ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

“МО БО БАРОДАРОНИ ТОҶИК ЗАБОН МЕЁБЕМ”: ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҚИРҒИЗИСТОН ДАР БОРАИ МУНОҚИШАҲО ДАР МАРЗ БО ТОҶИКИСТОН

Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон рӯзи 29 апрел бо нашри як паёми пурэҳсос дар саҳифааш дар Фейсбук пиромуни муноқишаҳои ахир дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон изҳори назар кард.

 «Аз тамоми сокинони Қирғизистон, пеш аз ҳама аз нирӯҳои сиёсӣ ва матбуот, дааъват мекунам, ки оромиро нигоҳ дошта, ба иғвоҳо дода нашаванд ва туъми душманиву адоватро барнаангезанд.

Мо бо бародарони тоҷиконамон забони умумӣ меёбем ва тамоми масъалаҳоро бо дарназардошти манфиатҳои ҳусни ҳамсоядорӣ ва оромиш дар сарзамини бостониамон ҳал хоҳем кард. Ҳоло онҳое хатарноканд, ки кӯшиш доранд, то аз дарун тухми низоъ бикоранд.

Тамоми нирӯҳои сиёсии дохилиро дар ин вазъияти барои кишвар мураккаб ба хештандорӣ даъват мекунам», – навиштааст Содир Ҷабборов дар паёмаш.

Муноқишаи нав дар марзи ҷамоати Чоркӯҳи Исфараи Тоҷикистон бо ҷамоати Оқсойи ноҳияи Бодканди Қирғизистон рӯзи 28 сентябр дар пайи насби видеокамераҳо дар сутунҳои барқ дар паҳлуи сарбанди оби “Головной” дар дарёи Исфара оғоз ёфта, рӯзи 29 апрел ба тирпарронӣ печид.

То ин соат дар бораи ҷароҳат бардоштани ҳудуди 30 нафар аз ҳарду тараф ва ҳалокати як сокини Қирғизистон бар асари ҷароҳатҳои дар ҷараёни муноқиша дар марз бардоштааш гузориш шудааст. Қирғизистон то кунун дар бораи захмӣ шудани 17 шаҳрвандаш хабар дода, ҷониби Тоҷикистон рӯзи 28 апрел аз ҷароҳат бардоштани 7 сокини деҳаи Хоҷаи Аъло дар ҷараёни сангпартоиҳо  ва рӯзи 29 апрел аз маҷруҳ шудани ду сокини маҳаллаи Сомониён (собиқ Майский) аз тири камони шикорӣ хабар дод. Амаков Оқил Юнусович, соли таваллудаш 1989,  соати 10:45 аз тири камони шикории сокинони рустои Кӯктоши ноҳияи Бодканд аз пешониаш ҷароҳат бардошта, дар ҳолати вазнин ба беморхонаи марказии шаҳри Исфара интиқол дода шуда, сокини дигари маҳаллаи Сомониён Самадов Саттор Қодирович, соли таваллудаш 1989, аз дасту пояш  ҷароҳат бардоштааст. Ӯ низ  дар беморхонаи марказии шаҳри Исфара бистарӣ карда шудааст.

Дар ҳамин ҳол, расонаҳои Қирғизистон хабар доданд, ки сокинони рустоҳои қирғизнишин рӯзи 29 апрел роҳи Оқсой – Ворух, ягона роҳеро, ки ин ҷамоатро бо боқӣ қаламрави Исфара мепайваст, масдуд кардаанд.

Садыр Жапаров

Кыргызстандын бардык жашоочуларын, биринчи кезекте саясий күчтөрдү жана жалпыга маалымдоо каражаттарын сабырдуулукка, чагымчылдыкка алдырбоого, кастыкты жана араздашууну козутпоого чакырам.

Биз тажик эли менен дайыма тил табышабыз, биздин ынак коңшулук кызыкчылыктарды эске алып жана ынтымакты сактоо менен гана бардык маселелерди чечебиз.

Азыр жаңжалды чыгарып, аны ичтен тутандырууга аракет кылгандар кооптондурат.

Өлкө үчүн мындай оңой эмес учурда бардык ички саясий күчтөрдү сабырдуулукка чакырам.

Призываю всех жителей Кыргызстана, прежде всего, политические силы и средства массовой информации, сохранять спокойствие, не поддаваться на провокации, не разжигать вражду и рознь.

Мы с таджикскими братьями всегда найдем общий язык и все вопросы решим только при соблюдении и с учетом добрососедских интересов и согласия на нашей древней земле. Сейчас опасны те лица, которые пытаются разжечь конфликт изнутри.

Призываю все внутриполитические силы к сдержанности в такой непростой для страны момент.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button