ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳонСиёсатТоҷикистон

ПРЕЗИДЕНТҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН МОҲИ МАЙ ДАР ДУШАНБЕ МУЛОҚОТ МЕКУНАНД

Рӯзи 1 май дар ҳудуди вилояти Бодканд музокироти ҳайъатҳои ҳукуматӣ оид ба таъйин ва аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон доир мешавад ва дар нимаи дуюми моҳи май дар Душанбе мқлоқоти рӯбарӯи Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов баргузор хоҳад шуд. Ин тавофуқ рӯзи 30 апрел дар ҷараёни суҳбати телефонии президентҳои Қирғизистону Тоҷикистон  ба даст омадааст.

Хабари ин суҳбати телефониро хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон нашр кард. Дар сомонаи президенти Тоҷикистон то вақте, ки ин гузориш барои чоп омода мешуд, дар бораи суҳбати телефонии роҳбарони ду кишвар ва тавофуқоти дар ҷараёни он бадастомада ҳанӯз иттилое нашр нашуда буд.

Бино ба гузориши нашршуда дар сомонаи президенти Қирғизистон, байни Ҷабборов ва Раҳмон “муколамаи созанда дар ҳавои ҳусни ҳамсоядорӣ дар асоси ҳусни эҳтироми тамомияти арзии ҳарду кишвар баргузор шуд” ва ду раҳбар роҳҳои ҳар чӣ зудтар ором кардани вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ кардаанд.

 «Содир Ҷабборов махсус таъкид кард, ки ҷониби Қирғизистон азм дорад, масоили байнидавлатиро бо роҳи муколама  ҳал карда, суботро дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон ҳифз кунад. Ӯ изҳори итминон кард, ки ҳамкории дуҷониба сӯдманди Қирғизистон бо Тоҷикистон дар оянда низ ба сурати муназзам ва пурмаҳсул дар заминаи дӯстии анъанавии ҳазорсола ва ҳусни ҳамсоядории мардумони қирғизу тоҷик рушд хоҳад ёфт», – гуфта мешавад дар иттилоияи хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон.

Суҳбати телефонии роҳбарони ду кишвар дар пайи муноқишаи хунини рӯзҳои 29-30 апрел дар марзи вилоятҳои Суғду Бодканд беш аз 40 нафар кушта шуда ва беш аз 200 тани дигар нафар захмӣ шудаанд. Қирғизистон расман кушта шудани 31 шаҳрвандаш ва ҷароҳат бардоштани 123 тани дигарро тасдиқ кардааст.

Мақомоти Тоҷикистон расман шумори қурбониёнро нашр накардаанд, вале “Азия Плюс” аз ҳалокати дастикам 10 нафар ва ҷароҳат бардоштани ҳудуди 90 тан дар Исфара ва Б.Ғафуров хабар медиҳад. Бо чунин шумораи қурбониёнаш ин муноқиша пурқурбонитарин муноқиша дар таърихи муноқишаҳои рухдода дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ва дар умум дар таърихи тамоми муноқишаҳои марзии чанд даҳсолаи ахир дар тамоми Осиёи Марказӣ дониста мешаванд.

Рӯзи 29 апрел Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон бо нашри як паёми пурэҳсос дар саҳифааш дар Фейсбук пиромуни муноқишаҳои ахир дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон изҳори назар кард.

 «Аз тамоми сокинони Қирғизистон, пеш аз ҳама аз нирӯҳои сиёсӣ ва матбуот, дааъват мекунам, ки оромиро нигоҳ дошта, ба иғвоҳо дода нашаванд ва туъми душманиву адоватро барнаангезанд.

Мо бо бародарони тоҷиконамон забони умумӣ меёбем ва тамоми масъалаҳоро бо дарназардошти манфиатҳои ҳусни ҳамсоядорӣ ва оромиш дар сарзамини бостониамон ҳал хоҳем кард. Ҳоло онҳое хатарноканд, ки кӯшиш доранд, то аз дарун тухми низоъ бикоранд.

Тамоми нирӯҳои сиёсии дохилиро дар ин вазъияти барои кишвар мураккаб ба хештандорӣ даъват мекунам», – навишта буд Содир Ҷабборов дар паёмаш.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button