БО АРОБАЧА БУРДА МЕОРАНД: НИГАРОНИИ ҲСДТ ВА НАЗДИКОНИ МАҲМУРОД ОДИНАЕВ АЗ САЛОМАТИИ Ӯ ДАР ЗИНДОН (ВИДЕО)
Ҳамсари собиқи Маҳмурод Одинаев ва раиси Ҳизби мухолифи сотсиал-демократи Тоҷикистон аз вазъи саломатии Одинаев дар зиндон изҳори нигаронӣ кардаанд. Меҳрнигор Ризоева гуфт, то ҳол иҷозати аёдат аз Одинаевро дар зиндон пайдо накардаанд, вале аз хабарҳои пароканда шунидаанд, ки вазъаш хуб нест ва бо аробачаи маъюбӣ ҳаракат мекунад.
Раҳматулло Зоиров, раиси ҲСДТ ба Радиои Озодӣ гуфт, бино ба иттилои онҳо, Одинаев роҳ гашта наметавонад: “Одинаевро аз ҳуҷраи хоб то назди пизишкон бо аробачаи маъюбӣ бурда меоранд. Ба хотири бад будани вазъи саломатиаш, наметавонад дар мурофиаи додгоҳии зинаи кассатсионӣ ширкат кунад. Ҳозир дар СИЗО аст, ба беморхона бурда меоранд. Мурофиаи судӣ дар Суди олӣ нашуд, ӯро ба табобат бурданд.”
Як намояндаи Боздоштгоҳи № 1 бо шарти зикр накардани номаш гуфт, аз бад шудани вазъи саломатии Маҳмурод Одинаев дар рӯзҳои охир хабар надорад. Вале, ба гуфтаи ӯ, “саломатии Одинаев аз рӯзи аввал, ки дар боздоштгоҳ (СИЗО) қарор дорад, барқарор нашудааст.”
Маҳмурод Одинаев моҳи ноябри соли 2020 дар пайи эътирози рӯзи 29 октябраш дар назди комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор ва сипас, дархости баргузории як гирдиҳамоии эътирозӣ алайҳи болоравии нархҳо дар Душанбе дастгир шуд. Алакай моҳи январи соли 2021 бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ муовини раиси ҲСДТ ба 14 соли зиндон маҳкум шуд. Аммо азбаски Одинаев аз ин ҳукм ба Додгоҳи олӣ шикоят бурдааст, ӯ то ҳол дар боздоштгоҳи №1 қарор дорад ва ҳанӯз ба маҳбас интиқол дода нашудааст.
Ҳамроҳ бо Маҳмурод Одинаев писараш Шайхмуслиҳиддин Ризоев низ дар боздошт қарор дорад. Ӯ ба авбошӣ ва қасди таҷовуз ба номус айбдор мешавад. Вале наздиконаш мутмаинанд, ки ӯ бо иттиҳомоти сохта боздошт шудааст ва парвандааш ба фаъолиятҳои сиёсии падараш рабт дорад.
“Бо аробача бурда меоранд.” ҲСДТ ва ҳамсари Маҳмурод Одинаев аз саломатии ӯ дар зиндон нигаронанд. ВИДЕО
- Муллораҷаб Юсуфӣ
- Шаҳлои Абдуллоҳ, Радиои Озодӣ
Масъулони Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон гуфтанд, ки вазъи саломати Маҳмурод Одинаев, муовини пешини раиси ҳизб дар боздоштгоҳ бад шудааст. Як намояндаи боздоштгоҳ хабарро тасдиқ кард ва гуфт, “Одинаев зери назорати пизишкон аст”.
Маҳмурод Одинаев рӯзи 28-уми январи имсол ба 14 сол зиндон маҳкум шуд ва дар Боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и рақами 1-и Душанбе нигоҳдорӣ мешавад.
“Роҳ гашта наметавонад“
Меҳрнигор Ризоева, ҳамсари собиқи Маҳмурод Одинаев, мегӯяд, се моҳ боз аз вазъи ӯ ва писараш дар боздоштгоҳ хабар надорад.
