СОКИНИ ТУГАЛАНГ КОРХОНАИ БЕГ САБУРРО БА МАБЛАҒИ 73 ҲАЗОРУ 720 СОМОНӢ ҒОРАТ КАРДААСТ
Сокини 30-солаи ҷамоати Тугаланги ноҳияи Ҷ.Балхӣ ба он гумонбар мешавад, ки шаби 4 ба 5 апрел, дар деҳаи Тимошенко 970 метр ноқилҳои алоқаи филиали ширкати “Тоҷиктелеком”-ро дузида, ба ин ширкат ба маблағи 73 ҳазору 720 сомонӣ зарар расондааст.
Ду ҷавони 21 ва 25-солаи сокини пойтахт ба он гумонбар мешаванд, ки ҳамроҳи “Маъруф” ном сокини дигари Душанбе аз бозори “Меҳргон” 36 қуттӣ тухмро аз дӯкони як зани 41-солаи сокини ноҳияи И.Сомонӣ ба яғмо бурда, ба ӯ 6 ҳазор сомонӣ зарар расондаанд.
Як зани 46-солаи сокини Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки моҳи июни соли 2019, дар кӯчаи Чортут бо роҳи фиреб ба боварии як зани 55-солаи сокини ноҳияи Сино даромада, аз ӯ барои харида додани мошини “Лексус”-и нархаш 75 ҳазор доллар 60 ҳазор сомонӣ “гаравпулӣ” гирифтааст. Вале то ҳол барои ин зан на мошин овардааст ва на пулашро бармегардонад.
Як ҷавони 25-солаи сокини шаҳри Душанбе барои он дастгир шуд, ки ба гуфтаи ВКД, моҳи январи соли 2021, дар назди маркази савдои “Садбарг” бо роҳи фиреб ба боварии марди 33-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ як мошини тамғаи “Тойота Камри”, нархаш 140 ҳазор сомонӣ, як мошини тамғаи “Мерседес Бенс”, нархаш 125 ҳазор сомонӣ, инчунин ба маблағи 7 ҳазор сомонӣ атриётро гирифта, ваъда додааст, ки то 10-уми апрели соли 2021 пулашро бармегардонад, аммо то ҳол барнагардонидааст.
Аз навори хабарҳои рӯзи 30 апрели маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон
Ифшо гардидани ҷиноятҳои дуздӣ
Ба ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ мактуби роҳбарияти Филиали ҶСК “Тоҷиктелеком” ворид гардид, ки шаби 4 ба 5-уми апрели соли 2021, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз деҳаи Тамошенкои ноҳияи мазкур 2 намуд кабелҳои алоқаи тамғаи ТПП 30х2 ба андозаи 520-метр ва тамғаи ТПП 20х2 ба андозаи 450-метрро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 73 ҳазору 720-сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини ҷамоати деҳоти Тугаланги ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза зани 41-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи апрели соли 2021, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дуконаш, воқеъ дар бозори Меҳргони шаҳри Душанбе 36-қуттии тухмро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавонони 21, 25 ва “Маъруф ном” шахс сокинони пойтахт содир намудаанд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.
Ошкор гардидани кирдорҳои қаллобӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза зани 55-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи июни соли 2019, дар кӯчаи Чортут зани 46-солаи сокини ҳамин ноҳия бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 60 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати кӯтоҳ 1-адад автомашинаи тамғаи «Лексус-570», ки арзишаш 75 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад, оварда медиҳад, аммо то ҳол маблағи гирифтаашро барнагардонидааст.
Инчунин, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 25-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, моҳи январи соли 2021, дар назди маркази савдои “Садбарг” бо роҳи фиреб ба боварии марди 33-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Камри”, ки арзишаш 140 ҳазор сомонӣ, 1-адад автомашинаи тамғаи “Мерседес Бенс”-ро ба маблағи 125 ҳазор сомонӣ, инчунин ба маблағи 7 ҳазор сомонӣ атриётро гирифта, ваъда додааст, ки то 10-уми апрели соли 2021 маблағҳоро бармегардонад, аммо то ҳол барнагардонидааст.
Зарари расонидашуда 335 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.