ВидеоМинтақа ва ҷаҳонТоҷикистон

САРХАТИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 26 АПРЕЛИ СОЛИ 2021 (ВИДЕО)

Хулосаи хабарҳои муҳими душанбе, 26 апрели Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.  Дар ин барнома:

ҚИРҒИЗИСТОН ТОҶИКИСТОНРО БА “РАБУДАН”-И ДУ ШАҲРВАНДАШ АЙБДОР КАРД

МУСОФИРОН АЗ ИСТАНБУЛУ КОБУЛ ДАР ТОҶИКИСТОН БОЯД 3 РӮЗ КАРАНТИН БИШИНАНД

КУМИТАИ ДИН МЕГӮЯД, ИФТОРРО ДАР ТОҶИКИСТОН КАСЕ МАҲДУД НАКАРДААСТ

ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ: РАҲПАЙМОИИ 500 ЗАНУ ДУХТАР БО ЛИБОСИ МИЛЛӢ ДАР БОХТАР

ДАР ПОНҒОЗ БО ТАҲДИДИ ЧОПИ ВИДЕО АЗ ЯК ЗАН 4 ҲАЗОР СОМОНӢ ТАМАЪ КАРДААНД

МУСОДИРАИ 48 САР ЧОРВО АЗ МАНЗИЛИ ЯК СОКИНИ ЧОРКӮҲ

Ва акнун тафсилоти хабарҳо:

Рӯзи 26 апрел сафири Тоҷикистон дар Бишкек Назирмад Ализодаро ба вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон даъват карда, ба дасташ нота, ё ёддошти эътирозии ВКХ Қирғизистон дар робита ба гум шудани ду сокини ноҳияи Лайлаки вилояти Бодкандро супурдаанд. Ду сокини ноҳияи Лайлак шаби 24 апрел дар наздикии марз бо Тоҷикистон гум шуданд. Шоми 24 апрел маълум шуд, ки онҳоро марзбонони тоҷик боздошт кардаанд. Бишкек дар нотааш Тоҷикистонро ба “рабудан”-и он ду шаҳрвандаш айбдор карда, аз Душанбе хостааст, ки қазияро таҳқиқ карда, гунаҳкоронро ба ҷавобгарӣ бикашонад.  

Сокинони гумшудаи Лайлак. Аксҳо аз сомонаи Турмуш: https://www.turmush.kg/ru/news:1697892

Ҷониби Тоҷикистон то кунун ин моҷарои рухдода дар марзи ноҳияи Лайлаки Қирғизистон бо ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғдро расман шарҳ надодааст. Вокуниши Душанбе ба нотаи эътирозии Бишкек ва айбдор кардани Тоҷикистон ба “рабудан”-и ду шаҳрванди Қирғизистон низ то ҳол нашр нашудааст.

Хадамоти матбуоти ВКХ Қирғизистон гуфт, Назирмад Ализодаро муовини аввали вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Нуран Ниёзалиев ба ҳузур пазируфтааст.

 «Ба сафири Тоҷикистон нотаи ВКХ Ҷумҳурии Қирғизистон супурда шуд. Дар нота нигаронии амиқи ҷониби Қирғизистон дар мавриди амалҳои зиддиҳуқуқӣ ва ғайриқонунии мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 24 апрели соли ҷорӣ ду шаҳрванди Қирғизистон – сокинони ноҳияи Лайлаки вилояти Бодкандро рабуданд, баён шудааст. Н.Ниёзалиев  ба ғайри қобили қабул будани чунин амалҳо, ки метавонанд вазъро дар марз ба ҳам бизананд, таъкид кард. Ҷониби Қирғизистон аз ҷониби Тоҷикистон даъват кард, то ҷиҳати муайян кардани ҷузъиёти он қазия чораҳои оҷил андешида, афроди гунаҳкорро ба ҷавобгарӣ бикашонанд вва ҷониби Қирғизистонро аз натиҷаҳояш дар ҷараён гузоранд», – гуфта мешавад дар иттилоияи расмии ВКХ Қирғизистон.

Тавре қаблан гузориш шуда буд, ду ҷавон шаби 24 апрел дар марзи ноҳияи Лайлаки Қирғизистон бо ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ғайб заданд. Онҳо  дар сохтмони як коргоҳи дӯзандагӣ  дар деҳаи Эски-Оочу кор мекарданд.

Шоми 24 апрел маълум шуд, ки онҳоро марзбонҳои тоҷик бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марз дастгир кардаанд. Ҷониби Тоҷикистон ҳамон шоми 24 апрел ҳам ин ду ҷавон ва  ҳам 6 шаҳрванди дигари Қирғизистонро, ки низ дар Тоҷикистон дар боздошт қарор доштанд, озод кард.

