ВидеоСиёсатТоҷикистон

ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОН: КӢ РАФТУ КӢ ОМАД? (14 AKC)

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 27 апрел дар сохторҳои вазорати корҳои хориҷӣ, вазорати маориф ва илм, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Хадамоти зиддиинҳисорӣ намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди созмонҳои байналмилалӣ ва дар сохторҳои низомӣ як силсила тағйироти кадрӣ анҷом дода,  бо кадрҳои навтаъйин мулоқот кард.

Аз ҷумла бо фармонҳои президент аз 27 апрел, “бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон” Имомӣ Содиқ Ашӯрбойзода аз мақоми сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва Исроил ва Маҳмадаминов Маҳмадин Бозичаевич аз мақоми намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милал озод карда шудаанд. Исми сафири нави Тоҷикистон дар Тошканд ва ҳамчунин ба кадом кори дигар гузаштани Маҳмадаминов ҳанӯз маълум нест, вале дар иттилои расмӣ гуфта мешавад, ки Ҳикмат Ҷонибек Исмоил бо фармони президент Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милал дар Ню-Йорк таъйин шуда, Содиқ Имомӣ, Шерализода Шараф Аҳмадҷон ва Фарҳод Салим, писари Абдулмаҷид Достиев, ки то кунун сафири Тоҷикистон дар Амрико буд,  бо қарорҳои ҳукумат муовинони вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъйин шудаанд.

Ҳамчунин бо фармонҳои президент Давлатзода Муродулло Исмат бинобар сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи мудири Маркази исломшиносии Тоҷикистон озод карда шуда, ба ҷои ӯ Холиқзода Абдураҳим Ғафор раҳбари нави ин муассисаи вобаста ба президент таъйин шудааст.

Бо қарорҳои ҳукумат, Зуҳурзода Саид Холаҳмад, амакбачаи Бег Сабур бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сардори Хадамоти назорати давлатии истифодаи амволи давлатии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Музаффарзода Дилшод Музаффар  ва Зайдулло Мӯсозода аз мақомҳои муовини аввал ва муовини сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Аҳмадзода Орзу Ҳусейн аз вазифаи муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Назирӣ Латофат Қаҳор бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи муовини Вазири маориф ва илм озод карда шуданд.

Аҳмадзода Орзу ба ҷои Саид Зуҳурзода роҳбари нави Хадамоти истифодаи амволи давлатӣ таъйин шуда, мудири мактаби №34 шаҳри Душанбе Ғанизода Гулчеҳра Самӣ муовини Вазири маориф ва илм,  Зуҳурзода Саид Холаҳмад, амакбачаи Бег Сабур   ва Мирзо Хуршед Файзуллозода, яке аз нафарони хеле наздик ба шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ, мутаносибан муовин ва муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таъйин шудаанд.

Ҳамчунин бо қарорҳои ҳукумат  Қурбонзода Сафаралӣ Нуралӣ муовини якуми сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва Солеҳзода Ширин Буҳор муовини сардори ин ниҳод таъйин гардида, Раҳимзода Сайфидин Исмон муовини якуми директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» таъин шудааст.

Ҳамчунин бо амрҳои президент Шермуҳаммад Раҷабзода, ки яке аз тарҷумонҳои доимии Эмомалӣ Раҳмон аст, бо сабаби ба кори дигар гузаштан, аз мақоми муовини сардори Хадамоти ташрифот ё протоколи президент ва Муҳаммадшариф Бобошоҳзода аз мақоми муовини шуъбаи амнияти иттилооии котиботи Шӯрои амният озод карда шуда, Шермуҳаммад Раҷабзода бо як амри дигар сардори Хадамоти ташрифот таъйин гардидааст.

Бино ба гузориши хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон  дар мулоқот бо кадрҳои навтаъйиншуда аз вазъи имрӯзаи мураккабу печидаи сиёсиву иқтисодии ҷомеаи ҷаҳонӣ, пешгирии паҳншавии ақидаҳои ифротгароёна ва тағирёбии иқлим ёдовар шуда, таъкид кардааст, ки онҳо бояд аз манфиатҳои миллӣ ҳимоят карда, дар мақомҳои худ бо виҷдони пок ва бо садоқат ба арзишҳои миллӣ хидмат кунанд ва “манфиатҳои давлату миллатро аз дигар манфиатҳо боло гузоранд.”

