ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

НОТАИ ЭЪТИРОЗИИ ТОҶИКИСТОН БА ҚИРҒИЗИСТОН ДАР МАВРИДИ БОЗДОШТИ ДУ СОКИНИ НОБОЛИҒИ ВОРУХ

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 28 апрел бо нашри як иттилоияи расмӣ др сомонааш хабар дод, ки рӯзи 27 апрел сафири Қирғизистон дар Душанбе Жаниш Рустенбеков ба вазорат даъват шуда, ба ӯ ёддошт ё нотаи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон супурда шуд. Дар ин ёддошт  дар робита ба “амалҳои ғайриқонунии марзбонони Ҷумҳурии Қирғизистон нисбат ба  ду шаҳрвнади ноболиғи Тоҷикистон дар ҷамоати Ворух” изҳори нигаронии амиқ баён шудааст.

Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода  дар мулоқот бо сафири Қирғизистон  чунин амалҳои ғайриқонуниро, ки боиси эҷоди шиддат дар манотиқи марзӣ мешаванд, ғайри қобили қабул номида, аз ҷониби Қирғизистон даъват кардааст, то ҷиҳати ба ҷавобгарӣ кашондани гунаҳкорон чораҳои оҷил андешида, аз натиҷаҳояш ҷониби Тоҷикистонро дар ҷараён бигузорад.

«Муовини вазир таъкид кард, ки ҷониби Тоҷикистон ба рушди пайгирони муносибатҳои дӯстиву ҳамсоядорӣ бо Қирғизистон дар шароити сулҳу субот ва ҳусни эҳтиром бар пояи анъаот ва арзишҳои муштараки маънавӣ ва фарҳангии ду халқи бародар пойбанд мебошад», – зикр шудааст дар иттилоияи расмии нашршуда дар сомонаи ВКХ Тоҷикистон.

Қаблан сокинони Ворух шикоят карданд, ки ду хонандаи мактаби ин ҷамоатро рӯзи 26 апрел марзбонони қирғиз дар мавзеи Ғорбобо дастгир кардаанд ва он ду кӯдакро латтукӯб кардаанд.

Вале Хадамоти марзбонии Қирғизистон рӯзи 28 апрел хабарҳо дар бораи боздошти ду кӯдак дар Ворухро “фейк” ва “беасос” номида, рад карда буд.

Вақтҳои охир муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дучори таниш шудааст. Танҳо дар ҳафтаи равон ин алакай дуюмин мавриди нотасупорӣ байни Бишкек ва Душанбест.

Рӯзи 26 апрел сафири Тоҷикистон дар Бишкек Назирмад Ализодаро низ ба вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон даъват карда, ба дасташ нота, ё ёддошти эътирозии ВКХ Қирғизистон дар робита ба гум шудани ду сокини ноҳияи Лайлаки вилояти Бодкандро супурда буданд. Ду сокини ноҳияи Лайлак шаби 24 апрел дар наздикии марз бо Тоҷикистон гум шуданд. Шоми 24 апрел маълум шуд, ки онҳоро марзбонони тоҷик боздошт кардаанд. Бишкек дар нотааш Тоҷикистонро ба “рабудан”-и он ду шаҳрвандаш айбдор карда, аз Душанбе хост, ки қазияро таҳқиқ карда, гунаҳкоронро ба ҷавобгарӣ бикашонад ва ба чунин иқдомҳое, ки метавонанд боиси ба ҳам задани вазъ дар марзи ду кишвар шаванд, роҳ надиҳад.  

Бо гузашти қариб 30 сол аз фурӯ пошидани Иттиҳоди Шӯравӣ, аз 970 километр марзи байни ин ду кишвар то имрӯз танҳо чизе бештар аз 500 километраш пурра таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Бахши аъзами минтақаҳои баҳсӣ дар байни минтақаҳои Исфараву Бобоҷон Ғафуров ва Конибодоми Тоҷикистон ва ноҳияҳои Лайлак ва Бодканди вилояти Бодканди Қирғизистон ҷойгир шудаанд.

Яке аз нуқтаҳои доғтарини ин марз байни деҳаи Хоҷаи Аълову ҷамоати Ворухи Тоҷикистон ва ҷамоати Оқсойи Қирғизистон ҷойгир шудааст.

Моҳи марти соли ҷорӣ як мақоми баландпояи Қирғизистон гуфт, ба Тоҷикистон пешниҳод кардаанд, ки қаламрави ҷамоати Ворухро, ки аз 4 тараф дар дохили марзи Қирғизистон дармондааст, бо 12 ҳазор гектар замин аз дигар қисматҳои вилояти Бодканд иваз кунад. Вале президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 9 апрел аз Ворух боздид кард, гуфт, тайи 19 соли музокироти марзӣ бо Қирғизистон масъалаи иваз кардани Ворух ягон бор матраҳ нашудааст ва матраҳ нахоҳад шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button