ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳонТоҷикистон

ТИРПАРРОНӢ ДАР МАРЗИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН. ДУ СОКИНИ ЧОРКӮҲ ЗАХМӢ ШУД, РОҲИ ВОРУХРО БАСТАНД

Маркази матбуоти қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон рӯзи 29 апрел бо нашри ду иттилоияи алоҳида хабар дод, ки муноқишаҳо дар марзи Исфара бо вилояти Бодканди Қирғизистон рӯзи 29 апрел ба тирпарронӣ печида, дастикам ду сокини маҳаллаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи Исфара  аз тири силоҳи сокинони Қирғизистон ҷароҳат бардоштаанд.

Бино ба ин манбаъ, Амаков Оқил Юнусович, соли таваллудаш 1989,  соати 10:45 аз тири камони шикории сокинони рустои Кӯктоши ноҳияи Бодканд аз пешониаш ҷароҳат бардошта, дар ҳолати вазнин ба беморхонаи марказии шаҳри Исфара интиқол дода шудааст.

Ҳамчунин соати 11:30, сокини дигари маҳаллаи Сомониён Самадов Саттор Қодирович, соли таваллудаш 1989, аз дасту пояш  ҷароҳат бардошта, низ  дар беморхонаи марказии шаҳри Исфара бистарӣ карда шудааст.

Бино ба иттилоияи маркази матбуоти қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон, рӯзи 29 апрел, соати 13:05 дар мавзеи нуқтаи обтақсимкунии «Головной», воқеъ дар болои дарёи Исфара ва ҳудуди деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркўҳи шаҳри Исфара, низомиёни Ҷумҳурии Қирғизистон ба сӯи сарҳадбонони  Ҷумҳурии Тоҷикистон оташ кушоданд. Дар бораи ҷароҳат бардоштани касе дар ин тирпарронӣ гузориш нашудааст.

Расонаҳои Қирғизистон хабар медиҳанд, ки сокинони рустоҳои қирғизнишин рӯзи 29 апрел роҳи Оқсой – Ворух, ягона роҳеро, ки ин ҷамоатро бо боқӣ қаламрави Исфара мепайваст, масдуд кардаанд. Дар аксу видеоҳои нашршуда дар матбуоти Қирғизистон дида мешавад, ки сокинон дар байни роҳи мошингард нишастаанд ва мошинҳоро имкони гузаштан намедиҳанд.

Муноқишаи ахир дар марзи Исфара бо вилояти Бодканд рӯзи 28 апрел, ҳангоми насби видеокамераҳо дар сутунҳои барқи назди нуқтаи обтақсимкунии “Головной” дар дарёи Исфара оғоз ёфт. Ҷониби Тоҷикистон бар ин аст, ки ин сарбанди об дар қаламрави Тоҷикистон ҷойгир шудааст. Қирғизистон онро қаламрави худ медонад ва монеи насби видеокамераҳо шуд. Дар натиҷа байни сокинони деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳ ва деҳаи Кӯктоши ноҳияи Бодканд сангпартоӣ сурат гирифт, ки дар ҷараёни он 7 сокини Хоҷаи Аъло ва 4 сокини Кӯктош ҷароҳат бардоштанд. Ҷониби Қирғизистон иддао мекунад, ки як сокини Кӯктош аз тири камон маҷруҳ шудаааст.

Бо гузашти қариб 30 сол аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, аз 970 километр марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон то имрӯз танҳо чизе бештар аз 500 километраш пурра таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Бахши аъзами минтақаҳои баҳсӣ дар марзи байни Исфараву Бобоҷон Ғафуров ва Конибодоми Тоҷикистон ва ноҳияҳои Лайлак ва Бодканди вилояти Бодканди Қирғизистон ҷойгир шудаанд.

Яке аз нуқтаҳои доғтарини ин марз байни маҳаллаи Сомониёну деҳаи Хоҷаи Аъло ва ҷамоати Ворухи Тоҷикистон ва ҷамоати Оқсойи Қирғизистон ҷойгир шудааст.

Моҳи марти соли ҷорӣ як мақоми баландпояи Қирғизистон гуфт, ба Тоҷикистон пешниҳод кардаанд, ки қаламрави ҷамоати Ворухро, ки аз 4 тараф дар дохили марзи Қирғизистон дармондааст, бо 12 ҳазор гектар замин аз дигар қисматҳои вилояти Бодканд иваз кунад. Вале президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 9 апрел аз Ворух боздид кард, гуфт, тайи 19 соли музокироти марзӣ бо Қирғизистон масъалаи иваз кардани Ворух ягон бор матраҳ нашудааст ва матраҳ нахоҳад шуд.

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад

29-уми апрели соли 2021, соати соати 13:05 дақиқа дар мавзеи нуқтаи обтақсимкунии «Головной», воқеъ дар болои дарёи Исфара ва ҳудуди деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркўҳи шаҳри Исфара, низомиёни Ҷумҳурии Қирғизистон ба сӯи сарҳадбонони  Ҷумҳурии Тоҷикистон оташ кушоданд.

Ҳодисаи мазкур дар ҳолате рух дод, ки тӯли рўзҳои охир ҷониби Қирғизистон худсарона бандҳои созишномаи қаблан мувофиқашудаи дуҷонибаро бо Тоҷикистон вайрон намуда, нақшаи забти нуқтаи обтақсимкунии «Головной»-ро ба роҳ мондааст.

Тибқи харитаи солҳои 1924-1927 ва 1989 иншооти мазкур пурра дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, соли 1968 дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ барои обёрии шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон истифода мешуд.

        Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии  КДАМ 

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад

29 апрели соли 2021, соати 10:45, зимни муноқишаи сокинони  маҳаллаҳои Сомониёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кок-Тоши Ҷумҳурии Қирғизистон шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон ба тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз камони шикорӣ тир холӣ карда, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон  — Амаков Оқил Юнусович, соли таваллудаш 1989, сокини маҳаллаи Сомониёни Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфараро аз пешониаш захмдор карданд. Номбурда  ба беморхонаи марказии шаҳри Исфара интиқол дода шуд ва вазъи саломатиаш вазнин арзёбӣ мегардад.         

Ҳамчунин худи ҳамин рӯз, соати 11:30, бар асари тирпаронии шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Самадов Саттор Қодирович, соли таваллудаш 1989, сокини маҳаллаи Сомониёни Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара аз дасту пояш  ҷароҳат бардошта, дар беморхонаи марказии шаҳри Исфара бистарӣ гардид.

Муноқишаи мазкур 28  апрели соли 2021, соати 16:00 дар мавзеи нуқтаи обтақсимкунии “Головной”, воқеъ дар болои дарёи Исфара ва ҳудуди деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара дар натиҷаи амалҳои иғвоангезонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон ва сангпартоии онҳо ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон сар зад. Аз сангҳои партофтаи онҳо 7 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Бояд тазаккур дод, ки дар байни шаҳрвандони Қирғизистон хизматчиёни воҳиди таъйиноти махсус бо либоси шаҳрвандӣ ҳузур доштанд.

       Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии  КДАМ ҶТ

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button