СОКИНИ ХОНАСӮХТАИ КӮКТОШРО ДАР РУСИЯ ДАСТГИР КАРДАНД
Сокини деҳаи Кӯктоши ноҳияи Бодканди Қирғизистон Эсен Мажитов рӯзи 18 апрел, баробари омаданаш ба Русия дар шаҳри Нижний Новгород бо дархости мақомоти Тоҷикистон боздошт шудааст. Дар Тоҷикистон Мажитовро ба таҳрик додани муноқишаи марзии рӯзи 8 майи соли 2020 дар марзи Кӯктош бо ҷамоати Чоркӯҳи Исфара айбдор мекунанд. Дар он муноқиша, ки ба тирпарронӣ аз силоҳҳои ҷангие, чун автомату миномёт печид, ду сокини Чоркӯҳ, як сокини Кӯктош ва се марзбони қирғиз ҷароҳат бардоштанд.
Рӯзи 27 апрел як гуруҳ дар назди бинои вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон дар Бишкек ҷамъ омада, талаб карданд, ки монеи истирдоди Мажитов ба Тоҷикистон шаванд. Ба гуфтаи наздиконаш, Эсен Мажитов на гунаҳкори муноқишаи як сол пеш, балки ҷабрдида аст, чунки дар ҷараёни муноқишаи хонаашро, ки дар хатти марз ҷойгир шудааст, сӯзонданд.
Эсен Мажитов дар шаҳри Нижний Новгороди Русия барои 40 рӯз, то замони баррасии парвандаи истирдодаш ба Тоҷикистон ба ҳабс гирифта шудааст. Дар ин бора ба пойгоҳи хабарии 24.kg вакили Жогорку Кенеш, парлумони Қирғизистон Бурун Амонова хабар дод.
Амонова гуфт, Эсен Мажитов рӯзи 18 апрел баробари омаданаш ба Русия дастгир кардаанд: «Эсен Мажитов аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон таҳти ҷустуҷӯ қарор доштааст. Ӯро барои 40 рӯз ба ҳабс гирифтанд. Намояндагиҳои ВКД ва Хадамоти муҳоҷирати Қирғизистон дар Русия аз ин ҳодиса дар ҷараён гузошта шудаанд. Эсен Мажитов адвокат гирифтааст ва барояш аз Бодканд тамоми санадҳои лозимро алакай фиристодаанд.”
Дар Тоҷикистон Мажитовро ба даст доштан дар бетартибиҳоти оммавӣ ва таҳрик додани муноқишаи марзии рӯзи 8 майи соли 2020 дар марзи Кӯктош бо ҷамоати Чоркӯҳи Исфара, яке аз ҷиддитарин танишҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар солҳои охир, айбдор мекунанд. Дар он муноқиша, ки ба тирпарронӣ аз силоҳҳои ҷангие, чун автомату миномёт печид, ду сокини Чоркӯҳ, як сокини Кӯктош ва се марзбони қирғиз ҷароҳат бардоштанд.
Аммо волидони Мажитов мегӯянд, ки писарашон на таҳрикдиҳанда, балки ҷабрдидаи он муноқиша буд, чунки рӯзи 8 май хонаи онҳоро ҳам, ки дар хатти марз бо Тоҷикистон ҷойгир шудааст, оташ заданд. Ба ақидаи волидонаш, Эсен Мажитов аз хонаи худ ҳимоят мекард. Ӯ баъдан тавонист бо кумаки мақомоти маҳаллӣ ва фаъолони қирғиз хонаашро барқарор кунад, вале девори атрофи ҳавлиашро, ки дар қитъаи баҳсии марз ҷойгир шудааст, сохта натавонист.
Рӯзи 27 апрел як гуруҳ дар назди бинои вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон дар Бишкек ҷамъ омада, аз мақомот талаб карданд, ки монеи истирдоди Мажитов ба Тоҷикистон шаванд.
«Агар онҳо он фарзандони моро, ки аз Ватани худ дифоъ мекунанд, ҳамчунон таъқиб кунанд ва агар халқу давлат ба ҳимояти онҳо барнахезад, пас насли ҷавон ҳамчун насли тарсу, беҷуръат ва бепарво ба воя хоҳад расид.. Эсен Мажитовро, ки ҳангоми муноқиша дар марзи Бодканд ба ҳимояти сарзамини худ бархост ва хонаашро тоҷикҳо оташ заданд, дар Русия ба далели аз ҷониби Тоҷикистон тавассути Интерпол таҳти ҷустуҷӯ қарор дода шуданаш дастгир шудааст. Аз вазорати хориҷа ва сафоратамон дар Маскав талаб мекунем, ки нисбат ба тақдири ҳамватанони мо бетараф набошанд”, — изҳор доштанд тазоҳургарон.
Мақомоти Қирғизистон низ иштироккунандагони тоҷики муноқишаҳо дар марз бо Тоҷикистонро дар Русия таъқиб мекунанд.
Моҳи феврали соли 2021 додгоҳи ноҳияи Кугарчини ҷумҳурии Бошқирдистон сокини ҷамоати Ворух Фурқат Абдуфаттоевро барои 3 моҳ ба ҳабс гирифт. Моҳи март сокини дигари Ворух Диловарҷон Ҷӯраев дар Новосибирск дастгир ва танҳо баъди бозпурсиаш раҳо шуд. Ҳардуи онҳо аз ҷониби мақомоти Қирғизистон бо иттиҳоми ширкат дар бетартибиҳои оммавӣ дар марзи Ворух бо Бодканд таҳти ҷустуҷӯ қарор доштаанд.
Бо гузашти қариб 30 сол аз фурӯ пошидани Иттиҳоди Шӯравӣ, аз 970 километр марзи байни ин ду кишвар то имрӯз танҳо чизе бештар аз 500 километраш пурра таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Бахши аъзами минтақаҳои баҳсӣ дар байни минтақаҳои Исфараву Бобоҷон Ғафуров ва Конибодоми Тоҷикистон ва ноҳияҳои Лайлак ва Бодканди вилояти Бодканди Қирғизистон ҷойгир шудаанд.