ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳонНомаҳо ба президентСиёсат

СУҲБАТҲОИ ТЕЛЕФОНИИ ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ БО ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА СОДИР ҶАББОРОВ

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев  рӯзи 30 апрел бо роҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов суҳбатҳои телефонӣ анҷом додааст.

Бино ба иттилои расмӣ, мавзӯи асосии ин суҳбатҳо баррасии вазъи пешомада дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар пайи задухӯрдҳое буд, ки хунинтарин муноқиша дар таърихи муноқишаҳои марзии даҳсолаҳои ахир дар тамоми Осиёи Марказӣ дониста мешаванд.

Президентҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар ҷараёни суҳбатҳо бо Мирзиёев дар бораи талошҳои то ин дам анҷомшуда ҷиҳати ба ҳолати оддӣ баргардондани вазъ дар марзи ду кишвар маълумот додаанд ва Мирзиёев аз ин талошҳо пуштибонӣ кардааст.

Дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, ӯ ҳамчунин мавзӯи ҷараёни омодагиҳо ба сафараш ба Тоҷикистонро, ки қарор аст, моҳи июни соли ҷорӣ сурат бигирад, баррасӣ кардааст.

Шавкат Мирзиёев  рӯзи 29 апрел бо як сафари кӯтоҳи якрӯза ба Туркманистон рафта буд, то ба ҳамтои туркманаш Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов ба сабаби марги падараш Маликқулӣ изҳори ҳамдардии худро шахсан баён кунад. Дар аксҳои нашршуда дида мешуд, ки Бердимуҳаммадов ба далели мотами падараш дар тан либоси мотам пӯшида, ба сараш тӯпӣ гузоштааст. Мирзиёев дар Ишқобод дар маросими ифтор иштирок карда, дар ҳаққи падари Бердимуҳаммадов ва раисиҷумҳури фақиди Туркманистон Сафармурод Ниёзов (Туркманбошӣ) дуо хондааст.

Вазъи пешомада дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон нигаронии кишварҳову созмонҳои дигарро низ ба бор овардааст.

Рӯзи 29 апрел намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Питер Буриан ба вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин занг зада, низ вазъият дар марзро баррасӣ кардааст.  Роҳбари идораи сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар ҷараёни ин гуфтугӯи телефонӣ дар бораи вазъи пешомада ва талошҳо барои қатъи даргириҳо ва оддӣ сохтани вазъ маълумот додааст.

Дар иттилоияи расмии вазорати хориҷаи Тоҷикистон гуфта мешавад, ки Питер Буриан “аз қарори оқилонаи роҳбарони Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба созиш бо кишвари ҳамсоя дар мавриди оташбас истиқбол кард ва омодагии Иттиҳоди Аврупо барои пуштибонии фаннӣ дар амри иҷрои барномаҳои муштарак дар марзро баён кард”.

Мария Захарова, намояндаи расмии вазорати корҳои хориҷии Русия низ рӯзи 29 апрел изҳор дошт, ки Маскав бо таваҷҷуҳ таҳавуллот дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро меомӯзад.

Бархӯрдҳои хунини рӯзҳои 29 ва 30 апрел, ки ба тирпаррониҳо дар марзи навоҳии Исфараву Бодканд ва Б.Ғафурову Лайлак печида,  аз ҳарду тараф дастикам 23 кушта ва беш аз 200 захмӣ ба ҷо гузошт, пурқурбонитарин муноқиша  натанҳо дар таърихи муноқишаҳои рухдода дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, балки дар умум дар таърихи тамоми муноқишаҳои марзии чанд даҳсолаи ахир дар тамоми Осиёи Марказӣ дониста мешавад.

Президенты Узбекистана и Кыргызстана рассмотрели пути укрепления диалога

Сегодня, 30 апреля, состоялся телефонный разговор между Президентом Республики Узбекистан Шавкатом Мирзиёевым и Президентом Кыргызской Республики Садыром Жапаровым.

В ходе беседы были рассмотрены актуальные вопросы регионального взаимодействия и двусторонней повестки.

Лидеры наших стран обсудили сложившуюся обстановку и пути скорейшего урегулирования ситуации на кыргызско-таджикской границе. С удовлетворением отмечены достигнутые договоренности между кыргызской и таджикской сторонами, нацеленные на нормализацию ситуации и недопущение ее дальнейшего обострения.

Подчеркнуто, что все возникающие спорные вопросы должны решаться на основе диалога в духе отношений многовековой дружбы, добрососедства, доверия и партнерства.

Главы государств отдельно остановились на вопросах практической реализации совместных решений и соглашений, принятых по итогам саммита в Ташкенте в марте этого года.

Подчеркнута важность продолжения интенсивных обменов и наращивания взаимодействия в целях безусловного выполнения принятых обязательств и продвижения приоритетных проектов.

Лидеры Узбекистана и Таджикистана обсудили актуальные вопросы региональной и двусторонней повестки

Сегодня, 30 апреля Президент Республики Узбекистан Шавкат Мирзиёев провёл телефонный разговор с Президентом Республики Таджикистан Эмомали Рахмоном.

Главы государств обсудили вопросы развития ситуации на таджикско-кыргызской границе.

Президент Узбекистана поддержал достигнутые таджикской и кыргызской сторонами договоренности, направленные на скорейшее урегулирование сложившейся ситуации и недопущение ее эскалации.

Подчеркнута важность решения всех имеющихся вопросов исключительно путем переговоров и консультаций в духе отношений дружбы, добрососедства и партнерства.

Был также рассмотрен ход подготовки к предстоящему визиту на высшем уровне в Таджикистан. С удовлетворением отмечены плодотворные результаты рабочей встречи премьер-министров наших стран, состоявшейся на прошлой неделе в городе Худжанде.

Особо отмечена важность совместного определения новых «точек роста» полномасштабного сотрудничества Узбекистана и Таджикистана на долгосрочную перспективу.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button