ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳонТоҷикистон

КУШТА ШУДАНИ БЕШ АЗ 40 КАС ДАР МАРЗ. САРХАТИ ИН ВА ДИГАР ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 30 АПРЕЛИ СОЛИ 2021 (ВИДЕО)

Хулосаи хабарҳои муҳими ҷумъа, 30 апрели Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.  Дар ин барнома:

ЭЪЛОНИ ОТАШБАС ДАР МАРЗИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН. ҲАЛОКАТИ БЕШ АЗ 40 НАФАР ВА ҶАРОҲАТ БАРДОШТАНИ БЕШ АЗ 200 ТАН ДАР ДУ РӮЗИ МУНОҚИШАҲО

ОМОДАГИИ ПУТИН БАРОИ МИЁНАРАВӢ БАЙНИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН

СУҲБАТҲОИ ТЕЛЕФОНИИ ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ БО ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА СОДИР ҶАББОРОВ

ПРЕЗИДЕНТҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН МОҲИ МАЙ ДАР ДУШАНБЕ МУЛОҚОТ МЕКУНАНД

СОКИНИ ТУГАЛАНГ КОРХОНАИ БЕГ САБУРРО БА МАБЛАҒИ 73 ҲАЗОРУ 720 СОМОНӢ ҒОРАТ КАРДААСТ

Ва акнун тафсилоти хабарҳо:

Шаби 29 ба 30 апрел роҳбарони ҳайъатҳои музокиротии Тоҷикистону Қирғизистон Саймумин Ятимов (раиси КДАМ ҶТ) ва Омурбек Суваналиев (волии вилояти Бодканд) ҷиҳати қатъи даргириҳои мусаллаҳона дар марзи ду кишвар ва ба маҳалли истиқрори доимиашон баргардондани нирӯҳо ва техникаи ҳарбӣ ба тавофуқ расиданд.

Бино ба хабарҳо, аз шаби 29 ба 30 апрел дар атрофи Чоркӯҳу Хоҷаи Аъло ва Ворух садои тир тақрибан шунида намешавад. Роҳи Ворух боз аст, вале тавассути он асосан захмиёнро ба Исфара оварда истодаанд. Хабарнигорони Радиои Озодӣ хабар дод, ки бо вуҷуди эълони оташбас занону кӯдаконро аз Хоҷаи Аъло ва чоркӯҳ кӯчонда истодаанд.

Дар ҷараёни задухӯрдҳои ду рӯзи 28 ва 29 апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз ҳарду тараф беш аз 40 нафар кушта ва беш аз 200 нафар захмӣ шудаанд. Қирғизистон расман кушта шудани 31 шаҳрвандаш ва ҷароҳат бардоштани 123 тани дигарро тасдиқ кардааст. Мақомоти Тоҷикистон расман шумори қурбониёнро нашр накардаанд, вале “Азия Плюс” аз ҳалокати дастикам 10 нафар ва ҷароҳат бардоштани ҳудуди 90 тан дар Исфара ва Б.Ғафуров хабар медиҳад.

Вале ин рақам низ зоҳиран пурра нест, чунки дар давоми рӯзи 30 апрел дар бораи ҳалокати чанд шаҳрванди Тоҷикистон маълумот расид.

Ҳамчунин хабар омад, ки танҳо дар деҳаи Чоркӯҳ рӯзи 30 апрел, баъди намози ҷумъа 5 қурбонии муноқишаи марзиро ба хок супурдаанд.

Давоми рӯз дар матбуот номи 13 нафар аз шаҳрвандони тоҷики дар марз кушташуда нашр шуд. Шоми 30 апрел аз марги прапоршик Ҷасурҷон Суярқулов, санаи таваллудаш 05.05. 1993, сокини деҳаи Қалъачаи Азими Ҷамоати Ғазантараки ноҳияи Деваштич, хабар омад. Ҷасурҷон ҳамагӣ 5 рӯз қабл аз зодрӯзи 28-умаш дар задухӯрд дар марзи ҷамоати Ворух кушта шуд.

Ба ин тартиб, то ин соат номи ин 14 шаҳрванди дар марз кушташудаи Тоҷикистон маълум шудааст:

1. САЛОҲИДДИН ГАДОЕВ, санаи таввалудаш 17.01.1993, зодаи деҳаи Ҷонбахти ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон. Майор Салоҳиддин Гадоев, хатмкардаи Донишгоҳи қувваҳои сарҳадии Қазоқистон, 2 сол пеш аз ВМКБ ба вилояти Суғд рафта, фармондеҳи яке аз дидбонгоҳи ноҳияи Мастчоҳ будааст. Пайвандонаш гуфтанд, баробари сар задани низоъ дар марз ин афсари 28-соларо аз Мастчоҳ ба Исфара фиристодаанд.