«Бо ҳисси баланди масъулият, содиқона ва поквиҷдонона хизмат кардан ба халқу Ватани худ аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар як хизматчии давлатӣ ба ҳисоб меравад,» – таъкид намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фарҷоми суҳбат.

Таъиноти кадрӣ  27.04.2021

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Шермуҳаммад Раҷабзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини сардори Хадамоти ташрифоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
27 апрели соли 2021
№АП-57

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бобошоҳзода Муҳаммадшариф Сангинмурод бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи машваратчии шуъбаи амнияти иттилоотӣ, пешгӯӣ ва робитаи байналмилалии котиботи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
27 апрели соли 2021
№АП-58

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Шермуҳаммад Раҷабзода сардори Хадамоти ташрифоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
27 апрели соли 2021
№АП-59

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон
озод намудани Имомӣ С.А.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :

Имомӣ Содиқ Ашурбойзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ҳамзамон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Исроил озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
27 апрели соли 2021
№162

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи директори муассисаи давлатии
«Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон» озод намудани Давлатзода М.И.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Давлатзода Муродулло Исмат бинобар сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи директори муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
27 апрели соли 2021
№163

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи Намояндаи доимии
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳид
озод намудани Махмадаминов М.Б.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :

Маҳмадаминов Маҳмадамин Бозичаевич бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳид озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
27 апрели соли 2021
№164

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи директори муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ
дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»
таъин намудани Холиқзода А.Ғ.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Холиқзода Абдураҳим Ғафор директори муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
27 апрели соли 2021
№165

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Намояндаи доимии Ҷумҳурии
Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳид
таъин намудани Ҳикмат Ҷ.И.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :

Ҳикмат Ҷонибек Исмоил Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳид таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
27 апрели соли 2021
№166

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 27 апрели соли 2021 №127
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Назирӣ Л.Қ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Назирӣ Латофат Қаҳор бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 27 апрели соли 2021 №128
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини якуми Раиси
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи
амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Шерализода Ш.А.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Шерализода Шараф Аҳмадҷон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 27 апрели соли 2021 №129
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини Раиси Кумитаи давлатии
сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии
Тоҷикистон озод намудани Аҳмадзода О.Ҳ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Аҳмадзода Орзу Ҳусейн бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 27 апрели соли 2021 №130
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи сардори Хадамоти назорати давлатии
истифодаи амволи давлатии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ
ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Зуҳурзода С.Х.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Зуҳурзода Саид Холаҳмад бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сардори Хадамоти назорати давлатии истифодаи амволи давлатии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 27 апрели соли 2021 №131
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини якуми сардори Хадамоти
зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Музаффарзода Д.М.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Музаффарзода Дилшод Музаффар бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 27 апрели соли 2021 №132
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини сардори Хадамоти
зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Мусозода Зайдулло

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Мусозода Зайдулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 27 апрели соли 2021 №133
ш. Душанбе

Дар бораи муовини Вазири
корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Шерализода Ш.А.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Шерализода Шараф Аҳмадҷон муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 27 апрели соли 2021 №134
ш. Душанбе

Дар бораи муовини Вазири
корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Салим Фарҳод

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Салим Фарҳод муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 27 апрели соли 2021 №135
ш. Душанбе

Дар бораи муовини Вазири
корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Имомӣ С.А.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Имомӣ Содиқ Ашурбойзода муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 27 апрели соли 2021 №136
ш. Душанбе

Дар бораи муовини Вазири маориф
ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Ғанизода Г.С.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ғанизода Гулҷеҳра Самӣ муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 27 апрели соли 2021 №137
ш. Душанбе

Дар бораи муовини якуми Раиси
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи
амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Мирзо Х.Ф.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Мирзо Хуршед Файзуллозода муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 27 апрели соли 2021 №138
ш. Душанбе

Дар бораи муовини Раиси Кумитаи давлатии
сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии
Тоҷикистон таъин намудани Зуҳурзода С.Х.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Зуҳурзода Саид Холаҳмад муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 27 апрели соли 2021 №139
ш. Душанбе

Дар бораи муовини якуми сардори Хадамоти
зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Қурбонзода С.Н.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қурбонзода Сафаралӣ Нуралӣ муовини якуми сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button