ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ СОКИНИ КӮШОНИЁН БАРОИ МУНОҚИШАИ ХУНИН БО ҲАМДЕҲААШ ДАР РУСИЯ

Мақомоти милисаи ноҳияи Кӯшониён Давлатшоҳ Мирзоев, сокини 31-солаи ҷамоати Заргари ин ноҳияро, ки дар ҷустуҷӯ қарор дошт, баъди  5 сол дастгир кардаанд. Подполковник Офоқ Қодириён, сухангӯи РВКД вилояти Хатлон хабар дод, ки Давлатшоҳ Мирзоев барои содир намудани ҷинояти касдан расонидани зарари вазнин ба саломатии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми дар Русия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанаш айбдор дониста шуда, дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт. Бино ба ин манбаъ, Давлатшоҳ Мирзоев 1 феврали соли 2016 дар Русия аз рӯи хусумати шахсӣ ба ҳамдеҳааш, Ҳакимов Одилҷон, сокини ноҳияи мазкур, ҷамоати деҳоти Заргар, муноқиша кардааст. Дар ҷараёни муноқиша ӯ бо корд ду маротиба ба ҳамдеҳааш зарба зада, ба саломатиаш зарари вазнин расонидаву аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.
Ҳоло нисбат ба Мирзоев Давлатшоҳ бар асоси  моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба ӯ аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.

Шоми 26 апрел, тахминан соати 18:50, Хайрулло Ҷабборов, ронандаи “Опел-Вектра”, сокини 51-солаи ҷамоати Меҳвари ноҳияи Панҷ дар роҳи Панҷ – Бохтар  аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Тошова Меҳринигор Мирзоевна, сокини 23-солаи ҷамоати Ватани ноҳияи Фархорро пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагард ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Сокини 42-солаи қаблан судшудаи ҷамоати Саразми Панҷакент ба ғоратгарӣ айбдор мешавад. ВКД гуфт, ки ӯ шаби 9 март, тахминан соати 20:20 дар деҳаи Шӯрнови ҷамоати Саразм телефони мобил ва як миқдор пули сокини 30-солаи ҷамоати Роҳатии ноҳияи Рӯдакиро бо зӯрӣ кашида гирифтааст. Ба марди дастгиршуда, ки қаблан бар асоси моддаи 111 бо иттиҳоми расондани осеб ба саломатӣ маҳкум шуда буд, ин дафъа бар асоси қисми дуюми моддаи 248-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ҳамчун ҷазо барои ғоратгарӣ аз 5 то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.

Аз навори хабарҳои рӯзи 28 апрели маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ҳеч кирдори ҷиноятӣ бе ҷазо намемонад!

Саҳми кормандони милитсия дар дастгир кардани ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарордошта назаррас буда, бо мақсади пешгирӣ ва паст намудани сатҳи ҷинояткорӣ, таъмини амният ва суботи комили ҷомеа тамоми чораҳо андешида мешаванд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Кӯшониён, шахси дар кофтуков буда Мирзоев Давлатшоҳ, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Кӯшониён, ҷамоати деҳоти Заргар, ҳангоми дар Федератсияи Россия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанаш, барои содир намудани ҷинояти касдан расонидани зарари вазнин ба саломатии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон айбдор дониста шуда, дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт, дастгир карда шуд.
Номбурда, рӯзи 1-уми феврали соли 2016 аз рӯи хусумати шахсӣ ба ҳамдеҳааш, Ҳакимов Одилҷон, сокини ноҳияи мазкур, ҷамоати деҳоти Заргар, муноқиша намуда, бо корд ду маротиба ба ӯ зарба зада, ба саломатиаш зарари вазнин расонидаву аз ҷои ҳодиса ғайб мезанад.
Дуруст аст, ки гуфтаанд, ҳеҷ кирдори ҷиноятӣ бе ҷазо намемонад.
Нисбати Мирзоев Давлатшоҳ дар шуъбачаи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Кӯшониён парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Офоқ Қодириён, подполковники милитсия.

Рух додани садамаи нақлиёти марговар

Рӯзи 26-уми апрели соли 2021, тахминан соати 18:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, Ҷабборов Хайрулло Ғафурович, соли таваллудаш 1970, сокини ҷамоати деҳоти Меҳвари ноҳияи Панҷ, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти ноҳияи Панҷ ба самти шаҳри Бохтар, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти С.Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Тошова Меҳринигор Мирзоевна, соли таваллудаш 1998, сокини ҷамоати деҳоти Ватани ноҳияи Фархорро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Тошова М.М. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Боздошт гардидани марди 42-сола бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Панҷакент бо ариза марди 30-солаи сокини ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки 9-уми марти соли 2021, тахминан соати 20:20-дақиқа, ҳангоми дар деҳаи Шурнови ҷамоати деҳоти Саразми шаҳри Панҷакент қарор доштанаш, шахси номаълум бо роҳи ошкоро бо истифодаи зӯроварӣ бо корди хоҷагии дар дасташ буда, ӯро таҳдид ва лату кӯб намуда, аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг” ва каме маблағро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 42-солаи сокини ҷамоати деҳоти Саразм, ки пеш бо моддаи 111 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 248 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button