон пешниҳод карда буданд. Президенти Русия Владимир Путин низ, ба гуфтаи сухангӯяш, барои миёнаравӣ дар ҳалли ин муноқиша изҳори омодагӣ карда буд.
Дар Душанбе ва Бишкек иддаои Комил Алламҷонов дар бораи нақши асосии Мирзиёев дар ҳалли муноқишаи ахирро ҳанӯз шарҳ надодаанд.
Вале сухангӯи собиқи Мирзиёев, ки ҳоло ҳамроҳи духтари президент Саида Мирзиёева роҳбарии Бунёди пуштибонии матбуоти миллиро ба дӯш дорад, дар Фейсбук менависад: “Чанд рӯзи охир матбуотро хабари задухӯрдҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба ларза овард. Шахсан худи ман хеле хавотир будам, ки ин муноқиша ба ҷанги калон мепечад. Тирандозии танкҳову ҳавопаймоҳоро дида, бисёриҳо фикр мекарданд, ки вазъият ба осонӣ ҳал намешавад. Чӣ қадар одам вайот кард… Одамони зиёде ҷароҳат бардоштанд.
Лекин бо саъйу кӯшиш ва дахолати шахсии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ин мушкил имрӯз ҳал шуд. Дар пайи суҳбатҳои алоҳидаи ӯ бо президентҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон роҳи муросо ёфт шуд.”
Ба ақидаи Алламҷонов, бо ҳалли буҳрони ахир дар байни Душанбе ва Бишкек, “роҳбари Ӯзбекистон ба ҷомиаи ҷазонӣ худро ҳамчун як шахсияти муътабаре, ки дар Осиёи Марказӣ нуфуз ва таъсир дорад, ҳамчун роҳбаре, ки аз уҳдаи ҳалли вазъият мебарояд, намоиш дод.
Ҷанг тамом шуд. Ҳазор бор шукри Аллоҳ.”
Дар натиҷаи муноқишаҳои ахир дар марзи вилояти Суғди Тоҷикистон бо вилояти Бодканди Қирғизистон аз ҷониби Қирғизистон 31 нафар кушта ва 123 нафар захмӣ шуданд. Ҷониби Тоҷикистон омори талафоти ҷониашро нашр накардааст, вале дар матбуот алакай номи 15 куштшуда нашр шуд. Манобеъи гуногун ҳамчунин дар бораи ҷароҳат бардоштани то 90 нафар дар Исфара ва ноҳияи Б.Ғафуров хабар медиҳанд.
Бо гузашти қариб 30 сол аз фурӯ пошидани Иттиҳоди Шӯравӣ, аз 970 километр марзи байни ин ду кишвар то имрӯз танҳо чизе бештар аз 500 километраш пурра таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Бахши аъзами минтақаҳои баҳсӣ дар байни минтақаҳои Исфараву Бобоҷон Ғафуров ва Конибодоми Тоҷикистон ва ноҳияҳои Лайлак ва Бодканди вилояти Бодканди Қирғизистон ҷойгир шудаанд.
Куни-кеча бутун матбуот қирғиз ва тожик чегарасидаги отишмалардан ларзага келди. Очиғи, шахсан мен бу ҳодиса катта урушга айланиб кетишидан қаттиқ хавотирга тушиб қолдим. Танклар ва ҳарбий самолётларнинг отишмаларини кўриб, вазият осонликча ўнгланмайдигандек туюлди. Қанчадан қанча одам вафот этди. Жуда кўплар яраланди.
Лекин Ўзбекистон Президенти Шавкат Мирзиёевнинг саъй-ҳаракатлари ва шахсий аралашуви натижасида бугун бу муаммо барҳам топди. Тожикистон ҳамда Қирғизистон Президентларининг ҳар бири билан алоҳида суҳбатлашиб, ўзаро муросага эришилди.
Эртага яна баҳсли фикрлар бўлар, балки. Ким биринчи уруш бошлади, ким ҳақу ким ноҳақ деган айбловлар ҳам ўртага чиқиши мумкин. Лекин нима бўлганда ҳам, қўшниларимиз бир-бирлари билан келишиб олишди. Ўзбекистон Раҳбари дунё ҳамжамияти кўз ўнгида Марказий Осиё минтақасидаги ўз овозига эга, энг авторитет шахс, вазиятни барқарорлаштира оладиган лидер сифатида намоён бўлди.
Шубҳасиз, бунда кейинги йилларда давлатимиз ва қўшни мамлакатлар ўртасидаги муносабатларнинг яхши томонга ўзгаргани, дўстона алоқалар ўрнатилгани самара берди.
Уруш тўхтади. Аллоҳга минг шукур.
____
Буквально на днях прессу сотрясали вести о столкновениях на границе Кыргызстана и Таджикистана. Честно говоря, лично я очень переживал, что этот инцидент перейдёт в большой военный конфликт. Видя танковые залпы и стрельбу военных самолётов, казалось, что ситуация просто так не разрешится. А сколько людей погибло… Было много и раненых.
Но в результате усилий и личного вмешательства президента Узбекистана Шавката Мирзиёева сегодня этот конфликт был решён. Побеседовав с каждым из президентов Таджикистана и Кыргызстана в отдельности, было достигнуто взаимное примирение.
Может быть, завтра снова начнутся споры. Возможно, начнут выяснять, кто был виноват в начале конфликта, кто был прав, а кто — наоборот, не прав. Несмотря на это, соседи договорились между собой. Глава Узбекистана предстал перед мировым сообществом как самая авторитетная личность, имеющая влияние в Центрально-Азиатском регионе, как лидер, способный стабилизировать ситуацию.
Без сомнения, в этом сыграли роль положительные изменения, произошедшие за последние годы в отношениях между нашим государством и соседними странами, установление дружественных отношений с ними.
Война прекратилась. Хвала Аллаху.