хххххх

Мақомоти Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавируст шартҳои вуруди мусофирон ба ин кишвар аз Туркияву Афғонистонро пурзӯр кардаанд.

Сардори Раёсати амнияти санитарӣ-эпидемиологии  ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврию тиббии Вазорати тандурустии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров  рӯзи 26 апрел ба хабаргузории «Ховар» гуфт, шаҳрвандони ҳамаи давлатҳо имкони тариқи роҳи ҳавоӣ ба Тоҷикистон ворид шуданро доранд, вале мусофироне, ки аз Истанбули Туркия ва Кобули Афғонистон меоянд, аз санҷиши махсус гузашта, бояд аз СOVID-19 тести иловагӣ супоранд ва то муайян шудани натиҷаи тест муддати 3 рӯз дар карантини хонагӣ нишинанд.

Ба гуфтаи Ҷаъфаров, барои ворид шудан ба Тоҷикистон мусофирон аз дигар самтҳо низ бояд маълумотнома дар бораи надоштани  сироят  ба СOVID-19 пешниҳод намоянд. Мусофироне, ки аз Россия, ИМА, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон меоянд, бо тести манфӣ аз коронавирус ба мамлакат  роҳ дода мешаванд.

Шароити ворид шудани мусофирон аз Истанбулу Кобул дар ҳоле пурзӯр карда шуд, ки бино ба хабарҳо, вазъи коронавирус дар Туркияву Афғонистон дигарбора рӯ ба вахомат овардааст.

Дар Туркия, барои мисол, ҳафтаи гузашта, ҳар рӯз беш аз 60 ҳазор мавриди сироят ба коронавирус сабт мешуд ва президент Раҷаб Эрдуғон дар кишвараш барои 5 рӯз – аз 22 то 26 апрел – локдауни мутлақ ҷорӣ кард. Дар ин рӯзҳо сокинони Туркия танҳо барои хариди ғизо ва дорувор метавонистанд аз манзилҳои худ берун бираванд.

Мақомоти вазорати тандурустии Тоҷикистон аз аввали соли 2021, баъди онки президент Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солинавиаш гуфт, “коронавирус дар Тоҷикистон тақрибан ба нестӣ расидааст”, дигар ягон мавриди сироят ба коронавирусро дар кишвар сабт накардааст.

Шумори умумии гирифторшудагон ба ин вирус дар Тоҷикистон, тибқи омори вазорати тандурустӣ дар ҳадди 13 ҳазор ва шумори қурбониёнаш 90 нафар боқӣ мемонад.

Вале мунтақидон ба ин омори расмӣ бо назари шубҳа нигоҳ мекунанд ва мегӯянд, иддаои ба нестӣ расидани коронавирус дар Тоҷикистон як иддаои ҳанӯз пеш аз вақт аст.

хххххх

Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дини Тоҷикистон дар як матлаб дар саҳифааш дар Фейсбук эҷод шудани кадом маҳдудияте барои баргузории ифтор дар моҳи шарифи Рамазонро рад кардааст.   Ин баҳс чанд рӯз пеш замоне доғ шуд, ки раиси Кумитаи дин Сулаймон Давлатзода дар ҳошияи иҷлосияи парлумон ба хабарнигорон гуфт, “ифтор бояд танҳо дар доираи оила гузаронда шавад.”

Афшини Муқим навиштааст, зимни баррасии масъалаи боло бурдани ҳаҷми ҷаримаҳо барои вайрон кардани қонуни танзим дар парлумон масъалаи маҳдуд кардани ифтор матраҳ нашуда буд ва як ишораи раиси Кумитаи дин Сулаймон Давлатзодаро бархе барғалат ба маънои маҳдуд кардани баргузории маъракаҳои ифтор маънидод кардаанд.

Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин рӯзи 21-уми апрел дар пайи муаррифии тағйирот ба қонуни танзими анъанаҳо ва боло бурдани ҳаҷми ҷарима барои вайрон кардани ин қонун баъди берун омаданаш аз иҷлосияи парлумон ба хабарнигорон гуфта буд: “Меҳмондориро ягон кас манъ кардагӣ нест, ҳама гуна ҷамъомад вобаста ба шароит агар ситод теъдоди иштирокдоронро муайян кунад. Ифтор дар доираи оила аст.”

