ВидеоИқтисодМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонХабарҳои кӯтоҳ

МУСОДИРАИ 48 САР ЧОРВО АЗ МАНЗИЛИ ЯК СОКИНИ ЧОРКӮҲ

Сокини  53-солаи ҷамоати Чоркӯҳи Исфара барои қочоқи ғайриқонунии чорво  дастгир шуд. ВКД гуфт, ки ӯ рӯзи 10 апрел, 48 сар чорвои калони шохдори зоти сарсафеди қазоқиро, ҷамъ ба маблағи 241 ҳазору 500 сомонӣ бидуни назорати гумрукӣ, бе декларатсия ва супоридани боҷи гумрукӣ, бо роҳи қочоқ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ворид намудааст. Рӯзи 20 апрел кормандони милитсия ин 48 сар чорвои қочоқиро ҳамчун далели шайъӣ мусодира карда, ба зидди сокини Чоркӯҳ бар асоси қисми дуюми моддаи 289-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда кушодаанд. Ба ӯ бар асоси ин банди қонун ҷарима ба андозаи аз 912 то 1460 нишондиҳанда ваё аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.

Ҷамоати Чоркӯҳи Исфара дар марз бо ноҳияи Бодканди Қирғизистон ҷойгир шуда, ба далели то ҳол пурра таъйину аломатгузорӣ нашудани ин қитъаи марз яке аз нуқтаҳои доғтарин дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба шумор меравад.

Бо ин вуҷуд, бисёре аз сокинони деҳоти ду тарафи ин марз аз ҳисоби додугирифт ва тиҷорати наздимарзӣ рӯз мебаранд.

Қирғизистон ба фарқ аз Тоҷикистон узви ЕвразЭС аст ва ба ин далел, маҳсулотро аз кишварҳои дигари узви ин созмон бидуни пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андози НДС ворид мекунад. Дар натиҷа, нархи бисёре аз маҳсулоти воридотӣ дар Қирғизистон назар ба Тоҷикистон арзонтар аст ва сокинони деҳоти наздимарзӣ чунин маҳсулотро дар Қирғизистон арзон мехаранд, то баъдан дар Тоҷикистон бо нархи гаронтар бифурӯшанд.

Воридоти чунин маҳсулот бисёр вақт бо роҳҳои қочоқӣ сурат мегирад.

Ошкор гардидани қочоқи ғайриқонунии чорвои калони шохдор

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 53-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара бо гумони қочоқи ғайриқонунии чорвои калони шохдор дастгир карда шуд.
Номбурда, рӯзи 10-уми апрели соли 2021, 48-сар чорвои калони шохдори зоти сарсафеди қазоқиро, ҷамъ ба маблағи 241 ҳазору 500 сомонӣ бидуни назорати гумрукӣ, бе декларатсия ва супоридани боҷи гумрукӣ, бо роҳи қочоқ аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудааст.
20-уми апрели соли 2021, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, аз номбурда 48-сар чорвои калони шохдор ҳамчун далели шайъӣ гирифта шуд.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 289 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button