ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳонТоҷикистон

ЭЪЛОНИ ОТАШБАС ДАР МАРЗИ ИСФАРАВУ БОДКАНД (ВИДЕО)

Шаби 29 ба 30 апрел роҳбарони ҳайъатҳои музокиротии Тоҷикистону Қирғизистон Саймумин Ятимов (раиси КДАМ ҶТ) ва Омурбек Суваналиев (волии вилояти Бодканд) ҷиҳати қатъи даргириҳои мусаллаҳона дар марзи ду кишвар, ки ду рӯз давом кард, тавофуқ карданд.

Бандҳои асосии ин тавофуқ чунин аст:

  1. Даргириҳои мусаллаҳона қатъ гарданд
  2. Ҳайати шахсӣ ва техникаи ҳарбӣ ба минтақаҳои ҷойгиршавии доимӣ баргардонида шуда,  барои роҳ надодан ба ташаннуҷи вазъият чора андешанд.
  3. Гурӯҳи кории муштараки ду кишвар аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти иҷроия барои татбиқи пурраи тадбирҳои пешбинишуда ва фароҳам овардани шароити мувофиқи муътадил баҳри раванди музокироти судманд  барои ду халқ ва давлати дӯст ташкил карда шавад.

Бино ба хабарҳо, аз шаби 29 ба 30 апрел дар атрофи Чоркӯҳу Хоҷаи Аъло ва Ворух садои тир тақрибан шунида намешавад. Роҳи Ворух боз аст, вале тавассути он асосан захмиёнро ба Исфара оварда истодаанд. Хабарнигорони Радиои Озодӣ хабар дод, ки бо вуҷуди эълони оташбас занону кӯдаконро аз Хоҷаи Аъло ва чоркӯҳ кӯчонда истодаанд.

Вазорати тандурустии Қирғизистон гуфт, тайи ду рӯзи муноқишаҳо дар марзи ноҳияи Бодканд бо Исфара аз ҷониби Қирғизистон  160 нафар ҷароҳат бардошта, се нафар ҳалок шудаанд.

Ҷониби Тоҷикистон дар бораи шумораи осебдидагон рақамҳои расмие нашр накардааст, вале ба гуфтаи манобеи мухталиф,  дастикам 3 нафар, аз ҷумла сокини  ҷамоати Сурх Бахтовар Маҳмудов, соли таваллудаш 1991, падари як фарзанд, ва Гадоев Салоҳиддин Раҳмоналиевич, санаи таввалудаш 17.01.1993, зодаи деҳаи Ҷонбахти ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон, падари3 фарзанд, рӯзи 29 апрел кушта шуда, тайи ду рӯзи муноқишаҳо даҳҳо нафар, аз ҷумла шаҳрдори Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ҷароҳат бардоштаанд. Шаҳрдори Исфара рӯзи 29 апрел дар назди дарғоти “Головной” дар деҳаи Хоҷаи Аъло замоне тир хӯрд, ки барои музокирот бо раиси ноҳияи Бодканд омада буд.

Гадоев Салоҳиддин

Муноқишаҳо, ки рӯзи 28 апрел дар сари дарғоти “Головной” дар канори деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳ оғоз ёфт, рӯзи 29 апрел ба  тирпаррониҳо дар марз бо маҳаллаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳ ва бастани роҳи ҷамоати Ворух печида, нимаи дуюми рӯз тирпаррониҳо дар марзи ноҳияҳои Б.Ғафурови Тоҷикистон ва Лайлаки Қирғизистон низ мушоҳида шуданд.

Изҳороти муштарак

Комиссияҳое, ки бо ташаббуси ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳалли низои мусаллаҳонаи 29 апрели соли 2021 дар минтақаҳои наздисарҳадии ҶТ ва ҶҚ рухдода, таъсис ёфтаанд, сабабҳо ва оқибатҳои ҳодисаро муҳокима карда, ба мувофиқа расиданд, ки Ҳайати шахсӣ ва техникаи ҳарбӣ ба минтақаҳои ҷойгиршавии доимӣ баргардонида шуда,  барои роҳ надодан ба ташаннуҷи вазъият чора андешанд. Гурӯҳи кории муштараки ду кишвар аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти иҷроия барои татбиқи пурраи тадбирҳои пешбинишуда ва фароҳам овардани шароити мувофиқи муътадил баҳри раванди музокироти судманд  барои ду халқ ва давлати дӯст ташкил карда шавад.

Аз ҷониби ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон       Ятимов С.С. 

Аз ҷониби ҳайати Ҷумҳурии Қирғизистон Суваналиев О.И.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button