ВидеоИқтисодТоҷикистонЧеҳраҳо

ОФАРИН! ХОНАНДАИ СИНФИ 7 АЗ ПАНҶАКЕНТ ТРАКТОРИ ҲАМАКОРА СОХТААСТ (ВИДЕО + 60 АКС)

Хонандаи синфи 7 аз мактаби №14 шаҳри Панҷакент Дилшод Ойматов трактори хурди ҳамакора сохтааст, ки метавонад чандин амал, бо шумули бурдани то як тонна бор, ҷуфту чизел ва сихмолаву ҳамвор кардани замин, ҷӯву сартирак гирифтан ва реза кардан (фреза)-ро иҷро кунад. Трактори сохтаи Дилшод нафақат ғолиби Олимпиадаи 53-юми техникҳои навраси вилояти Суғд шуд, балки дар ин сабқати толибилмони соҳибистеъдоди ин вилоят, ки рӯзи 22 апрел дар ноҳияи Ҷаббор Расулов доир шуд, барои дастаи Панҷакент ҷои аввалро таъмин кард.

Дилшод Ойматов дар баробари таҳсил дар мактаб ҳамчунин узви фаъоли маҳфили техникони наврасаи Маркази таҳсилоти иловагии №1 шаҳри Панҷакент мебошад.

Дилшод дар суҳбат бо хабарнигори “Ховар” Акрамхоҷа Акбар гуфт, ин трактори хурди ҳамакораро бо кумаки падар ва устодаш дар муддати сол ва бо харҷи ҳудудан  30 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 2500 доллар) сохтааст.

 «Мақсади сохтани ин мини-трактор он аст, ки мо ҳар сол ба хотири кишт ва ғундоштани ҳосил маблағи калон сарф мекунем, ки ба буҷаи оилаи мо зарар мерасонад. Аз ин лиҳоз тасмим гирифтам  чизе ихтироъ кунам, ки ба оилаамон фоиданок бошад», — мегӯяд Дилшод.

Бино ба гузориши “Ховар”, трактори сохтаи Дилшод 9 намуди корҳоро метавонад анҷом диҳад. Ин трактори ҳамакора дорои таҷҳизоти иловагие, чун ҳамворкунак (дарозиаш 150 см), чизел барои кофтани замин (дарозиаш 120 см, бараш 50 см ва чуқурии лимехҳои он 40 см), сартиракгирак (бараш 50 см ва чуқуриаш 40 см), сихмола (дарозиаш 120 см ва бараш 100 см), ҷӯягирак (дарозиаш 120 см, бараш 60 см ва чуқуриаш 40) см ва фреза ё таҷҳизоти резакунӣ(дарозиаш 120 см) мебошад.

Ин трактор ҳамчунин притсеп (тарёл)-ро бо 1 тонна бор мекашад ва борҳои вазнашон то 300 килограммро мебардорад.

Дилшод Ойматов, ин навраси пуристеъдод гуфтааст, ки ният дорад, дар оянда тракторҳое, ки бо газ кор мекунанд, ва таҷҳизоти алафдаравак, чимзанак, картошкаканак низ бисозад.

Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд дар ҳисоботаш аз Олимпиадаи техникҳои наврас навиштааст, ки дар ин Олимпиада дар баробари трактори ҳамакораи Дилшод Ойматов таваҷҷуҳи тамошобинон ва ҳайъати ҳакамонро ҳамчунини чанд сохтаву ихтирои дигари техникҳои наврас, аз ҷумла дастгоҳи худсохти хишт аз хокаи кумур барои гармидиҳии печҳои барқӣ аз ноҳияи Ҷаббор Расулов, дастгоҳи худсохти истеҳсоли барқ аз вакуум аз шаҳри Хуҷанд, тайёраи бесарнишини Суғд-1 аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ракетаи парвозкунандаи МТИВ-2 аз шаҳри Хуҷанд, қайчии худсохти ҳамакор аз шаҳри Исфара, дастгоҳи автоматии омодасозии шир ва қаймоқ аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дастгоҳи худсохти инкубатор барои парвариши чӯҷаҳо аз ноҳияи Ашт, гармхонаи боақл аз ноҳияи Шаҳристон, аробачаи худсохти маъюбӣ аз ноҳияи Деваштич, роботи ҳамакор аз шаҳри Истаравшан, анкабути ҳамакор аз шаҳри Конибодом, моторсикли худсохт аз шаҳри Бӯстон, дастгоҳи худсохти обҳои ташнашикан аз ноҳияи Мастчоҳ, силсила барномаи компютерии “Доно” аз шаҳри Хуҷанд, барномаи шинохти чеҳра аз шаҳри Гулистон ба худ ҷалб кардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Салом бар ҳама халқи шарифи Точикистон,бар нависандаи ин матну бар мухбири ин барнома!!
    ХОКИ ПАНҶАКЕНТ ШОЪИРЗОЙ ВА ОЛИМЗОЙ БУД ,АСТ ВА МЕМОНАД. Ба пеш халқи ба номуси тоҷик!
    Худо хоҳад ояндаи тоҷику Тоҷикистон хеле дурахшон ва пешрафта хоҳад шуд.Халқи тоҷик аз қадим зираку бо фарҳангу бо номус буданд ва мемонанд. Худо хоҳад ,давлатҳои ҳамсоя аз мо ёри талаб мекунанд, на мо аз онҳо. Ояндаи халқи мо аз муҳоҷири ба тоҷириву тиҷораткуни бармегарданд. Худовандо ,ҳамаи мардуми шарифи Точикистон ро дар Ватани худашон аз кору баракаи даргоҳат насиб гардон то ,ки аз назди мардуми руси беинсофу бе дин баргарданд бар назди фарзанду модару падаронашон,омин. Хаста шудем аз ин гадоиву дар ба дари масеҳиён 😢.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button