ВидеоТоҷикистонҶомеа

БАРОИ ПУЛУ МОЛ… ҚАТЛИ БЕРАҲМОНАИ ҲАМСАРИ СОБИҚ ДАР ТЕППАҲОИ ФАЙЗОБОД

Коллегияи парвандаҳои ҷиноятии Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 16 апрели соли 2021 сокини ноҳияи Файзобод Зоиров А.Г.-ро дар  куштори бераҳмонаи ҳамсари  собиқаш Қурбонзода Т.Б. ва роҳзанӣ (ғорати пулу моли ҷабрдида) гунаҳкор дониста, ба 28 соли зиндон маҳкум кард.

Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон дар шарҳи ин парванда гуфт, Зоиров, ки қаблан 3 маротиба, аз ҷумла бори охир дар соли 2017 бо ҷурми дуздӣ маҳкум шуда буд,  рӯзи 12 декабри соли 2020 бо мақсади ба даст овардани молу мулки ҳамсари собиқаш Қурбонзода Т.Б. даст ба ҷинояти боз ҳам сангинтар – куштор ва роҳзанӣ задааст.

Бино ба фарзияи тафтишот, Зоиров ҳамсари собиқашро бо роҳи фиреб, гӯё барои сайру гашт намудан ба талу теппаҳои қисмати шарқии ҳудуди ҷамоати шаҳраки Файзобод ба ҷойи беодам ба лаби ҷарӣ бурда, ногаҳон ба номбурда ҳамла карда, охиронро аз баландии 6 метр бо поён тела додааст, ки дар натиҷа Қурбонзода Т.Б. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, имконияти муқобилият намуданро аз даст додааст.”

Дар идомаи гузориши додситонӣ гуфта мешавад, ки “Зоиров А.Г. аз ин фурсат истифода намуда, бо дастонаш якчанд зарба ба сару рӯи Қурбонзода Т.Б. зада, баъдан бо рӯймоли дар сараш буда охиронро буғӣ ва аз ҳаёт маҳрум намудааст.”

  Сипас, Зоиров А.Г. аз ҳамёни Қурбонзода Т.Б. маблағи 5010 сомонӣ, аз дасташ ангуштарини тиллоӣ бо арзиши 400 сомонӣ ва телефони мобилиашро бо арзиши 150 сомонӣ тасарруф намуда, ҷасади номбурдаро зери хок намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Куштори собиқ ҳамсар

  Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намояндагӣ бо Раёсати назорати конунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятиро нисбати Зоиров А.Г. бо моддаҳои 104 қисми 2 банди “и” ва 249 қисми 3 бандҳои “а, г”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тафтишоти он аз тарафи прокуратураи ноҳияи Файзобод ба анҷом расонида шуда буд, мавриди баррасӣ қарор дод.

  Дар рафти тафтимюти пешакӣ ва баррасии судӣ муайян карда шудааст, ки Зоиров А.Г. қаблан се маротиба ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, бори охир бо ҳукми суди ноҳияи Файзобод аз 13 июни соли 2017 бо модди 244 кисми 2 бандҳои “б”,”в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудааст.

  Зоиров А.Г. дар ҳолати ретсидиви ҷиноят рӯзи 12 декабри соли 2020 бо мақсади аз ҳаёт маҳрум намудан ва ба даст овардани молу мулки собиқ ҳамсараш Қурбонзода Т.Б.-ро бо роҳи фиреб, гӯё барои сайру гашт намудан ба талу теппаҳои қисмати шарқии ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Файзободи ноҳияи Файзобод ба ҷойи беодам ба лаби ҷарӣ бурда, ногаҳон ба номбурда ҳамла карда, охиронро аз баландии 6 метр бо поён тела додааст, ки дар натиҷа Қурбонзода Т.Б. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, имконияти муқобилият намуданро аз даст додааст.

  Зоиров А.Г. аз ин фурсат истифода намуда, бо дастонаш якчанд зарба ба сару рӯи Қурбонзода Т.Б. зада, баъдан бо руймоли дар сараш буда охиронро буғӣ ва аз ҳаёт маҳрум намудааст.

  Сипас, Зоиров А.Г. аз ҳамёни Қурбонзода Т.Б. маблағи 5010 сомонӣ, аз дасташ ангуштарини тиллой бо арзиши 400 сомонӣ ва телефони мобилиашро бо арзиши 150 сомонӣ тасарруф намуда, ҷасади номбурдаро зери хок намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

  Бо ҳукми коллегиям судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олӣ аз 16 апрели соли 2021 Зоиров А.Г. бо моддаҳои 104 қисми 2 банди “и” ва 249 кисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазои ниҳоӣ- маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 28 сол таъйин карда шуд.

 Маркази матбуотии Прокуратураи

 генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button