ВидеоТоҷикистон

САРХАТИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 27 АПРЕЛИ СОЛИ 2021 (ВИДЕО)

Хулосаи хабарҳои муҳими ceшанбе, 27 апрели Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.  Дар ин барнома:

ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОН: КӢ РАФТУ КӢ ОМАД?  

ИМОМИ МАСҶИДИ ЯККАЧАНОРРО АЗ БОЗДОШТ ОЗОД КАРДААНД

ДАР  САДАМАИ “СТАРЕКС” ДАР НОҲИЯИ ДӮСТӢ  2 НАФАР ҲАЛОК ВА 10 ТАН ЗАХМӢ ШУДААНД

БАРОИ 5 ҲАЗОР СОМОНӢ… ҚАТЛИ БЕРАҲМОНАИ ҲАМСАРИ СОБИҚ ДАР ТЕППАҲОИ ФАЙЗОБОД

ХОНАНДАИ СИНФИ 7 АЗ ПАНҶАКЕНТ ТРАКТОРИ ҲАМАКОРА СОХТААСТ

МУСОДИРАИ 78 ҶУФТ МАҲСӢ БО ТАМҒАИ … REEBOK АЗ  ЯК МУСОФИРИ ПАРВОЗИ ХУҶАНД –  СУРГУТ

ҚАДРДОНӢ АЗ ДОНИШҶӮ ЗАФАРИ НУРАЛӢ БАРОИ НАҶОТИ ҶОНИ ЯК ДУХТАР

МАРГИ ШИКОРЧИИ АФҒОН ДАР ДАРЁИ ПАНҶ. ҶАСАДИ ӮРО АЗ ТОҶИКИСТОН ЁФТАНД

ҚИССАИ ИЛЁС – ЁРДАМЧИИ ТОҶИКИ ҲУНАРПЕШАИ МАШҲУРИ РУСИЯ МАРАТ БАШАРОВ

Ва акнун тафсилоти хабарҳо:

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 27 апрел дар сохторҳои ҳукумат як силсила тағйироти кадрӣ анҷом дода,  бо кадрҳои навтаъйин мулоқот кард.

Аз ҷумла бо фармонҳои президент аз 27 апрел, “бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон” Имомӣ Содиқ Ашӯрбойзода аз мақоми сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва Исроил ва Маҳмадаминов Маҳмадин Бозичаевич аз мақоми намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милал озод карда шудаанд. Исми сафири нави Тоҷикистон дар Тошканд ва ҳамчунин ба кадом кори дигар гузаштани Маҳмадаминов ҳанӯз маълум нест, вале дар иттилои расмӣ гуфта мешавад, ки Ҳикмат Ҷонибек Исмоил бо фармони президент Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милал дар Ню-Йорк таъйин шуда, Содиқ Имомӣ, Шерализода Шараф Аҳмадҷон ва Фарҳод Салим, писари Абдулмаҷид Достиев, ки то кунун сафири Тоҷикистон дар Амрико буд,  бо қарорҳои ҳукумат муовинони вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъйин шудаанд.

Таъиноти кадрӣ  27.04.2021

Ҳамчунин бо фармонҳои президент Давлатзода Муродулло Исмат бинобар сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи мудири Маркази исломшиносии Тоҷикистон озод карда шуда, ба ҷои ӯ Холиқзода Абдураҳим Ғафор раҳбари нави ин муассисаи вобаста ба президент таъйин шудааст.

Бо қарорҳои ҳукумат, Зуҳурзода Саид Холаҳмад, амакбачаи Бег Сабур бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сардори Хадамоти назорати давлатии истифодаи амволи давлатии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Музаффарзода Дилшод Музаффар  ва Зайдулло Мӯсозода аз мақомҳои муовини аввал ва муовини сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Аҳмадзода Орзу Ҳусейн аз вазифаи муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Назирӣ Латофат Қаҳор бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи муовини Вазири маориф ва илм озод карда шуданд.

Аҳмадзода Орзу ба ҷои Саид Зуҳурзода роҳбари нави Хадамоти истифодаи амволи давлатӣ таъйин шуда, мудири мактаби №34 шаҳри Душанбе Ғанизода Гулчеҳра Самӣ муовини Вазири маориф ва илм,  Зуҳурзода Саид Холаҳмад, амакбачаи Бег Сабур   ва Мирзо Хуршед Файзуллозода, яке аз нафарони хеле наздик ба шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ, мутаносибан муовин ва муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таъйин шудаанд.