Вале Афшин Муқим дар матлабаш исрор меварзад, ки Сулаймон Давлатзодаро ғалат фаҳмидаанд. Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон масъалаи эҷоди маҳдудият дар баргузории ин ё он маърака, махсусан маъракаи ифтор муҳокима нашудааст. Айни ҳол баргузории маъракаи ифтор на дар ҳошияи қонун ва дар асоси қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ вобаста ба пешгирии бемории ҳамагир маҳдуд нагардидааст. Ишораи Раиси Кумитаи дин Сулаймон Давлатзода дар мавриди дар доираи оила баргузор намудани маъракаи ифтор ҳам танҳо ба ин маъност, ки бояд дар чунин шароит аз ҳама гуна зиёдаравию исрофкорӣ худдорӣ шавад. Гузашта аз ин, ҳарчи маҳдуд будани шумораи иштирокдорони дилхоҳ маърака, аз ҷумла ифтор дар вазъияте, ки ҳанӯз ҳам эҳтимоли хуруҷу густариши бемории сироятӣ вуҷуд дорад, ба суди кор аст”, – навиштааст Афшини Муқим.

Сухангӯи Кумитаи дин афзудааст, ки хуб мешуд, агар мардум дар хайру садақа дар моҳи Рамазон ва моҳҳои дигар  худро танҳо бо оростани дастурхону додани ғизо маҳдуд намекарданд: “Инро ҳам бояд ба назар гирем, ки хайру садақа кардан танҳо бо додани таом маҳдуд намешавад. Ҳар касе хоҳиши хайру садақа карданро дорад, бо роҳҳое ин корро анҷом медиҳад, ки дигар на ба тавсияи Кумитаи дин эҳтиёҷ мемонаду на касе ҳам аз хайраш хабар меёбад. Масалан, чӣ касе лаззати (агар ин ҳолатро лаззат гуфта шавад) суҳбат бо тифлакони ятимро чашидааст? Вақте ду ширинӣ дар даст вориди ятимхона мешавӣ, чандин тифлаки маъсум “дадаҷон”, “отаҷон” гуфта аз банди поят медоранд… Ин як дунёи дигар аст…

Ӯ аз мардум хостааст, ки пешниҳоди Сулаймон Давлатзодаро ҳамчун “ҳамлаи нав ба озодиҳои динӣ” қабул накунанд: Салоҳи кор ин аст, ки ҳар гуна тавсияву машваратеро, ки метавонад ба суди мову ҷомеаи мо бошад, “маҳдудият дар охирин маросими диние, ки мардум ҳаққи таом додан доштанд…”, “душманӣ бо дин” ё “гирифтани пеши роҳи садақа” унвон накунем. Табиист, ки ин корро расонаҳе бо ҳадафҳои маълум анҷом медиҳанд.

Ххххххххх

Ҳафтаи гузашта дар шаҳри Бохтар бо иштироки садҳо нафар аз занону духтарон чорабиние бо номи “Тоҷикона мепӯшем” баргузор шудааст.

Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон бо нашри 4 акс аз ин раҳпаймоӣ хабар дод, ки аксияи “Тоҷикона мепӯшем” бо ташаббуси раёсати кор бо занон ва оилаи маъмурияти вилояти Хатлон ва бахши занони шаҳрдории Бохтар баргузор шудааст.  Кумитаи занон гуфт, дар ин раҳпаймоӣ 500  нафар аз занону духтарон бо либосҳои чакан, атлас, адрас, попурӣ ва қароқӣ ба кӯчаву хиёбонҳо рехтаанд.

Хабаргузории “Спутник”аз қавли мақомоти шаҳрдории Бохтар хабар дод, ки марши занону духтарон бо либоси миллӣ дар маркази вилояти Хатлон рӯзи 21 апрел доир шуда, хонандагони синфҳои болоии мактабҳои миёна ва донишҷӯён аз назди бинои ҳукумати Бохтар то майдони 70-солагии водии Вахш роҳпаймоӣ кардаанд.

Солҳои охир дар Тоҷикистон мақомот бо ҳадафи пешгирӣ аз пӯшидани либоси мазҳабии, ба ақидаи ин мақомот, “ба фарҳанги мардуми тоҷик бегона”, аз ҷумла ҳиҷобу сатр, пӯшидани либоси миллиро зиёд тарғиб мекунанд ва ҳар сари чанд вақт дар кишвар ҷашнвораҳои чакану атласу адрас баргузор мекунанд.

ххххх

Сокини  53-солаи ҷамоати Чоркӯҳи Исфара барои қочоқи ғайриқонунии чорво  дастгир шуд. ВКД гуфт, ки ӯ рӯзи 20 апрел, 48 сар чорвои калони шохдори зоти сарсафеди қазоқиро, ҷамъ ба маблағи 241 ҳазору 500 сомонӣ бидуни назорати гумрукӣ, бе декларатсия ва супоридани боҷи гумрукӣ, бо роҳи қочоқ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ворид намудааст. Рӯзи 20 апрел кормандони милитсия ин 48 сар чорвои қочоқиро ҳамчун далели шайъӣ мусодира карда, ба зидди сокини Чоркӯҳ бар асоси қисми дуюми моддаи 289-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда кушодаанд. Ба ӯ бар асоси ин банди қонун ҷарима ба андозаи аз 912 то 1460 нишондиҳанда ваё аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.

