ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳонТоҷикистон

ПУРҚУРБОНИТАРИН МУНОҚИША: ДАР МАРЗИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН 23 НАФАР КУШТА ВА БЕШ АЗ 200 НАФАР ЗАХМӢ ШУДААНД (ВИДЕО)

Дар ҷараёни ду рӯзи муноқишаҳо дар  марзи вилоятҳои Суғду Бодканд аз ҷониби Тоҷикистон, ба гуфтаи манобеъ, 10 нафар кушта ва ҳудуди 90 нафар захмӣ шудаанд. Қирғизистон расман ҳалокати 13 шаҳрвандаш ва ҷароҳат бардоштани 121 нафари дигарро то ин соат тасдиқ кардааст. Бо чунин шумори қурбониён, бархӯрдҳои рӯзҳои 29 ва 30 апрел, ки ба тирпаррониҳо дар марзи навоҳии Исфараву Бодканд ва Б.Ғафурову Лайлак печид,  пурқурбонитарин муноқиша дар таърихи муноқишаҳои рухдода дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ва дар умум дар таърихи тамоми муноқишаҳои марзии чанд даҳсолаи ахир дар тамоми Осиёи Марказӣ дониста мешаванд.

Вазорати тандурустии Қирғизистон, ки дар сомонааш рақамҳо дар бораи осебдидагон дар ҷараёни муноқишаҳои ахир дар марзи ин кишвар бо Тоҷикистонро тақрибан соат ба соат нав мекунад, хабар дод, ки то соати 7:50 субҳи 30 апрел, аз ҷониби Қирғизистон 134 осебдида сабт шудааст. Аз ин шумор 13 нафар ба ҳалокат расидаанд.

“25 осебдидаро бо парвози махсус аз Бодканд ба Бишкек оварда, дар Маркази илмиву таҳқиқотии осебшиносӣ ва шикастабандӣ, Бемористони миллӣ ва Маркази миллии ҷарроҳӣ бистарӣ карданд. Аз ин гумор вазъи саломатии ду нафар вазнин ва аз бақия  миёнаи вазнин ва муътадил арзёбӣ мешавад”,  –  гуфта мешавад дар иттилоияи вазорати тандурустии Қирғизистон.

Мақомоти Тоҷикистон то кунун арқоми охирин дар бораи шумораи шаҳрвандони осебдидаи ин кишварро нашр накардааст. Охирин хабар дар ин бора аз шоми 28 апрел ва нисфирӯзии 29 апрел, ҳанӯз то шурӯи даргириҳои сангини мусаллаҳона буд ва дар бораи ҷароҳат бардоштани танҳо 9 нафар, аз ҷумла аз силоҳ тир хӯрдани ду сокини Чоркӯҳ хабар медод.

Вале хабаргузории “Азия Плюс” аз қавли манобеаш дар Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хабар дод, ки аз ҷониби Тоҷикистон дар муноқишаҳои ахир дастикам 10 нафар ба ҳалокат расида, ҳудуди 90 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Ба сомонаи “Бомдод” муяссар шуд, ки то ин соат исми 2 нафар аз ҳалокшудагонро муайян кунад:

  1. Бахтовар Маҳмудов, соли таваллудаш 1991, падари як фарзанд, сокини ҷамоати Сурхи Исфара
  2. Гадоев Салоҳиддин Раҳмоналиевич, санаи таввалудаш 17.01.1993, зодаи деҳаи Ҷонбахти ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон

Муноқишаҳо, ки рӯзи 28 апрел дар сари дарғоти “Головной” дар канори деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳ оғоз ёфт, рӯзи 29 апрел ба  тирпаррониҳо дар марз бо маҳаллаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳ ва бастани роҳи ҷамоати Ворух печида, нимаи дуюми рӯз тирпаррониҳо дар марзи ноҳияҳои Б.Ғафурови Тоҷикистон ва Лайлаки Қирғизистон низ мушоҳида шуданд.

Шаби 29 ба 30 апрел роҳбарони ҳайъатҳои музокиротии Тоҷикистону Қирғизистон Саймумин Ятимов (раиси КДАМ ҶТ) ва Омурбек Суваналиев (волии вилояти Бодканд) ҷиҳати қатъи даргириҳои мусаллаҳона дар марзи ду кишвар, ки ду рӯз давом кард, тавофуқ карданд.

Бандҳои асосии ин тавофуқ чунин аст:

  1. Даргириҳои мусаллаҳона қатъ гарданд
  2. Ҳайати шахсӣ ва техникаи ҳарбӣ ба минтақаҳои ҷойгиршавии доимӣ баргардонида шуда,  барои роҳ надодан ба ташаннуҷи вазъият чора андешанд.
  3. Гурӯҳи кории муштараки ду кишвар аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти иҷроия барои татбиқи пурраи тадбирҳои пешбинишуда ва фароҳам овардани шароити мувофиқи муътадил баҳри раванди музокироти судманд  барои ду халқ ва давлати дӯст ташкил карда шавад.

Бино ба хабарҳо, аз шаби 29 ба 30 апрел дар атрофи Чоркӯҳу Хоҷаи Аъло ва Ворух садои тир тақрибан шунида намешавад. Роҳи Ворух боз аст, вале тавассути он асосан захмиёнро ба Исфара оварда истодаанд. Хабарнигорони Радиои Озодӣ хабар дод, ки бо вуҷуди эълони оташбас занону кӯдаконро аз Хоҷаи Аъло ва чоркӯҳ кӯчонда истодаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button