ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ МАРДИ СОЛХӮРДАИ ШАХСИЯТАШ НОМАЪЛУМ ДАР РОҲИ ХУҶАНД – КОНИБОДОМ

Як пиёдагарди зоҳиран 55-60-солаи шахсияташ ҳанӯз номаълум шаби 29 апрел, тахминан соати 22, дар роҳи Хуҷанд – Конибодом дар ҳудуди шаҳраки Ғафуров зери чархи мошини “Мерседес” монда, бар асари ҷиноятҳои вазнини бардошташ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. ВКД гуфт,   ронандаи «Мерседес», Ахмедов Абдумаҷид Ҳусейнбоевич, с.т. 1993, сокини ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Б.Ғафуров  аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст. Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ҷон бохта, беш аз 1200 кас маъюб мешаванд.

Як марди 28-сола ва ду ҷавони 23-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ба он гумонбар мешаванд, ки шаби 28 ба 29 апрел пинҳонӣ вориди ҳавлии сокини 60-солаи ҷамоати Зайнабобод шуда, як сар чорвои калони шохдорро дуздидаанд. Нархи гов 6 ҳазор сомонӣ баровард шудааст.

Як ҷавони 23-солаи сокини ҷамоати Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ ба он айбдор мешавад, ки шаби 22 апрел, тахминан соати 22:30, дар ҳудуди ҷамоати Гулистон аз дасти зани 29-солаи сокини ҷамоати Чоргултеппа бо роҳи зӯроварӣ телефони мобилии тамғаи “Нокиа”-ро  кашида гирифтааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 1 майи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ба ҳалокат расидани пиёдагарди шахсияташ номаълум

Рӯзи 29-уми апрели соли 2021, тахминан соати 22:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Ахмедов Абдумаҷид Хусейнбоевич, соли таваллудаш 1993, сокини ҷамоати деҳоти Овчи-Қалъачаи ноҳияи Б.Ғафуров ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди «Хуҷанд-Конибодом», дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Б.Ғафуров, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди шахсияташ номаълум, ҷинсаш мард, тахминан 55-60-соларо пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагарди шахсияташ номаълум ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Ифшо гардидани ҷинояти ғоратгарӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза зани 29-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 29-уми апрели соли 2021, тахминан соати 22:30-дақиқа, ҳангоми дар ҷамоати деҳоти Гулистони ҳамин ноҳия қарор доштанаш шахси номаълум бо роҳи зӯроварӣ аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи “Нокиа”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 23-солаи сокини ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Боздошт гардидани се нафар бо гумони дуздии чорвои калони шохдор

Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза марди 60-солаи сокини ҷамоати деҳоти Зайнабободи шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 28 ба 29-уми апрели соли 2021, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба ҳавлии истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 1-сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 28 ва ду ҷавони 23-солаи сокинони ҳамин шаҳр содир намудаанд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button