ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳонТоҷикистон

ТИРАНДОЗӢ ДАР МАРЗ! САРХАТИ ИН ВА ДИГАР ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 29 АПРЕЛИ СОЛИ 2021 (ВИДЕО)

Хулосаи хабарҳои муҳими панҷшанбе, 29 апрели Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.  Дар ин барнома:

ТИРПАРРОНӢ ДАР МАРЗИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН: СЕ СОКИНИ ТОҶИКИСТОН КУШТА ШУДАНД, РАИСИ ИСФАРА ТИР ХӮРДААСТ

 “МО БО БАРОДАРОНИ ТОҶИК ЗАБОН МЕЁБЕМ”: ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҚИРҒИЗИСТОН

13 ҶАНГИИ ТОҶИКИ ДОИШ  – ДАР ЗИНДОНҲОИ АФҒОНИСТОН

ПЕШБАРИИ 19 ЖУРНАЛИСТУ БЛОГЕР ВА ҲОМИИ ҲУҚУҚ БА 4 ҶОИЗАИ КУНГУРАИ АВРУПОИИ ЖУРНАЛИСТОНУ БЛОГЕРҲОИ ТОҶИК

ҲАЛОКАТИ ДУ ҶАВОН ДАР ДУ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ҶАНУБИ ТОҶИКИСТОН

НАҶОТИ ГУРБАИ МИСКИН АЗ ШОХИ ДАРАХТ ДАР ДУШАНБЕ

Ва акнун тафсилоти хабарҳо:

Авзоъ дар марзи вилояти Суғди Тоҷикистон бо вилояти Бодканди Қирғизистон торафт буғранҷ мешавад.

Ба гуфтаи сокинон, раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода низ рӯзи 29 апрел дар деҳаи марзии Хоҷаи Аъло аз тири сокинони деҳаи Кӯктош ҷароҳат бардошта, ба бемористони шаҳри Хуҷанд интиқол дода шудааст. Сокинон мегӯянд, Баҳодурзода барои музокирот омада  буд ва вақте тир хӯрд, ки дар интизори раиси ноҳияи Бодканд бо сокинон дар назди дарғоти “Головной” суҳбат дошт.  Баҳоваддин Баҳодурзода 45 сол дошта, тоза моҳи январи соли 2020 шаҳрдори Исфара таъйин шуд. Ӯ қаблан дар мақоми муовини раиси вилояти Суғд кор мекард.

Сокинони Чоркӯҳ ба сомонаи “Бомдод” хабар доданд, ки дар муноқишаҳои рӯзи 29 апрел дар марзи Исфара бо ноҳияи Бодканд  дастикам се нафар аз ҷониби Тоҷикистон аз тири силоҳи оташфишон ба ҳалокат расида, даҳҳо нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Хабари ҳалокати шаҳрвандони Тоҷикистон то ҳол расман нашр нашудааст.

Вале яке аз ҳамсуҳбатони “Бомдод” гуфт, рӯзи 29 апрел аз ҷумла Бахтовар Маҳмудов, соли таваллудаш 1991, сокини ҷамоати Сурх да ҷараёни муноқиша дар мавзеи Дашт (Кӯҳи сиёҳ) дар марзи ҷамоати Сурх бо Қирғизистон аз қафаси синааш тир хӯрда, дар бемористон ҷон додааст. Аз Бахтовар як фарзанд ятим монд.

Бахтовар Маҳмудов

Ҷониби Қирғизистон то ин соат ҳалокати як сокин ва аз тиру санг ҷароҳат бардоштани 45 нафари шаҳрвандашро тасдиқ кардааст.

