ФарҳангЧеҳраҳо

ДАРГУЗАШТИ АКСБАРДОРИ ШИНОХТАИ ТОҶИК АҲЛИДДИН ИСОЕВ

Аҳлиддин Исоев, аксбардори шинохтаи тоҷик рӯзи 29 апрел, ҳамагӣ ду моҳ пеш аз 70-солагиаш аз олам чашм пӯшид. Маросими намози ҷаноза ва дафни устоди аксбардорони тоҷик баъди намози пешин дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе доир мешавад.

Исоев Аҳлиддин Қудратуллоевич 3 июли соли 1951 дар ноҳияи Ленин (ҳоло – Рӯдакӣ)  ба дунё омада, соли 1970 баъди хатми омӯзишгоҳи касбӣ – техникии рақами 49-и шаҳри Душанбе (1970) дар рӯзномаи «Ҳақиқат»-и ноҳияи Ленин ба ҳайси хабарнигори аксбардор ба кор шурӯъ кардааст. Соли 1971 ба хидмати ҳарбӣ рафта, баъди бозгашт артиш дар вазифаҳои суратгири Маркази табиатшиносони ҷавони шаҳри Душанбе (1975 – 1977), мухбири суратгири рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (1977 – 1988), мухбири суратгири рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (ҳозира «Ҷумҳурият») (1988 – 2007) кор кардааст. Ҳамзамон аз соли 2001 то соли 2007 ба сифати мухбири суратгир дар рӯзномаи «Садои мардум» фаъолият дошт.

Аз соли 2007 пурра ба рӯзномаи «Садои мардум» ба кор гузашт ва соли 2017 аз ҳамин ҷо ба нафақа баромад.

Барои хизматҳои шоистааш  бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуда, соли 2013 ба унвони Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор гардидааст.

Аҳлиддин Исоев, инчунин узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абдулқосим Лоҳутӣ, Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button