Ҷамоати Чоркӯҳи Исфара дар марз бо ноҳияи Бодканди Қирғизистон ҷойгир шуда, ба далели то ҳол пурра таъйину аломатгузорӣ нашудани ин қитъаи марз яке аз нуқтаҳои доғтарин дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба шумор меравад.

Бо ин вуҷуд, бисёре аз сокинони деҳоти ду тарафи ин марз аз ҳисоби додугирифт ва тиҷорати наздимарзӣ рӯз мебаранд.

Қирғизистон ба фарқ аз Тоҷикистон узви ЕвразЭС аст ва ба ин далел, маҳсулотро аз кишварҳои дигари узви ин созмон бидуни пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андози НДС ворид мекунад. Дар натиҷа, нархи бисёре аз маҳсулоти воридотӣ дар Қирғизистон назар ба Тоҷикистон арзонтар аст ва сокинони деҳоти наздимарзӣ чунин маҳсулотро дар Қирғизистон арзон мехаранд, то баъдан дар Тоҷикистон бо нархи гаронтар бифурӯшанд.

Воридоти чунин маҳсулот бисёр вақт бо роҳҳои қочоқӣ сурат мегирад.

ххххххх

Ва дар анҷоми барнома хулосаи чанд хабари криминалии рӯз:

Довар ва Равшед, ду сокини 20-солаи ҷамоати Понғози ноҳияр Ашт ба он гумонбар мешаванд, ки моҳи январ шабона ба мошини “Одил” ном касе савор шудани як зани 31-солаи сокини Понғозро ба навор гирифта, аз ин зан 4 ҳазор сомонӣ талаб кардаанд. Онҳо рӯзи 24 апрел ҳангоми гирифтани ин 4 ҳазор сомонӣ аз ҷабрдида дастгир шуданд. Ба зидди ин ду ҷавоне бар асоси қисми дуюми моддаи 250-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми тамаъҷӯӣ аз ҷониби гуруҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба онҳо бар асоси ин банди қонун ҳамчун ҷазо аз 10 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

ххххх

Сокини  32-солаи Мурғоб ба он айбдор мешавад, ки рӯзи 20 апрел дар мавзеи Қарадемур даст ба шикори ғайриқонунӣ зада, як бузи кӯҳии сибириро бо камони ИЖ-16 ярадор кардааст. Тибқи хулосаи маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар ноҳияи Мурғоб гушти мусодиракардашуда ба гушти бузи кӯҳии сибирӣ тааллуқ дошта, вазни холисаш 25 килограммро ташкил медиҳад.
Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Мурғоб зарари ба фонди шикорӣ расида аз ин шикори ғайриқонуниро 6 ҳазор сомонӣ ҳисоб кардааст.

хххх

Ду ноболиғи 17-сола рӯзи 22 апрел, соати 13:30 дар назди коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат якдигарро латтукӯб кардаанд ва яке аз онҳо бо корди қадшаванда (финка) 1 маротиба ба қисмати болои рони пойи чапи ноболиғи дигар задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. Ҳоло ҳардуро ба авбошӣ айбдор мекунанд.

хххххх

Сокини  53-солаи ҷамоати Чоркӯҳи Исфара барои қочоқи ғайриқонунии чорво  дастгир шуд. ВКД гуфт, ки ӯ рӯзи 20 апрел, 48 сар чорвои калони шохдори зоти сарсафеди қазоқиро, ҷамъ ба маблағи 241 ҳазору 500 сомонӣ бидуни назорати гумрукӣ, бе декларатсия ва супоридани боҷи гумрукӣ, бо роҳи қочоқ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ворид намудааст. Рӯзи 20 апрел кормандони милитсия ин 48 сар чорвои қочоқиро ҳамчун далели шайъӣ мусодира карда, ба зидди сокини Чоркӯҳ бар асоси қисми дуюми моддаи 289-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда кушодаанд. Ба ӯ бар асоси ин банди қонун ҷарима ба андозаи аз 912 то 1460 нишондиҳанда ваё аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.

Рӯзи 23 апрел, тахминан соати 16, Маҳмадаюб Мирзоев, сокини 54-солаи ҷамоати Истиқлоли ноҳияи Шаҳринав дар роҳи Турсунзода – Душанбе зери чархи мошини “Дэу-Нексия», таҳти идораи сокини 40-солаи ҷамоати Сешанбеи Турсунзода Файзиев Муродалӣ монда, бар асари ҷароҳатҳои вазнини бардоштааш, субҳи 24 апрел, соати 08:55 дар бемористон ҷон бохтааст. Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ҷон бохта, беш аз 1200 тан маъюб мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button