2. БАХТОВАР МАҲМУДОВ, сокини 30-солаи деҳаи Наймани ҷамоати Сурхи шаҳри Исфара, падри як фарзанд 29 апрел кушта шуд. Яке аз пайвандони ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, Бахтовар Маҳмудов субҳи 29  апрел барои обмонӣ ба боғашон рафта будааст. Бахтовар бегоҳи дирӯз фавтидааст ва ҷасади ӯро алакай ба хок супориданд.

3. НЕКРӮЗ ҒАФУРОВ, сокини деҳаи Даҳбеди ҷамоати Қаратоғи шаҳри Турсунзода, низ рӯзи 29 апрел кушта шуд. Ӯ 28 сол дошта, соҳиби ду фарзанд буда, қарор аст, ҷасадаш соати 12-и имрӯз ба зодгоҳаш оварда, ба волидон супурда шавад.

4. УМЕДҶОН ЮСУФОВ, сокини 32-солаи ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров р=зи 29 апрел аз тири силоҳ кушта шуд. Абдуҳамид Одинаев, муовини раиси ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, гуфт, чанд сокини дигари ҷамоат низ дар тирпаррониҳои шаби гузашта миёни ин деҳаҳои наздимарзии ноҳияҳои Ғафуров Тоҷикистон ва Лайлаки Қирғизистон чанд сокини Овчӣ-Қалъача захм бардошта, таҳти табобат қарор доранд. Ӯ гуфт, “вазъ таҳти назорат аст ва муътадил ба назар мерасад.”

5-6. Pӯзи 29-уми апрел ҲИКМАТУЛЛО МАҲКАМОВи 26-сола ва ИБРОҲИМХОН ҲОШИМЗОДАи 26-сола, сокинони маҳаллаи Навободи Ҷамоати Чоркӯҳ кушта шуданд.

7-8. Як намояндаи ҷамоати Чоркӯҳ гуфт, ШЕРАЛӢ РАҲМАТЗОДА ва САФАР НАБИЕВ, ду сарбози қисми марзбонии Исфара, ҳангоми навбатдорӣ аз тири силоҳи оташфишон кушта шудаанд. Ҷасади онҳоро рӯзи ҷумъа дафн кардаанд.

9. МЕХРӮЗИДДИН БОЛТАЕВ, хатмкардаи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, сокини ҷамоати Ворух.

10. ҶАСУРҶОН СУЯРҚУЛОВ, санаи таваллудаш 05.05.1993, прапоршик, зодаи деҳаи Қалъачаи Азими Ҷамоати Ғазантараки ноҳияи Деваштич.Ҷасурҷон ҳамагӣ 5 рӯз қабл аз зодрӯзи 28-умаш дар задухӯрд дар марзи ҷамоати Ворух кушта шуд.

11.СОБИР ВАҲҲОБОВ, 51-сола, ҷамоати Чоркӯҳ;

12. МАНУЧЕҲР ҚАЛАНДАРОВ, 40-сола, ҷамоати Чоркӯҳ;

13. ДАЛЕР ЭШОНОВ, 33-сола, ҷамоати Чоркӯҳ;

14.ҲУСЕЙНҶОН ШАРОПОВ, ҷамоати Чоркӯҳ.

Бархӯрдҳои рӯзҳои 29 ва 30 апрел пурқурбонитарин муноқиша дар таърихи муноқишаҳои рухдода дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ва дар умум дар таърихи тамоми муноқишаҳои марзии чанд даҳсолаи ахир дар тамоми Осиёи Марказӣ дониста мешаванд.

xxxxxxxx

Рӯзи 1 май дар ҳудуди вилояти Бодканд музокироти ҳайъатҳои ҳукуматӣ оид ба таъйин ва аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон доир мешавад ва дар нимаи дуюми моҳи май дар Душанбе мулоқоти рӯбарӯи Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов баргузор хоҳад шуд. Ин тавофуқ рӯзи 30 апрел дар ҷараёни суҳбати телефонии президентҳои Қирғизистону Тоҷикистон  ба даст омадааст.

Хабари ин суҳбати телефониро хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон нашр кард. Дар сомонаи президенти Тоҷикистон то вақте, ки ин гузориш барои чоп омода мешуд, дар бораи суҳбати телефонии роҳбарони ду кишвар ва тавофуқоти дар ҷараёни он бадастомада ҳанӯз иттилое нашр нашуда буд.