Ҳамчунин бо қарорҳои ҳукумат  Қурбонзода Сафаралӣ Нуралӣ муовини якуми сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва Солеҳзода Ширин Буҳор муовини сардори ин ниҳод таъйин гардида, Раҳимзода Сайфидин Исмон муовини якуми директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» таъин шудааст.

Ҳамчунин бо амрҳои президент Шермуҳаммад Раҷабзода, ки яке аз тарҷумонҳои доимии Эмомалӣ Раҳмон аст, бо сабаби ба кори дигар гузаштан, аз мақоми муовини сардори Хадамоти протоколи президент озод ва раиси ин Хадамот таъин гардида, Муҳаммадшариф Бобошоҳзода аз мақоми муовини шуъбаи амнияти иттилооии котиботи Шӯрои амният озод карда шудаанд.

ххххххх

Асадулло Исмоилов, имоми масҷиди маҳаллаи Яккачанори шаҳри Душанбе, ки шаби 19 ба 20 апрел пас аз анҷоми намози таровеҳ дар масҷид дастгир шуда буд, рӯзи 25 апрел, баъди камтар аз як ҳафтаи боздошташ озод шудааст. Дар ин бора рӯзи 26 апрел бародари ӯ Қадриддин Исмоилов ба Радиои Озодӣ хабар дода, гуфтааст, ки Асадулло Исмоилов ҳоло дар хонааш қарор дорад ва ӯ ба дидорбиниаш рафта буд. Аммо талошҳои Радиои Озодӣ барои тамос бо худи имоми масҷиди Яккачанор натиҷа надодааст. Наздиконаш гуфтаанд, ки ӯ бо худ телефони мобил надорад.

Қаблан гузориш шуда буд, ки Асадулло Исмоиловро шаби 19 ба 20 апрел пас аз анҷоми намози таровеҳ дар масҷиди Яккачинори пойтахт дастгир карда, субҳи 20 апрел хонааш дар деҳаи Теппаи Самарқандии ноҳияи Рӯдакиро низ кофтукоб карданд ва қисме аз китобҳояшро бо худ бурданд.

Наздиконаш сабаби боздошти ӯро намедонистанд ва мегуфтанд, мақомоти амният “ӯро барои суҳбат” даъват кардаанд.

Асадулло Исмоилов низ рӯзи 14 апрел дар маросими ҷанозаи Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ дар деҳаи Ғилмони ноҳияи Тоҷикобод ширкат дошт. Ӯ алакай дуюмин имомхатиб буд, ки баъди  маросими дафни Домулло Ҳикматуллоҳ дастгир шуд.

Шоми 19 апрел, тақрибан ҳамзамон бо имоми масҷиди Яккачинор, мақомоти КДАМ Абдулҳақ Обидов, сархатиби масҷиди марказии ноҳияи Шоҳмансурро низ дастгир карданд.

КДАМ рӯзи 22 апрел гуфт, Обидов ва 5 сокини дигари шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ ба пайравӣ ба ҷараёни дар Тоҷикистон мамнӯи экстремистии Салафия айбдор мешаванд. Вале манобеи сомонаи “Бомдод” қаблан хабар дода буданд, ки Махдуми Абдулҳақро дар пайи як суханронии пурсарусадояш дар маросими дафни Домулло Ҳикматуллоҳ дастгир кардаанд. Домулло Абдулҳақ дар  он маросим Домулло Ҳикматуллоҳро “яке аз пешвоҳои бузурги мо” ном бурда, аз он изҳори надомат мекунад, ки “вақте чунин инсонҳо дар миёни мардум боқӣ намонд, Худованд олимеро боқӣ нагузошт, мардум дигар пешвоёни ҷоҳил ва нодонро барои худ пешво мегиранд”.

Бино ба иттилои ҳамсуҳбатони “Бомдод”, мақомоти амниятӣ дар ин муқоиса гӯё ишораҳо ба президенти кунунии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дидаанд, ки соли 2016 бо қабули як қонуни вижа “Пешвои миллат” эълон шуд.

