АХБОРИ ВКД: КОРДЗАНӢ ПЕШ АЗ ИФТОР, ФИРЕБИ ҲАМСОЯ БА МАБЛАҒИ ЯК МИЛЛИОН ВА…
Шоми 25 апрел, соати тақрибан 19, сокини 29-солаи шаҳри Кӯлоб дар нуқтаи таъмиркунии воситаҳои нақлиёт, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Кӯлоби шаҳри мазкур қарор доштанаш бо ми мошинҳо дар ҷамоати Кӯлоб бо сокини 35-солаи ҷамоати Зиракӣ муноқиша карда, ба гардани ӯ як зарбаи кор задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Як марди 64-солаи сокини ноҳияи Фирдавсӣ ба он гумонбар мешавад, ки ҳанӯз дар соли 2015 бо роҳи фиреб ба боварии як марди ҳамсол ва ҳамсояаш даромада, аз ӯ 1 миллион рубли русӣ гирифтааст ва то ҳол барнагардонидааст.
Сокини 27-солаи ҷамоати Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ба он гумонбар мешавад, ки шаби 26 апрел, соати тахминан 00:30, мошини “Ҳундай Старекс”-и як сокини Душанбе аз кӯчаи Н.Қаробоев “ғайриқонунӣ ҳай карда бурдааст.”
Ҷавони 25-солаи сокини ҷамоати Нофароҷ дар канори шаҳри Истаравшан ба он гумонбар мешавад, ки шаби 28 феврал, дар ҳудуди деҳаи Оби-Зулол бо роҳи зӯроварӣ телефони мобили тамғаи “Самсунг-Гелакси 10-А”-ро аз кисаи шими як сокини 28-солаи Нофароҷ кашида гирифтааст. Зарари расондашуда ба ҷабрдида 1350 сомонӣ бароварда шуда, нисбат ба гумонбаршаванда бар асоси қисми дуюми моддаи 248-уми Кодекси ҷиноятии ҶТ бо иттиҳоми ғоратгарӣ парванда кушодаанд. Ба ӯ бар асоси ин банди қонун ҳамчун ҷазо аз 5 то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.
Дар Леваканд сокини 49-солаи ҷамоати Ифтихор бо гумони шаби 8 ба 9 апрел дуздидани як сар чорвои калони сокини 35-солаи ҷамоати Ваҳдат аз кӯҳҳои атрофи деҳаи Зағертӣ боздошт шуда, дар ноҳияи Рашт ду ноболиғи 16-сола ба дуздии 18 шамолдиҳак ва ноқилҳои барқ аз анбори меваи сокини 44-солаи шаҳраки Ғарм дар поёни моҳи март гумонбар мешаванд. Ҳмчунин сокини 24-солаи ҷамоати Обшорони ноҳияи Шаҳритӯс ба он гумонбар мешавад, ки шаби 19 аб 20 апрел вориди манзили як сокини 25-солаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шуда, як телефони мобили тамғаи «Редми Нот-В», арзишаш 3380 сомониро дуздидааст.
Аз навори хабарҳои рӯзи 27 апрели маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон
Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дар заминаи ҷангу ҷанҷол
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайн карда шуд, ки 25-уми апрели соли 2021, тахминан соати 19:00, марди 29-солаи сокини шаҳри Кӯлоб ҳангоми дар нуқтаи таъмиркунии воситаҳои нақлиёт, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Кӯлоби шаҳри мазкур қарор доштанаш бо марди 35-солаи сокини ҷамоати деҳоти Зиракии ҳамин шаҳр ҷангу ҷанҷол карда, номбурда бо олоти бурандаи ба корд монанди дар дасташ буда, ба гардани ҷабрдида 1-маротиба мезанад.
Дар натиҷа, ҷабрдида ба саломатиаш ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
Ифшо гардидани кирдори қаллобӣ
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 64-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки тахминан соли 2015, ҳангоми дар кӯчаи Шараф қарор доштанаш марди 64-солаи сокини ҳамин ноҳия бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада аз ӯ 1 миллион рубли русиро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
Боздошт гардидани марди 27-сола бо гумони ғайриқонуни ҳай карда бурдани автомобил
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 31-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 26-уми апрели соли 2021, тахминан соати 00:30-дақиқа, шахсони номаълум автомашинаи шахсиаш тамғаи “Хундай Старекс”, ки дар кӯчаи Н.Қарабоеви пойтахт беназорат меистод, ғайриқонунӣ ҳай карда ба самти номаълум бурдаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ бо гумон ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомобил ё дигар воситаҳои нақлиёт бидуни мақсади тасарруф дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Бо роҳи зӯроварӣ тасарруф намудани телфони мобилӣ
Ба ШВКД дар шаҳри Истаравшан бо ариза марди 28-солаи сокини ҷамоати деҳоти Нофароҷи шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 28-уми феврали соли 2021, тахминан соати 20:30-дақиқа, ҳангоми дар ҳудуди деҳаи Оби-Зулол қарор доштанаш шахси номаълум, бо роҳи зӯроварӣ ошкоро аз кисаи шимаш 1-адад телфони мобилии тамғаи “Самсунг-Гелакси 10-А”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 1 ҳазору 350-сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 25-солаи сокини ҷамоати деҳоти Нофароҷ бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 248 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ошкор гардидани ҷинояти дуздӣ
Ба ШВКД дар шаҳри Левакант бо ариза зани 35-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ваҳдати шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 8 ба 9-уми апрели соли 2021, шахсони номаълум аз доманакӯҳҳои деҳаи Зағертӣ 1-сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 49-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ифтихори ҳамин шаҳр ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, ба ШВКД дар ноҳияи Рашт бо ариза марди 44-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Ғарми ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки охирҳои моҳи марти соли 2021, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз анборхонаи нигоҳдории меваву сабзавоташ, воқеъ дар шаҳраки Ғарм, кӯчаи Сомониён 18-адад шамолдиҳак ва ноқилҳои барқиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 16 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ноболиғи 16-сола бо маслиҳати пешакӣ бо рафиқаш ноболиғи дигари 16-солаи сокинони ҷамоати шаҳраки Ғарми ҳамин ноҳия содир намудаанд.
Нисбати гумонбаршавандагони ноболиғ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ҳамзамон, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза ҷавони 25-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 19 ба 20-ум апрели соли 2021, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба манзили истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 1-адад телефони мобилии тамғаи «Редми НОТ-В»-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 3 ҳазору 380-сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 24-солаи сокини ҷамоати деҳоти Обшорон ноҳияи Шаҳритус бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.