Ширкатҳои ҳавопаймоии Русия бо ирсоли нархномаҳои навашон ба Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон нархи парвозҳо ба Русияро хеле арзонтар кардаанд. Тибқи нархномаи нав, нархи парвозҳо бо ҳавопаймоҳои ширкатҳои Уралские авиалинии”, “Ютэйр”, “Сибир” ва “Северний ветер” аз ин ба баъд аз 3 ҳазор то 8500 сомониро ташкил хоҳад дод. То чанд рӯзи пеш нархи парвозҳо аз Тоҷикистон ба Русия то 17 ҳазор сомонӣ хеста, мавҷи норозигии ҳазорон мардуми хоҳишманди сафар ба Русияро дар Тоҷикистон барангехта буд. Дар пайи ин, рӯзи 22 апрел мақомоти авиатсионии Тоҷикистон аз ширкатҳои ҳавопаймоии Русия талаб карданд, ки дар байни ду рӯз нархҳояшонро пойин биоранд, вагарна аз ҳаққи анҷоми парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон маҳрум карда хоҳанд шуд.
Икром Субҳонзода, мудири Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон рӯзи 27 апрел ба хабаргузории русии “Спутник Тоҷикистон” гуфт, ҳамаи 4 ширкати ҳавопаймоии Русия – “Уралские авиалинии”, “Ютэйр”, “Сибир” ва “Северний ветер”, ки ҳамарӯза аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои мухталифи Русия парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳанд, нархномаи худро пешниҳод кардаанд.
“Бино ба асноде, ки онҳо пешниҳод кардаанд, нархи як чипта аз 3 то 8, 5 ҳазор сомонӣ арзиш дошта, нархи миёнаи арзиши чипта барои парвоз ба самти Русия 6 – 6,5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ин нархҳо аз дуриву наздикии манотиқе вобаста аст, ки ба онҳо парвоз анҷом дода мешавад. Ширкатҳо ҳуқуқ надоранд, ки чиптаро аз ин зиёд бифрӯшанд”, – гуфтааст Икром Субҳонзода.
Русия аз 1 апрел ба парвози ҳавопаймоҳо аз Тоҷикистон иҷозат дод. Баъди ин даҳҳо ҳазор аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки як сол боз ба сабаби пандемияи коронавирус барои мардикорӣ ба Русия рафта наметавонистанд, ба кассаҳои фурӯши чиптаҳои парвоз фурӯ рехтанд. Ширкатҳои ҳавопаймоӣ бо сӯиистифода аз фурсат нархҳоро чанд маротиба бардоштанд. Ба гуфтаи сокинон, нархи парвоз аз Душанбе ба Уфаву Қазон, барои мисол, ба 12-13 ҳазор сомонӣ ва ба Маскаву Санкт- Петербург то ба 17 ҳазор сомонӣ хест. Ва ин ҳам фақат барои парвоз ба як тараф! Ин дар ҳолест, ки барои муқоиса, нархи парвоз аз Истанбул то Канада бо бозгашташ бо ҳисоби пули тоҷикӣ ҳамагӣ 7450 сомониро ташкил медиҳад. Яъне тақрибан 6 маротиба арзонтар аз нархи парвози як тоҷик то ба Русия.
Рӯзи 22 апрел дар як ҷаласаи Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон масъалаи нархҳои аз ҳад баланди парвозҳо ба Русия, ки мавҷи норозигии сокинонро барангехт, баррасӣ шуд. Cардори Агентии авиатсияи гражданӣ Икром Субҳонзода гуфт, дар ин ҷаласа ба ширкатҳои ҳавопаймоии Русия ду рӯз фурсат додаанд, ки нархҳоро поён баранд, вагарна аз ҳаққи анҷоми парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон маҳрум карда хоҳанд шуд. Ин ширкатҳоро ҳамчунин муваззаф кардаанд, ки ҳар моҳ ба мақомоти Тоҷикистон дар бораи нархи парвозҳояшон ба Русия маълумотнома пешниҳод кунанд.
Икром Субҳонзода гуфт, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ширкатҳои ҳавопаймоии Русия дар пайи афзоиши шумораи хоҳишмандони сафар аз Тоҷикистон ба Русия “нархи чиптаҳояшонро беҳад боло бурданд.” «Мардум барои харидани чипта бо чунин нархи баланд маҷбур аст, ки ҳатто аз бонк қарз бигирад ва ин вазъияти молиявии мардумро вазнинтар мекунад. Ин ҳамчунин боиси норозигии аҳолӣ аз нархҳои баланди парвозо шудааст. Ширкатҳо бояд ба ҷои боло бурдани нарх шумори парвозҳои чартериашро афзоиш диҳанд,” – таъкид карда буд Субҳонзода.
Ширкатҳои ҳавопаймоии Русия дар ҳоле маҷбур ба коҳиши нархи чиптаҳо аз Тоҷикистон шуданд, ки бар асоси қарори ҳукумати Русия №963 аз 14 апрел, шаҳрвандони кишварҳое, ки ҳаққи вуруд ба қаламрави Русияро доранд, аз ин ба баъд метавонанд тавассути ҳар кишварҳои дигаре, ки бо Русия иртиботи ҳавоӣ дорад, вориди Русия шаванд. То кунун ба шаҳрвандони хориҷӣ танҳо аз кишвари худашон ҳаққи парвоз ба Русия дода мешуд, вале акнун ин маҳдудият барои онҳо бардошта шуд.
Шаҳрвандони Тоҷикистон низ аз ин ба баъд метавонанд тавассути кишварҳои сеюм ё аз дигар кишварҳо ба Русия парвоз кунанд. Ин сабукӣ барои сокинони Тоҷикистон бавижа барои он муҳим аст, ки ширкатҳои ҳавопаймоие, ки аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои Русия парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳанд, бо сӯиистифода аз гармии бозор нархи чиптаҳои худро чанд маротиба боло бурда, мавҷи норозигии мардумро ба бор оварданд.