хххххххх

Шоми 24-уми апрели соли 2021, тахминан соати 19:30, мошини тамғаи «Ҳундай-Старекс» таҳти идораи сокини 32-солаи деҳаи Шарафи ҷамоати Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ, дар ҳудуди ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон  ба девори бетонии ҳошияи роҳ бархӯрда, чаппа шуда, оташ гирифтааст. Дар натиҷаи ин садама 12 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардошта, дар Беморхонаи марказии ноҳияи Дӯстӣ бистарӣ карда шуданд. Ду нафар аз онҳо   бар асари ҷароҳатҳои вазнин  дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.

Маркази матбуоти вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар дод, ки дар ҳоли ҳозир  вазъи саломатии 10 нафари дигар муътадил арзёбӣ мешавад.

Бино ба ин манбаъ, вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода рӯзи 26 апрел дар доираи сафари кориаш ба ноҳияи Дӯстӣ, аз ин 10 захмии садамаи “Старекс” дар бемористон аёдат карда, бо вазъи саломатӣ ва ҷараёни табобати онҳо шинос шудааст. Ӯ ҳамчунин бо наздикони осебдидагон суҳбат карда, ваъда додааст, ки вазорати тандурустӣ барои табобати онҳо тамоми кӯшишу талошашро хоҳад кард. Абдуллозода гуфт, ҷараёни табобати ин 10 осебдидаи садамаро таҳти назорати бевоситаи худ мегирад. Ӯ ба масъулони бемористон супоришҳои мушаххас дода, ҳушдор додааст, ки табобати онҳо бояд пурр ройгон ба роҳ монда шавад.

Ҷамолиддин Абдуллозода дар саҳни бемористони марказии ноҳияи Дӯстӣ бо хешу табор ва наздикони беморони дигар низ гуфтугӯи озод барпо карда, аз онҳо назарашон дар бораи шароити кори табибони ин ноҳияро пурсуҷӯ кардааст.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон ҳудуди 400 нафар ҷон бохта, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

ххххххх

Коллегияи парвандаҳои ҷиноятии Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 16 апрели соли 2021 сокини ноҳияи Файзобод Зоиров А.Г.-ро дар  куштори бераҳмонаи ҳамсари  собиқаш Қурбонзода Т.Б. ва роҳзанӣ (ғорати пулу моли ҷабрдида) гунаҳкор дониста, ба 28 соли зиндон маҳкум кард.

Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон дар шарҳи ин парванда гуфт, Зоиров, ки қаблан 3 маротиба, аз ҷумла бори охир дар соли 2017 бо ҷурми дуздӣ маҳкум шуда буд,  рӯзи 12 декабри соли 2020 бо мақсади ба даст овардани молу мулки ҳамсари собиқаш Қурбонзода Т.Б. даст ба ҷинояти боз ҳам сангинтар – куштор ва роҳзанӣ задааст.

Бино ба фарзияи тафтишот, Зоиров ҳамсари собиқашро бо роҳи фиреб, гӯё барои сайру гашт намудан ба талу теппаҳои қисмати шарқии ҳудуди ҷамоати шаҳраки Файзобод ба ҷойи беодам ба лаби ҷарӣ бурда, ногаҳон ба номбурда ҳамла карда, охиронро аз баландии 6 метр бо поён тела додааст, ки дар натиҷа Қурбонзода Т.Б. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, имконияти муқобилият намуданро аз даст додааст.”

Дар идомаи гузориши додситонӣ гуфта мешавад, ки “Зоиров А.Г. аз ин фурсат истифода намуда, бо дастонаш якчанд зарба ба сару рӯи Қурбонзода Т.Б. зада, баъдан бо рӯймоли дар сараш буда охиронро буғӣ ва аз ҳаёт маҳрум намудааст.”

  Сипас, Зоиров А.Г. аз ҳамёни Қурбонзода Т.Б. маблағи 5010 сомонӣ, аз дасташ ангуштарини тиллоӣ бо арзиши 400 сомонӣ ва телефони мобилиашро бо арзиши 150 сомонӣ тасарруф намуда, ҷасади номбурдаро зери хок намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

ххххххх

Хонандаи синфи 7 аз мактаби №14 шаҳри Панҷакент Дилшод Ойматов трактори хурди ҳамакора сохтааст, ки метавонад 9 амал, бо шумули бурдани то як тонна бор, ҷуфту чизел ва сихмолаву ҳамвор кардани замин, ҷӯву сартирак гирифтан ва реза кардан (фреза)-ро иҷро кунад. Трактори сохтаи Дилшод нафақат ғолиби Олимпиадаи 53-юми техникҳои навраси вилояти Суғд шуд, балки дар ин сабқати толибилмони соҳибистеъдоди ин вилоят, ки рӯзи 22 апрел дар ноҳияи Ҷаббор Расулов доир шуд, барои дастаи Панҷакент ҷои аввалро таъмин кард.

