ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҚАДРДОНӢ АЗ ДОНИШҶӮ ЗАФАРИ НУРАЛӢ БАРОИ НАҶОТИ ҶОНИ ЯК ДУХТАР (4 АКС)

 Рӯзи 26 апрел муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон полковник Сулаймон Исозода дар як маросим дар толори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ноҳияи кушониён ба донишҷӯи соли сеюми ин мактаб Зафари Нуралӣ барои корнамоияш барои наҷоти ҷони як духтар медали ҳамкорӣ дар самти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи мулкиро тақдим кард.

Бино ба иттилои нашршуда дар сомонаи КҲФ Тоҷикистон, Зафари Нуралӣ рӯзи 19 апрели соли равон сокини шаҳри Норак Шабнам Сафароваи 22-соларо, ки ҳангоми сайругашт дар соҳили канали Ҷайҳуни ноҳияи Кушониён аз беэҳтиётӣ ғарқ шуда буд, наҷот додааст.

КҲФ Тоҷикистон навиштааст, ки “ин шуҷоати ҷавони донишҷӯ аз назари роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дур намонд.”

Маросими эътои медал дар толори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ноҳияи Кўшониён бо ҳузури гарми ҷамъе аз донишҷӯёни ин муассисаи таълимӣ  баргузор шуд. Дар маросим шаҳрдори Бохтар Сиҷоуддин Саломзода низ иштирок доштааст.

Бино ба омори КҲФ, аз аввали соли ҷорӣ дар кӯлу дарёву каналҳои Тоҷикистон алакай дастикам 17 нафар, аз ҷумла 5 кӯдак ғарқ шудаанд. Ин ҳам дар ҳоле ки мавсими оббозӣ ҳанӯз оғоз наёфтааст. Соли гузашта дар обҳои ҷумҳурӣ 107 нафар, аз ҷумла 33 ноболиғи аз 4 то 17-cола ҷони худро аз даст дода буданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button