ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳонХабарҳои кӯтоҳ

ШУМОРАИ КУШТАШУДАҲОИ ҶОНИБИ ҚИРҒИЗИСТОН БА 31 НАФАР РАСИД

Бино ба омори расмии вазорати тандурустии Қирғизистон, шумори қирғизистониҳои кушташуда дар ҷараёни муноқишаи ахир дар марзи он кишвар бо Тоҷикистон ба 31 нафар расидааст. Ба ин тартиб,  шумораи кушташудаҳо аз ҳарду тараф аз 40 нафар гузашта, дар ҷараёни муноқишаҳои рӯзҳои 28-29 апрел дар марзи Исфара бо ноҳияи Бодканд ва ноҳияи Б.Ғафуров бо ноҳияи Лайлак, ки аз сангпартоии байни сокинон ба тирандозиҳо печид,  беш аз 200 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Бо чунин шумораи қурбониёнаш ин муноқиша пурқурбонитарин муноқиша дар таърихи муноқишаҳои рухдода дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ва дар умум дар таърихи тамоми муноқишаҳои марзии чанд даҳсолаи ахир дар тамоми Осиёи Марказӣ дониста мешавад.

Вазорати тандурустии Қирғизистон, ки дар сомонааш рақамҳо дар бораи осебдидагон дар ҷараёни муноқишаҳои ахир дар марзи ин кишвар бо Тоҷикистонро мунтазам нав мекунад, хабар дод, ки то соати 18:00 шоми 30 апрел, дар ин муноқишаҳо аз ҷониби Қирғизистон 154 нафар осеб дида, аз ин шумор 31 нафар ба ҳалокат расидаанд. 121 нафар аз ҷамъи осебдигон сокинони мулкӣ ва 23 нафар ҳарбиён буда, шахсияти 10 нафари дигар дар ҳоли муайян кардан аст.

Хабаргузории АКИПресс хабар дод, ки аз 31 қирғизистонии кушташуда 25 нафараш сокинони мулкӣ, 3 нафараш ҳарбиён шуда, шахсияти 3 нафари дигарро пурра муайян накардаанд.

Вазорати тандурустии Қирғизистон ҳамчунин хабар дод, ки давоми рӯзи 30 апрел бо ду парвози махсус 49 захмиро аз вилояти Бодканд ба шаҳри Бишкек оварда, дар муассисаҳои тиббии пойтахти ҷумҳурӣ бистарӣ кардаанд.

 Мақомоти Тоҷикистон то кунун арқоми охирин дар бораи шумораи шаҳрвандони осебдидаи ин кишварро нашр накардааст. Охирин хабар дар ин бора аз шоми 28 апрел ва нисфирӯзии 29 апрел, ҳанӯз то шурӯи даргириҳои сангини мусаллаҳона буд ва дар бораи ҷароҳат бардоштани танҳо 9 нафар, аз ҷумла аз силоҳ тир хӯрдани ду сокини Чоркӯҳ хабар медод.

Хабаргузории “Азия Плюс” субҳи 30 апрел аз қавли манобеаш дар Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хабар дод, ки аз ҷониби Тоҷикистон дар муноқишаҳои ахир дастикам 10 нафар ба ҳалокат расида, ҳудуди 90 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Вале ин рақам низ зоҳиран пурра нест, чунки дар давоми рӯзи 30 апрел дар бораи ҳалокати чанд шаҳрванди Тоҷикистон маълумот расид.

Ҳамчунин хабар омад, ки танҳо дар деҳаи Чоркӯҳ рӯзи 30 апрел, баъди намози ҷумъа 5 қурбонии муноқишаи марзиро ба хок супурдаанд.

Давоми рӯз дар матбуот номи 13 нафар аз шаҳрвандони тоҷики дар марз кушташуда нашр шуд. Шоми 30 апрел аз марги прапоршик Ҷасурҷон Суярқулов, санаи таваллудаш 05.05. 1993, сокини деҳаи Қалъачаи Азими Ҷамоати Ғазантараки ноҳияи Деваштич, хабар омад. Ҷасурҷон ҳамагӣ 5 рӯз қабл аз зодрӯзи 28-умаш дар задухӯрд дар марзи ҷамоати Ворух кушта шуд.

