ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

МАРГИ ШИКОРЧИИ АФҒОН ДАР ДАРЁИ ПАНҶ. ҶАСАДИ ӮРО АЗ ТОҶИКИСТОН ЁФТАНД

Рӯзи 26 апрел, тахминан соати 11:56 дар қаламрави деҳаи Зинги ҷамоати Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвози Тоҷикистон дар соли дарёи Панҷ сокинон ҷасади як марди шахсияташ номаълуми зоҳиран 30-35-соларо пайдо карда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки “тафтишот муайян кард, ки ҷасади ёфтшуда ҷасади шаҳрванд Гулобиддин Валади Муҳамаддин сокини Ҷумҳурии Исломии Афғонистон буда, тақрибан 20 рӯз пеш ҳангоми шикори мурғобӣ аз беэҳтиётӣ дар дарёи Панҷ ғарқ шудааст. ”

Маҷрои оби дарёи Панҷ ҷасади ин шаҳрванди Афғонистонро ба тарафи Тоҷикистон овардааст.

КҲФ гуфт, ҷасади шаҳрванди Афғонистонро алакай соати дуи баъд аз зуҳри ҳамон рӯзи 26 апрел аз тарифи купруки деҳаи Рузвай ба Афғонистон интиқол доданд.

Тоҷикистон бо Афғонистон 1370 км марзи мустақим дорад, ки саросар рӯи як дарё мегузарад. Ин дарё дар болообош Панҷ ном дошта, баъди ба он рехтани рӯди Вахш Амӯдарё ном мегирад.

Марги шикорчии мурғобӣ дар рӯди Панҷ. Ӯ як марди афғоне буд, ки 30-35 сол умр дошт

Ҳодисаи нохуш аз он сӯи Ому. Як марди ба тахмин 30-35-солаи сокини Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 20 рӯз пеш дар пайи шикори мурғобӣ дар оби Панҷ сарозер шудааст ва ҳоло ҷасади ӯро дар соҳили тоҷикистонии рӯди Панҷ ёфтанд.

Тибқи маълумоти сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ соати 11:56 дақиқаи рӯзи 26-уми апрели соли равон дар қаламрави деҳаи Зинги ҷамоати деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз ҷасади як марди шахсияташ номаълум, ки тақрибан 30-35 дошт, аз ҷониби сокинон дарёфт гардида, ба кормандони ҳифзи  ҳуқуқ супорида шуд.

Тафтишот муайян кард, ки шаҳрванд Гулобиддин Валади Муҳамаддин сокини Ҷумҳурии Исломии Афғонистон буда, тақрибан 20 рӯз пеш ҳангоми шикори мурғобӣ аз беэҳтиётӣ дар дарёи Панҷ ғарқ шудааст.

Ҷасади ӯро соати 14:20 дақиқа кормандони ҳифзи ҳуқуқ тариқи пули деҳаи Рузвай ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон интиқол доданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button