Бино ба гузориши нашршуда дар сомонаи президенти Қирғизистон, ду раҳбар роҳҳои ҳар чӣ зудтар ором кардани вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ кардаанд.

 «Содир Ҷабборов махсус таъкид кард, ки ҷониби Қирғизистон азм дорад, масоили байнидавлатиро бо роҳи муколама  ҳал кунад», – гуфта мешавад дар иттилоияи хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон.

Суҳбати телефонии роҳбарони ду кишвар дар пайи муноқишаи хунини рӯзҳои 29-30 апрел дар марзи вилоятҳои Суғду Бодканд сурат гирифт.

ххххххххххх

Вазъи пешомада дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон нигаронии кишварҳову созмонҳои байналмилалиро низ ба бор овардааст.

Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия гуфт, Владимир Путин  омода аст, ки барои ҳалли буҳрони байни Тоҷикистону Қирғизистон миёнаравӣ кунад.

” Мо, албатта, аз ин хабарҳо (дар бораи низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон) дар ташвишем, вазъро бо таваҷҷуҳ назорра мекунем ва тавофуқ дар мавриди оташбасро истиқбол мекунем. Умедворем, ки ин як оташбаси собит шуда, аз чунин ҳодисаҳо дар оянда ҷилавгирӣ мекунад “, – таъкид кардааст Дмитрий Песков.

Рӯзи 30 апрел сухангӯи Иттиҳоди Аврупо низ дар робита ба вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон як изҳороти вижа нашр кард, ки дар он чунин гуфта мешавад:

ИА имзо шудани созишномаи оташбас рӯзи панҷшанбе байни Ҷумҳурии Қирғизистон ва Тоҷикистон, инчунин музокироти минбаъдаро нисбати ҳалли сиёсии масъалаҳои марзӣ истиқбол мекунад. ИА аз хушунат ибрози таассуф менамояд, ва ба касоне, ки хешовандону азизонро аз даст доданд, баёни ҳамдардӣ мекунад. ИА омода аст, ки дар ҳолати зарурӣ дар доираи барномаҳои минтақавӣ кӯмаки машваратӣ, ҳамчунин дастгирии доимии сиёсӣ барои субот ва шукуфоӣ дар минтақа расонад.

Рӯзи 29 апрел намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Питер Буриан ба вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон занг зада, низ вазъият дар марзро баррасӣ карда буд. 

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев  низ рӯзи 30 апрел бо роҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов суҳбатҳои телефонӣ анҷом дод.

Бино ба иттилои расмӣ, мавзӯи асосии ин суҳбатҳо баррасии вазъи пешомада дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон будааст.

хххххххх

Ва дар анҷоми барнома хулосаи чанд хабари криминалии рӯз:

Сокини 30-солаи ҷамоати Тугаланги ноҳияи Ҷ.Балхӣ ба он гумонбар мешавад, ки шаби 4 ба 5 апрел, дар деҳаи Тимошенко 970 метр ноқилҳои алоқаи филиали ширкати “Тоҷиктелеком”-ро дузида, ба ин ширкат ба маблағи 73 ҳазору 720 сомонӣ зарар расондааст.

Ду ҷавони 21 ва 25-солаи сокини пойтахт ба он гумонбар мешаванд, ки ҳамроҳи “Маъруф” ном сокини дигари Душанбе аз бозори “Меҳргон” 36 қуттӣ тухмро аз дӯкони як зани 41-солаи сокини ноҳияи И.Сомонӣ ба яғмо бурда, ба ӯ 6 ҳазор сомонӣ зарар расондаанд.

Як зани 46-солаи сокини Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки моҳи июни соли 2019, дар кӯчаи Чортут бо роҳи фиреб ба боварии як зани 55-солаи сокини ноҳияи Сино даромада, аз ӯ барои харида додани мошини “Лексус”-и нархаш 75 ҳазор доллар 60 ҳазор сомонӣ “гаравпулӣ” гирифтааст. Вале то ҳол барои ин зан на мошин овардааст ва на пулашро бармегардонад.

Як ҷавони 25-солаи сокини шаҳри Душанбе барои он дастгир шуд, ки ба гуфтаи ВКД, моҳи январи соли 2021, дар назди маркази савдои “Садбарг” бо роҳи фиреб ба боварии марди 33-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ як мошини тамғаи “Тойота Камри”, нархаш 140 ҳазор сомонӣ, як мошини тамғаи “Мерседес Бенс”, нархаш 125 ҳазор сомонӣ,  инчунин ба маблағи 7 ҳазор сомонӣ атриётро гирифта, ваъда додааст, ки то 10-уми апрели соли 2021 пулашро бармегардонад, аммо то ҳол барнагардонидааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button