Муноқишаҳо, ки рӯзи 28 апрел дар сари дарғоти “Головной” дар канори деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳ оғоз ёфт, рӯзи 29 апрел ба  тирпаррониҳо дар марз бо маҳаллаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳ ва бастани роҳи ҷамоати Ворух печида, нимаи дуюми рӯз, бино ба иттилои волии вилояти Бодканд Омурбек Суваналиев, тирпаррониҳо дар марзи ноҳияҳои Б.Ғафурови Тоҷикистон ва Лайлаки Қирғизистон низ мушоҳида шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон рӯзи 29 апрел бо нашри як паёми пурэҳсос дар саҳифааш дар Фейсбук пиромуни муноқишаҳои ахир дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон изҳори назар кард.

 «Аз тамоми сокинони Қирғизистон, пеш аз ҳама аз нирӯҳои сиёсӣ ва матбуот, дааъват мекунам, ки оромиро нигоҳ дошта, ба иғвоҳо дода нашаванд ва туъми душманиву адоватро барнаангезанд.

Мо бо бародарони тоҷиконамон забони умумӣ меёбем ва тамоми масъалаҳоро бо дарназардошти манфиатҳои ҳусни ҳамсоядорӣ ва оромиш дар сарзамини бостониамон ҳал хоҳем кард. Ҳоло онҳое хатарноканд, ки кӯшиш доранд, то аз дарун тухми низоъ бикоранд.

Тамоми нирӯҳои сиёсии дохилиро дар ин вазъияти барои кишвар мураккаб ба хештандорӣ даъват мекунам», – навиштааст Содир Ҷабборов дар паёмаш.

xxxxxxxx

Аҳмадзиё Сурроҷ, раҳбари идораи амнияти миллии Афғонистон рӯзи 27 апрел гуфтааст, ки дар зиндонҳои давлатии Афғонистон дар ҳоли ҳозир 408 ҷангии хориҷии ДОИШ  аз 14 кишвари мухталиф дар ҳабс қарор доранд ва мақомоти Кобул бо ин 14 кишвар дар мавриди сарнавишти ин маҳбусон музокирот пеш мебарад. Ӯ ташреҳ надод, ки оё мавзӯи ин музокирот истирдоди ҷангиёнии дастгиршуда ба кишварҳои зодгоҳи онҳост ё мавзӯи дигар? Аҳмадзиё Сурроҷ бо зикри ин омор аз ҷомиаи ҷаҳонӣ хост, Афғонистонро дар набард ба зидди терроризм танҳо нагузоранд.

Раҳбари идораи амнияти миллии Афғонистон гуфт, беш аз 70 фоизи ҷангиёни зиндонии ДОИШро зодагони Покистон – 299  нафар аз ҷамъи 408 ҷангии зиндонӣ – ташкил медиҳанд. “Сабаб ин аст, ки вақте ДОИШ дар инҷо ташкил мешуд, 60 дарсади таркибаш покистониҳо буданд. Ба ҳамин далел, шумори онҳо бештар аст”, – гуфт ӯ.

Баъди покистониҳо дар байни доишиҳои дастгиршуда дар Афғонистон аз ҳама бештар зодагони Ӯзбекистон будаанд: 37 нафар. Ҳамчунин дар Афғонистон  13 ҷангии ДОИШ аз Тоҷикистон ва 12 нафар  – аз Қирғизистон дастгир шудаанд.

Аҳмадзиё Сурроҷ гуфт, дар байни доишиёни зиндонишуда дар Афғонистон ҳамчунин 5 зодаи Русия ва 16 нафар аз зодагони Чин низ ҳастанд. Боқӣ доишиҳои дастгиршуда аз Урдун, Эрон, Туркия, Индонезия, Бангладеш, Ҳиндустон, Алҷазоир ва ҷазираҳои Малдив будаанд.

