ВидеоТоҷикистонФарҳанг

ОШПАЗҲОИ ТОҶИК ДАР ЯК ДЕГ ЯКУНИМ ТОННА ОШИ ПАЛАВИ ХУҶАНДӢ ПУХТААНД (ВИДЕО)

Ошпазҳои моҳири тоҷик дар як деги гунҷоишаш 2 тонна  якуним тонна оши палави хуҷандӣ пухтаанд. Дар ин бора Pilaf,  як саҳифаи фейсбукие, ки дар Ӯзбекистон сохта шуда, худро ҳамчун “Ҷамъияти дӯстдорони оши палав” муаррифӣ мекунад, хабар дод.

Бино ба иттилои Pilaf, ошпазҳои тоҷик ин оши палави рекордиро рӯзи 10 апрели соли 2021, дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бар асоси фармоиш пухтаанд. Исми фармоишгар гуфта нашудааст, вале гуфта мешавад, ки барои чунин миқдори бузурги палав 400 кило биринҷ, 360 кило гӯшт, 500 кило сабзӣ, 130 литр равған, 220 литр об ва маҳсулоти дигар истифода шудааст.

Pilaf

1,5 тонны Худжанского плова от профессиональных таджикских ошпазов.

400 кг риса

360 кг мясо говядина

500 кг моркови

130 литров масла

220 литров воды

И т д.

В общей сложности 1,5 тонны получилось.

Приготовили 10 апреля 2021 года в 2 тонном казане по заказу.

Ошпазҳои Осиёи Марказӣ чанд сол боз барои пухтани миқдори рекордии ош байни худ мусобиқа мекунанд. Рекорди аз ҳама бузург дар пухтани ош моҳи сентябри соли 2017 дар Тошканд гузошта шуд. Дар як ҷашнвора дар пойтахти Ӯзбекистон дар як дег он вақт 7 тоннаву 360 кило оши палав пухта буданд, ки аксаран байни тамошобинон ва хонаҳои ятимон тақсим карда шуд.

Моҳи ноябри соли 2018 дар ҷашнвораи “Оши палав” дар шаҳри Душанбе дар як дег беш аз як тонна ош пухтанд. Вале дар вақти тақсими ин оши рекордӣ ҷанҷол бархост ва дар видеое, ки ба Интернет роҳ ёфт, дида мешуд, ки мардум барои гирифтани ош якдигарро тела дода, ҳар кадом бо лагану ҳатто каланд талош мекард, то миқдоре ош ба даст биорад. Видеои он “ҷанг барои ош” дар Интернет паҳн шуда, мавҷи интиқодҳои тунд ҳам аз ошхӯрон ва ҳам аз масъулони ҷашнвораро ба бор овард. Шаҳрдории Душанбе баъдан бо изҳори таассуф аз ин моҷаро гуфт, гунаҳкорони “бетартибӣ” дар Ҷашнвораи оши палав дар Боғи ба номи Фирдавсӣ ҷазо дода шуданд.

.В ноябре 2018 года в Душанбе на фестивале «Оши палав» в одном казане приготовили более одной тонны плова. Но во время раздачи рекордного плова люди устроили скандал, запись которого попал в Интернет. Мэрия Душанбе потом сообщила, что «виновные, устроившие беспорядки во время фестиваля, были наказаны.»

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button