Дилшод гуфт, ин трактори хурди ҳамакораро бо кумаки падар ва устодаш дар муддати сол ва бо харҷи ҳудудан  30 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 2500 доллар) сохтааст.

 «Мақсади сохтани ин мини-трактор он аст, ки мо ҳар сол ба хотири кишт ва ғундоштани ҳосил маблағи калон сарф мекунем, ки ба буҷаи оилаи мо зарар мерасонад. Аз ин лиҳоз тасмим гирифтам  чизе ихтироъ кунам, ки ба оилаамон фоиданок бошад», — мегӯяд Дилшод.

Дилшод Ойматов, ин навраси пуристеъдод гуфтааст, ки ният дорад, дар оянда тракторҳое, ки бо газ кор мекунанд, ва таҷҳизоти алафдаравак, чимзанак, картошкаканак низ бисозад.

Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд дар ҳисоботаш аз Олимпиадаи техникҳои наврас навиштааст, ки дар ин Олимпиада дар баробари трактори ҳамакораи Дилшод Ойматов таваҷҷуҳи тамошобинон ва ҳайъати ҳакамонро ҳамчунини чанд сохтаву ихтирои дигари техникҳои наврас, аз ҷумла дастгоҳи худсохти хишт аз хокаи кумур аз ноҳияи Ҷаббор Расулов, дастгоҳи истеҳсоли барқ аз вакуум аз шаҳри Хуҷанд, тайёраи бесарнишини Суғд-1 аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ракетаи парвозкунандаи МТИВ-2 аз шаҳри Хуҷанд, қайчии худсохти ҳамакор аз шаҳри Исфара, дастгоҳи автоматии омодасозии шир ва қаймоқ аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дастгоҳи худсохти инкубатор барои парвариши чӯҷаҳо аз ноҳияи Ашт, гармхонаи боақл аз ноҳияи Шаҳристон, аробачаи худсохти маъюбӣ аз ноҳияи Деваштич, роботи ҳамакор аз шаҳри Истаравшан, анкабути ҳамакор аз шаҳри Конибодом, моторсикли худсохт аз шаҳри Бӯстон, дастгоҳи худсохти обҳои ташнашикан аз ноҳияи Мастчоҳ, силсила барномаи компютерии “Доно” аз шаҳри Хуҷанд, барномаи шинохти чеҳра аз шаҳри Гулистон ба худ ҷалб кардааст.

xххххх

Кормандони гумруки фурудгоҳи шаҳри Сургути Русия аз як мусофири ҳавопаймое, ки аз шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон омада буд, 78 ҷуфт пойафзоли миллии навъи маҳсиро ёфта, мусодира кардаанд. Ин бори вазнаш тақрибан 15 килоро шаҳрванди Тоҷикистон аз Ватанаш бидуни эъломияи гумрукӣ мехост ба Русия ворид кунад.

Игор Галузин, сардори посгоҳи гумрукии фурудгоҳи Сургут дар шарҳи ин ҳодиса гуфт: “Бо назардошти миқдор ва гуногунии андозаҳои маҳсиҳои ёфтшуда,  қарор шуд, ки ин пойафзолро ба молҳои марбут ба истифодаи шахсӣ шомил накунем. Аммо барои ворид кардани молҳои тиҷоратӣ шаҳрванди Тоҷикистон мебоист эъломияи гумрукӣ пур мекард ва боҷи гумрукӣ месупурд,  вале ӯ аз ин кор сарпечӣ кардааст.”

Ҳамчунин дар ҳамаи 78 ҷуфт маҳсии мусодирашуда тамғаи машҳури Reebok зада шуда буд. Гумон аст, ки дар ин ширкати ҷаҳонӣ ҳатто хабар дошта бошанд, ки онҳо дар Тоҷикистон ба дӯхтани пойафзоли миллии тоҷикӣ маҳсӣ машғул мебошанд.