Ӯ ягона шахсе будааст, ки ба гуфтаи худаш барои Маҳмурод Одинаев ба боздоштгоҳ ғизо мебарад. Мегӯяд, кормандони боздоштгоҳ ғизоро мегиранд, вале на шавҳари собиқ ва на писарашро ба ӯ нишон намедиҳанд. Дар бораи саломатии Маҳмурод Одинаев танҳо аз хабарҳои пароканда шунидааст.
“Мегӯянд, ки саломатиаш он қадар хуб нест. Дар аробача бурда меоранд. Мо ҳам фаҳмидем, ки саломатиаш хуб нест, сари бачаамро зада кафондаанд. Мегӯянд, аз Суди олӣ иҷозатнома гиред, баъд метавонед онҳоро бинед“, — афзуд Меҳрнигор Ризоева.
Наворро дар ин ҷо бинед:
Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, низ гуфт, ба маълумоти дарёфтии онҳо, вазъи саломатии муовинаш дар боздоштгоҳ “бад аст”. Ҳам ӯ ва ҳам наздикони Одинаев дар посух ба ин суол, ки ба ӯ чӣ шудааст№, гуфтанд, “наметавонад роҳ гардад.”
Ба қавли Зойиров, “Одинаевро аз ҳуҷраи хоб то назди пизишкон бо аробачаи маъюбӣ бурда меоранд. Ба хотири бад будани вазъи саломатиаш, наметавонад дар мурофиаи додгоҳии зинаи кассатсионӣ ширкат кунад. Ҳозир дар СИЗО аст, ба беморхона бурда меоранд. Мурофиаи судӣ дар Суди олӣ нашуд, ӯро ба табобат бурданд.”
Мақомот шарҳ надоданд
Мақомот расман дар бораи вазъи саломати Маҳмурод Одинаев чизе намегӯянд. Талошҳои Радиои Озодӣ барои фаҳмидани назари роҳбарияти Идораи зиндонҳо дар ин замина бенатиҷа анҷомид.
Танҳо як намояндаи Боздоштгоҳи рақами 1 бо шарти зикр накардани номаш гуфт, аз ин ки саломатии Маҳмурод Одинаев дар рӯзҳои охир вазнин шуда бошад, хабар надорад. Вале, ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, “саломатии Одинаев аз рӯзи аввал, ки дар боздоштгоҳ (СИЗО) қарор дорад, барқарор нашудааст.”
Худи Маҳмурод Одинаев дар вақти эълони ҳукм дар додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ рост истода наметавонист ва гуфта буд, дар натиҷаи шиканҷа сутунмуҳрааш сахт осеб дидааст. Вале Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ, шиканҷа шудани Одинаевро рад кард.
Мақомот муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократро ба “авбошӣ” ва “даъват ба сарнагунии ҳокимият” айбдор карданд. Маҳмурод Одинаев ва пайвандонаш иттиҳомро беасос дониста гуфтанд, қазияи ӯ сиёсӣ аст.
Ҳамроҳ бо Маҳмурод Одинаев писари ӯ Шайхмуслиҳиддин Ризоев ҳам дар боздоштгоҳи Душанбе аст. Ризоев бо иттиҳоми “авбошӣ” ва “кӯшиши таҷовуз ба номус” ба 6 сол зиндон маҳкум шудааст. Ҳарчанд пайвандонаш иттиҳомро бепоя хонда мегӯянд, ӯ қурбони фаъолиятҳои сиёсии падараш шудааст.
Дар шароите ки мақомот расман вазъи саломатии Маҳмурод Одинаевро шарҳ намедиҳанд, дақиқ нест, муовини раиси ҲСДТ дар боздоштгоҳ чӣ аҳвол дорад. Пайвандонаш мегӯянд, аҳволи онҳо низ дар озодӣ чандон хуб нест ва таъмини ду нафар дар зиндон барояшон рӯз то рӯз мушкилтар мешавад.