ВидеоДин ва боварҳоМинтақа ва ҷаҳон

13 ҶАНГИИ ТОҶИКИ ДОИШ – ДАР ЗИНДОНҲОИ АФҒОНИСТОН

Аҳмадзиё Сурроҷ, раҳбари идораи амнияти миллии Афғонистон рӯзи 27 апрел гуфтааст, ки дар зиндонҳои давлатии Афғонистон дар ҳоли ҳозир 408 ҷангии хориҷии ДОИШ  аз 14 кишвари мухталиф дар ҳабс қарор доранд ва мақомоти Кобул бо ин 14 кишвар дар мавриди сарнавишти ин маҳбусон музокирот пеш мебарад. Ӯ ташреҳ надод, ки оё мавзӯи ин музокирот истирдоди ҷангиёнии дастгиршуда ба кишварҳои зодгоҳи онҳост ё мавзӯи дигар?

Ба гуфтаи Сурроҷ, 299 нафар аз доишиҳои дастгиршуда  зодагони Покистон ва беш аз 60 нафар аз Осиёи Марказӣ мебошанд, аз ҷумла 37 нафар  – аз Ӯзбекистон, 13 нафар  – аз Тоҷикистон ва 12 нафар 12 – аз Қирғизистон. Аҳмадзиё Сурроҷ бо зикри ин омор аз ҷомиаи ҷаҳонӣ хост, Афғонистонро дар набард ба зидди терроризм танҳо нагузоранд.

Раҳбари идораи амнияти миллии Афғонистон гуфт, беш аз 70 фоизи ҷангиёни зиндонии ДОИШ дар ин кишварро зодагони Покистон – 299  нафар аз ҷамъи 408 ҷангии зиндонӣ – ташкил медиҳанд. “Сабаб ин аст, ки вақте ДОИШ дар инҷо ташкил мешуд, 60 дарсади таркибаш покистониҳо буданд. Ба ҳамин далел, шумори онҳо бештар аст”, гуфт ӯ.

Баъди покистониҳо дар байни доишиҳои дастгиршуда дар Афғонистон аз ҳама бештар зодагони Ӯзбекистон будаанд: 37 нафар. Ҳамчунин дар Афғонистон  13 ҷангии ДОИШ аз Тоҷикистон ва 12 нафар  – аз Қирғизистон дастгир шудаанд.

Аҳмадзиё Сурроҷ гуфт, дар байни доишиёни зиндонишуда дар Афғонистон ҳамчунин 5 зодаи Русия ва 16 нафар аз зодагони Чин низ ҳастанд. Боқӣ доишиҳои дастгиршуда аз Урдун, Эрон, Туркия, Индонезия, Бангладеш, Ҳиндустон, Алҷазоир ва ҷазираҳои Малдив будаанд.

Қаблан бархе манобеи амниятӣ дар бораи баъди шикасти ДОИШ дар Ироқу Сурия аз Ховари Миёна ба шимоли Афғонистон, ба манотиқи ҳаммарз бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус ба наздикии марз бо Тоҷикистон интиқол ёфтани  ҷангиёни ин созмони террористӣ хабар медоданд. Гуфта мешуд, ки полковники тоҷик Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи собиқи ОМОН ВКД Тоҷикистон, ки соли 2015 ба Ховари Миёна фирор карда, ба ДОИШ пайваст ва то ба мақоми “вазири ҷанг”–и ин созмони байналмилалии террористӣ расид, низ ба шимоли Афғонистон омада, дар инҷо ба “аскаргирӣ” машғул аст. Талоши ба Афғонистон фирор кардани гуруҳе аз хешовандони наздики полковник Ҳалимов, ки дар роҳ ба сӯи марз дар ноҳияи Восеъ қисме кушта ва қисме дастгир шуданд, ба оташи ин ҳадсу гумонҳо равғани бештар рехт. Вале бо гузашти чанд сол кадом далели мувассақи ҳузури “вазири ҷанг”–и ДОИШ дар Афғонистон ба даст нарасид.

Аҳмадзиё Сурроҷ моҳе пеш ҳамчунин изҳор дошта буд, ки дар миёни ҷангиёни хориҷӣ дар шимоли Афғонистон ҷангиёни ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) низ ҳузур доранд.  Вале ҲНИТ ин изҳоротро рад кард ва гуфт, на дар Афғонистон ва на дар ҳеҷ кишвари дигар ягон сохтори ҳарбӣ надорад.

Аҳмадзиё Сурроҷ

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button