Қаблан бархе манобеи амниятӣ дар бораи баъди шикасти ДОИШ дар Ироқу Сурия аз Ховари Миёна ба шимоли Афғонистон, ба манотиқи ҳаммарз бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус ба наздикии марз бо Тоҷикистон интиқол ёфтани  ҷангиёни ин созмони террористӣ хабар медоданд. Гуфта мешуд, ки полковники тоҷик Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи собиқи ОМОН ВКД Тоҷикистон, ки соли 2015 ба Ховари Миёна фирор карда, ба ДОИШ пайваст ва то ба мақоми “вазири ҷанг”–и ин созмони байналмилалии террористӣ расид, низ ба шимоли Афғонистон омада, дар инҷо ба “аскаргирӣ” машғул аст. Талоши ба Афғонистон фирор кардани гуруҳе аз хешовандони наздики полковник Ҳалимов, ки дар роҳ ба сӯи марз дар ноҳияи Восеъ қисме кушта ва қисме дастгир шуданд, ба оташи ин ҳадсу гумонҳо равғани бештар рехт. Вале бо гузашти чанд сол кадом далели мувассақи ҳузури “вазири ҷанг”–и ДОИШ дар Афғонистон ба даст нарасид.

Аҳмадзиё Сурроҷ моҳе пеш ҳамчунин изҳор дошта буд, ки дар миёни ҷангиёни хориҷӣ дар шимоли Афғонистон ҷангиёни ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) низ ҳузур доранд.  Вале ҲНИТ ин изҳоротро рад кард ва гуфт, на дар Афғонистон ва на дар ҳеҷ кишвари дигар ягон сохтори ҳарбӣ надорад.

xxxxxxxxx

Раёсати Кунгураи аврупоии рӯзноманигорон ва блогнависони тоҷик рӯзи 29 апрел рӯйхатти довталабони 4 ҷоизаи журналистиаш барои соли 2021-ро эълон кард. Ин созмон гуфт, барандаи ҷоиза дар ҳар номинатсияи ҳайъати доварон, иборат аз 7 шахсияти шинохта интихоб мекунанд ва исми ғолибон рӯзи 3 май, дар Рӯзи ҷаҳонии озодии баён эълом хоҳад шуд.

Кунгураи аврупоии рӯзноманигорон ва блогнависони тоҷик гуфт,  ҳадаф аз таъсиси ин ҷоизаҳо қадрдонии фаъолияти хоси хабарнигориву блогнависӣ, тарғиби арзишҳои касбиву рисолати журналистӣ дар муҳити расонаии Тоҷикистон ва таҳкими ҷомеаи маданӣ дар кишвар мебошад.

Ба Ҷоизаи “Наҷобат” ба номи Акбари Саттор инҳо пешбарӣ шудаанд:

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, рӯзноманигори мустақил, блогер

Абдуллоҳ Ғурбатӣ, рӯзноманигори мустақил

Абдурашид Қаюмзод, блогнигор, гардонандаи маҳфили “Аз ҳар зовия”

Ёқуби Ҳалим, рӯзноманигор-тадқиқотчӣ

Иқбол Тешаев , сухангӯи шаҳрдории Исфара

Ба Ҷоизаи “Садоқат” ба номи Шарифамоҳи Кишвардухт инҳо номзад шудаанд:

Аниса Собирӣ, коргардон ва блогнивис

Афсона Акобиршоева, хабарнигори мустақил

Таҳмина Ҳакимова, рӯзноманигор, коргардони филмҳои ҳуҷҷатӣ

Манижа Сангин, овозхон, сафири Раёсати Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезагон

Моҳпора Киромова, рӯзноманигор, филмсоз

Рӯйхати довталабони Ҷоизаи “Ҷасорат” ба номи Бӯринисо Бердиева чунин аст:

Иззат Амон, ҳуқуқдон ва мудофеъи ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия

Каримҷон Ёров, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, мудофеъи ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия, сил

Шуҳрат Қудратов, мудофеъи ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия

Маҳмурод Одинаев, омбудсмени мардумӣ, маҳбуси сиёсӣ

Ва ин ҳам довталабони Ҷоизаи “Бунёнгузор” ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур:

Бек Нарзӣ, тарҳи “ДастарХантер” ва бренди инфиродӣ

Зебо Тоҷибоева, бунёнгузори тарҳи Академияи подкастҳои “Се хирс”

Набӣ Юсупов, муассиси тарҳи расонаии “Нуктаи назар ”

Илҳоми Ҷамолиён, бунёнгузори тарҳи “Расонашиносӣ” ва  “Роҳ ба сӯи хирадмандии рақамӣ”

Шаҳобуддини Шуҷоъ, тарҳи расонаии “Равзан”

xxxxxxxxx

КҲФ Тоҷикистон хабар дод, ки имдоддиҳандагони раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе шаби гузашта як гурбаро, ки дар шохи дарахт дармонда буд, наҷот додаанд.