Ба ин тартиб, то ин соат номи ин 14 шаҳрванди дар марз кушташудаи Тоҷикистон маълум шудааст:

1. САЛОҲИДДИН ГАДОЕВ, санаи таввалудаш 17.01.1993, зодаи деҳаи Ҷонбахти ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон. Майор Салоҳиддин Гадоев, хатмкардаи Донишгоҳи қувваҳои сарҳадии Қазоқистон, 2 сол пеш аз ВМКБ ба вилояти Суғд рафта, фармондеҳи яке аз дидбонгоҳи ноҳияи Мастчоҳ будааст. Пайвандонаш гуфтанд, баробари сар задани низоъ дар марз ин афсари 28-соларо аз Мастчоҳ ба Исфара фиристодаанд.

2. БАХТОВАР МАҲМУДОВ, сокини 30-солаи деҳаи Наймани ҷамоати Сурхи шаҳри Исфара, падри як фарзанд 29 апрел кушта шуд. Яке аз пайвандони ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, Бахтовар Маҳмудов субҳи 29  апрел барои обмонӣ ба боғашон рафта будааст. Бахтовар бегоҳи дирӯз фавтидааст ва ҷасади ӯро алакай ба хок супориданд.

3. НЕКРӮЗ ҒАФУРОВ, сокини деҳаи Даҳбеди ҷамоати Қаратоғи шаҳри Турсунзода, низ рӯзи 29 апрел кушта шуд. Ӯ 28 сол дошта, соҳиби ду фарзанд буда, қарор аст, ҷасадаш соати 12-и имрӯз ба зодгоҳаш оварда, ба волидон супурда шавад.

4. УМЕДҶОН ЮСУФОВ, сокини 32-солаи ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров р=зи 29 апрел аз тири силоҳ кушта шуд. Абдуҳамид Одинаев, муовини раиси ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, гуфт, чанд сокини дигари ҷамоат низ дар тирпаррониҳои шаби гузашта миёни ин деҳаҳои наздимарзии ноҳияҳои Ғафуров Тоҷикистон ва Лайлаки Қирғизистон чанд сокини Овчӣ-Қалъача захм бардошта, таҳти табобат қарор доранд. Ӯ гуфт, “вазъ таҳти назорат аст ва муътадил ба назар мерасад.”

5-6. Pӯзи 29-уми апрел ҲИКМАТУЛЛО МАҲКАМОВи 26-сола ва ИБРОҲИМХОН ҲОШИМЗОДАи 26-сола, сокинони маҳаллаи Навободи Ҷамоати Чоркӯҳ кушта шуданд.

7-8. Як намояндаи ҷамоати Чоркӯҳ гуфт, ШЕРАЛӢ РАҲМАТЗОДА ва САФАР НАБИЕВ, ду сарбози қисми марзбонии Исфара, ҳангоми навбатдорӣ аз тири силоҳи оташфишон кушта шудаанд. Ҷасади онҳоро рӯзи ҷумъа дафн кардаанд.

9. МЕХРӮЗИДДИН БОЛТАЕВ, хатмкардаи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, сокини ҷамоати Ворух.

10. ҶАСУРҶОН СУЯРҚУЛОВ, санаи таваллудаш 05.05.1993, прапоршик, зодаи деҳаи Қалъачаи Азими Ҷамоати Ғазантараки ноҳияи Деваштич.Ҷасурҷон ҳамагӣ 5 рӯз қабл аз зодрӯзи 28-умаш дар задухӯрд дар марзи ҷамоати Ворух кушта шуд.

11. СОБИР ВАҲҲОБОВ, 51-сола, ҷамоати Чоркӯҳ;

12. МАНУЧЕҲР ҚАЛАНДАРОВ, 40-сола, ҷамоати Чоркӯҳ;

13. ДАЛЕР ЭШОНОВ, 33-сола, ҷамоати Чоркӯҳ;

14. ҲУСЕЙНҶОН ШАРОПОВ, ҷамоати Чоркӯҳ.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button