ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ДАР САДАМАИ МУСОФИРБАРИ “СТАРЕКС” ДАР НОҲИЯИ ДӮСТӢ 2 НАФАР ҲАЛОК ВА 10 ТАН ЗАХМӢ ШУДААНД (2 АКС)

Шоми 24-уми апрели соли 2021, тахминан соати 19:30, мошини тамғаи «Ҳундай-Старекс» таҳти идораи сокини 32-солаи деҳаи Шарафи ҷамоати Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ, дар ҳудуди ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон  ба девори бетонии ҳошияи роҳ бархӯрда, чаппа шуда, оташ гирифтааст. Дар натиҷаи ин садама 12 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардошта, дар Беморхонаи марказии ноҳияи Дӯстӣ бистарӣ карда шуданд. Ду нафар аз онҳо   бар асари ҷароҳатҳои вазнин  дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.

Маркази матбуоти вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар дод, ки дар ҳоли ҳозир  вазъи саломатии 10 нафари дигар муътадил арзёбӣ мешавад.

Бино ба ин манбаъ, вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода рӯзи 26 апрел дар доираи сафари кориаш ба ноҳияи Дӯстӣ, аз ин 10 захмии садамаи “Старекс” дар бемористон аёдат карда, бо вазъи саломатӣ ва ҷараёни табобати онҳо шинос шудааст. Ӯ ҳамчунин бо наздикони осебдидагон суҳбат карда, ваъда додааст, ки вазорати тандурустӣ барои табобати онҳо тамоми кӯшишу талошашро хоҳад кард. Абдуллозода гуфт, ҷараёни табобати ин 10 осебдидаи садамаро таҳти назорати бевоситаи худ мегирад. Ӯ ба масъулони беморстон супоришҳои мушаххас дода, ҳушдор додааст, ки табобати онҳо бояд пурр ройгон ба роҳ монда шавад.

Ҷамолиддин Абдуллозода дар саҳни бемористони марказии ноҳияи Дӯстӣ бо хешу табор ва наздикони беморони дигар низ гуфтугӯи озод барпо карда, аз онҳо назарашон дар бораи шароити кори табибони ин ноҳияро пурсуҷӯ кардааст.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон ҳудуди 400 нафар ҷон бохта, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

Манбаъ: АМИТ “Ховар”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button