 Бино ба ин манбаъ, шаби 28 ба 29 апрел як сокини Душанбе ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон занг зада, хабар додааст, ки гурбааш дар нӯги шохи як дарахте, ки баробар ба ошёнаи шашуми биност, дармондааст ва пойин омада наметавонад. Соҳиби ин гурба гуфт, ки худи ӯ барои наҷоти гурба хеле талош кард, вале ҳама кӯшишҳояш бенатиҷа буданд. Ӯ пурсид, ки оё имконе ҳаст, ки гурбаро беозор поин оранд?

Имдодгарони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса расида, бо ёрии нардбон ба шохи дарахте, ки гурба  дармонда буд, баромаданд ва гурбаро беозор пойин оварда, ба соҳибаш супурданд.

“Ҳарчанд вазифаи аслии имдодгарон наҷоти ҷони инсонҳост, вале ҳолатҳои зиёде рух додааст, ки онҳо барои наҷоти ҳайвонот, бахусус сагу гурбаҳо, ки аз дӯстони хуби одамонанд, талошҳо кардаанд”, – навишааст КҲФ дар сомонаи расмиаш дар анҷоми хабари наҷоти гурба.

xxxxxxxxx

Ва дар анҷоми барнома хулосаи чанд хабари криминалии рӯз:

Рӯзи 28 апрел, соати 13:30 дар роҳи Бохтар – Душанбе дар ҳудуди ҷамоати Ҳилолии ноҳияи Хуросон бар асари бархӯрди ду мошини “Тойота Королла”, таҳти идораи сокини 21-солаи шаҳри Бохтар Ҷамшед Сулаймонов ва “Ҳундай Аванта”, таҳти идораи сокини 31-солаи ҷамоати ба номи Талбак Садриддинови ноҳияи Шаҳритӯс Доно Абдусамадов, мусофири 23-солаи “Ҳундай Аванта” дар роҳ ба бемористон ҷон бохта, як мусофири дигари ин мошин Муҳиддин Назаров, с.т. 1958 ва ҳамчунин ронандаи “Тойота” Ҷамшед Сулаймонов ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд.

Ҳамчунин шаби 27 апрел, тахминан соати 21, велосипедрон Абдураҳим Бобохонов, сокини 22-солаи ҷамоати Навбаҳори ноҳияи Кӯшониён дар ҳудуди деҳаи Ганҷинаи ҷамоати Меҳнатободи ин ноҳия зери чархи мошини “Опел Астра”, таҳти идораи сокини 67-солаи ҷамоати Навбаҳор Баҳром Абдуллоев монда, дар роҳ ба бемористон ҷон бохтааст.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ҷон бохта, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

Сокини 27-солаи ҷамоати Зиракии шаҳри Кӯлоб, ки қаблан ҳам барои дуздӣ ва тасарруфи ҳуҷҷатҳо маҳкум шуда буд, ин дафъа бо гумони дуздӣ дастгир шуд. Як зани 27-солаи сокини шаҳри Кӯлоб ба мақомоти милиса шикоят кардааст, ки рӯзи 14 апрел, тахминан соати 14:30 дуздон пинҳонӣ ба манзилаш даромада, як ангуштарини тиллоӣ ва як ҷуфт гӯшвори тиллоияшро дуздидаанд. Арзиши ҷавоҳироти гумшуда 4200 сомонӣ баровард шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button