Нисбат ба шаҳрванди Тоҷикистон бар асоси ду моддаи Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Русия – моддаҳои 16.2 (пур накардани эъломияи гумрукӣ) ва 14.10 (истифодаи ғайриқонунии брендҳои ғайр) парвандаҳои маъмурӣ тартиб додаанд. Ба ӯ ҷарима бо мусодираи маҳсиҳояш таҳдид мекунад.

хxxxxxxx

Ҳунарпешаи шинохтаи Русия Марат Башаров ба барномаи «Звезды сошлись» дар шабакаи НТВ ҳамроҳи худ ёрдамчии тоҷикаш Илёс Раҳмоновро овард ва бо суханони хеле гарм аз кори Илёс самимомна изҳори сипос ва қаноатмандӣ кард.

Марат Башаров нақл кард, ки Илёс дар тамоми кори хона ба ӯ ёрӣ мерасонад: ҳам дар боғ кор мекунад, ҳам алаф медаравад, ҳам сагашро ба сайругашт мебарорад ва агар лозим шавад, хӯрок ҳам мепазад.

Ситораи театру синамои Русия гуфт, бо вуҷуди серкорӣ Илёс барои фарзандони ӯ ҳам вақт меёбад ва бо онҳо ҳам хеле унс гирифтааст: «Ӯ як дӯсти хуби кӯдакони ман ғ духтари калониам ва писари хурдиам шудааст. Ба қавли маъруф, ӯ дояи тоҷики мост».

Худи Илёс раҳмонов дар барномаи «Звезды сошлись» қисса кард, ки ҳар рӯз соати чори субҳ аз хоб мехезад ва соати 7 ба кор сар карда, то соати даҳи шаб сари пост: «Субҳ ки хестам, ба ягон кори хоҷагӣ ёрдам медиҳам, алаф медаравам, сагро ба сайругашт мебарорам. Ҳар коре ки пеш омад, анҷом медиҳам.»

Илёс низ Марат Башаровро ба ҳайси як корфармои нек ва хайрхоҳ, ки аз кумак ба коргарон парҳез намекунад, тавсиф кард.

Дар толор ҳама ёрдамчии тоҷики Марат Башаровро хеле мусбат қабул карданд ва гуфтанд, ки ситораи театру синамои Русия бо интихоби ин коргари тоҷик хато накардааст.

Марат Олимҷонович Башаров 22 августи соли 1974  дар Маскав ба дунё омада, миллаташ тотор аст. Башаров дар даҳҳо филме, ки аксараш ба фонди тиллоии синамои Русия шомил шудаанд, аз ҷумла дар филмҳои «Утомленные солнцем», «Сибирский цирюльник», «Олигарх», «Ворошиловский стрелок» нақшҳои асосиро бозӣ кардааст. Башаров ҳамчунин дар телевизионҳои Русия низ муҷрии муваффақ ба шумор меравад аз ҷумла тӯли 8 сол гардонандаи барномаи пуртамошобини «Битва экстрасенсов» дар канали ТНТ буд.

хххххххх

Рӯзи 26 апрел муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон полковник Сулаймон Исозода дар як маросим дар толори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ноҳияи кушониён ба донишҷӯи соли сеюми ин мактаб Зафари Нуралӣ барои корнамоияш барои наҷоти ҷони як духтар медали ҳамкорӣ дар самти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи мулкиро тақдим кард.

Бино ба иттилои нашршуда дар сомонаи КҲФ Тоҷикистон, Зафари Нуралӣ рӯзи 19 апрели соли равон сокини шаҳри Норак Шабнам Сафароваи 22-соларо, ки ҳангоми сайругашт дар соҳили канали Ҷайҳуни ноҳияи Кушониён аз беэҳтиётӣ ғарқ шуда буд, наҷот додааст.

Бино ба омори КҲФ, аз аввали соли ҷорӣ дар кӯлу дарёву каналҳои Тоҷикистон алакай дастикам 17 нафар, аз ҷумла 5 кӯдак ғарқ шудаанд. Ин ҳам дар ҳоле ки мавсими оббозӣ ҳанӯз оғоз наёфтааст. Соли гузашта дар обҳои ҷумҳурӣ 107 нафар, аз ҷумла 33 ноболиғи аз 4 то 17-cола ҷони худро аз даст дода буданд.

хххххх

Рӯзи 26 апрел, тахминан соати 11:56 дар қаламрави деҳаи Зинги ҷамоати Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвози Тоҷикистон дар соли дарёи Панҷ сокинон ҷасади як марди шахсияташ номаълуми зоҳиран 30-35-соларо пайдо карда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки “тафтишот муайян кард, ки ҷасади ёфтшуда ҷасади шаҳрванд Гулобиддин Валади Муҳамаддин сокини Ҷумҳурии Исломии Афғонистон буда, тақрибан 20 рӯз пеш ҳангоми шикори мурғобӣ аз беэҳтиётӣ дар дарёи Панҷ ғарқ шудааст. ”

Маҷрои оби дарёи Панҷ ҷасади ин шаҳрванди Афғонистонро ба тарафи Тоҷикистон овардааст.

КҲФ гуфт, ҷасади шаҳрванди Афғонистонро алакай соати дуи баъд аз зуҳри ҳамон рӯзи 26 апрел аз тарифи купруки деҳаи Рузвай ба Афғонистон интиқол доданд.

Тоҷикистон бо Афғонистон 1370 км марзи мустақим дорад, ки саросар рӯи як дарё мегузарад. Ин дарё дар болообош Панҷ ном дошта, баъди ба он рехтани рӯди Вахш Амӯдарё ном мегирад.

xxxxxxxxx

Ва дар анҷоми барнома хулосаи чанд хабари криминалии рӯз:

Шоми 25 апрел, соати тақрибан 19,  сокини 29-солаи шаҳри Кӯлоб дар нуқтаи таъмиркунии воситаҳои нақлиёт, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Кӯлоби шаҳри мазкур қарор доштанаш бо ми мошинҳо дар ҷамоати Кӯлоб бо сокини 35-солаи ҷамоати Зиракӣ муноқиша карда, ба гардани ӯ як зарбаи кор задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида  ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Як марди 64-солаи сокини ноҳияи Фирдавсӣ ба он гумонбар мешавад, ки ҳанӯз дар соли 2015 бо роҳи фиреб ба боварии як марди ҳамсол ва ҳамсояаш даромада, аз ӯ 1 миллион рубли русӣ гирифтааст ва то ҳол барнагардонидааст.


Сокини 27-солаи ҷамоати Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ба он гумонбар мешавад, ки шаби 26 апрел, соати тахминан 00:30, мошини “Ҳундай Старекс”-и як сокини Душанбе аз кӯчаи Н.Қаробоев “ғайриқонунӣ ҳай карда бурдааст.”

Ҷавони 25-солаи сокини ҷамоати Нофароҷ дар канори шаҳри Истаравшан ба он гумонбар мешавад, ки шаби 28 феврал,  дар ҳудуди деҳаи Оби-Зулол бо роҳи зӯроварӣ телефони мобили тамғаи “Самсунг-Гелакси 10-А”-ро аз кисаи шими як сокини 28-солаи Нофароҷ кашида гирифтааст. Зарари расондашуда ба ҷабрдида 1350 сомонӣ бароварда шуда, нисбат ба гумонбаршаванда бар асоси қисми дуюми моддаи 248-уми Кодекси ҷиноятии ҶТ  бо иттиҳоми ғоратгарӣ парванда кушодаанд. Ба ӯ бар асоси ин банди қонун ҳамчун ҷазо аз 5 то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.

Дар Леваканд сокини 49-солаи ҷамоати Ифтихор бо гумони шаби 8 ба 9 апрел дуздидани як сар чорвои калони сокини 35-солаи ҷамоати Ваҳдат аз кӯҳҳои атрофи деҳаи Зағертӣ боздошт шуда, дар ноҳияи Рашт ду ноболиғи 16-сола ба дуздии 18 шамолдиҳак ва ноқилҳои барқ аз анбори меваи сокини 44-солаи шаҳраки Ғарм дар поёни моҳи март гумонбар мешаванд.  Ҳмчунин сокини 24-солаи ҷамоати Обшорони ноҳияи Шаҳритӯс ба он гумонбар мешавад, ки шаби 19 аб 20 апрел вориди манзили як сокини 25-солаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шуда, як телефони мобили тамғаи «Редми Нот-В», арзишаш 3380 сомониро дуздидааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button