ВидеоДин ва боварҳоНуқтаи назар

КУМИТАИ ДИН: МАЪРАКАҲОИ ИФТОРРО ДАР ТОҶИКИСТОН КАСЕ МАҲДУД НАКАРДААСТ

Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дини Тоҷикистон дар як матлаб дар саҳифааш дар Фейсбук эҷод шудани кадом маҳдудияте барои баргузории ифтор дар моҳи шарифи Рамазонро рад кардааст. 

Афшини Муқим навиштааст, зимни баррасии масъалаи боло бурдани ҳаҷми ҷаримаҳо барои вайрон кардани қонуни танзим дар парлумон масъалаи маҳдуд кардани ифтор матраҳ нашуда буд ва як ишораи раиси Кумитаи дин Сулаймон Давлатзодаро бархе барғалат ба маънои маҳдуд кардани баргузории маъракаҳои ифтор маънидод кардаанд.

Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин рӯзи 21-уми апрел дар пайи муаррифии тағйирот ба қонуни танзими анъанаҳо ва боло бурдани ҳаҷми ҷарима барои вайрон кардани ин қонун баъди берун омаданаш аз иҷлосияи парлумон ба хабарнигорон гуфт, “ифтор бояд танҳо дар доираи оила гузаронида шавад.”

“Меҳмондориро ягон кас манъ кардагӣ нест, ҳама гуна ҷамъомад вобаста ба шароит агар ситод теъдоди иштирокдоронро муайян кунад. Ифтор дар доираи оила аст,” – гуфтааст ӯ.

Вале Афшин Муқим дар матлабаш исрор меварзад, ки Сулаймон Давлатзодаро ғалат фаҳмидаанд. Аммо дар мавриди ифтор. Тавре ишора намудем, дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон масъалаи эҷоди маҳдудият дар баргузории ин ё он маърака, махсусан маъракаи ифтор муҳокима нашудааст. Айни ҳол баргузории маъракаи ифтор на дар ҳошияи қонун ва дар асоси қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ вобаста ба пешгирии бемории ҳамагир маҳдуд нагардидааст. Ишораи Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода дар мавриди дар доираи оила баргузор намудани маъракаи ифтор ҳам танҳо ба ин маъност, ки бояд дар чунин шароит аз ҳама гуна зиёдаравию исрофкорӣ худдорӣ шавад. Гузашта аз ин, ҳарчи маҳдуд будани шумораи иштирокдорони дилхоҳ маърака, аз ҷумла ифтор дар вазъияте, ки ҳанӯз ҳам эҳтимоли хуруҷу густариши бемории сироятӣ вуҷуд дорад, ба суди кор аст”, – навиштааст Афшини Муқим.

Сухангӯи Кумитаи дин афзудааст, ки хуб мешуд, агар мардум дар хайру садақа дар моҳи Рамазон ва моҳҳои дигар  худро танҳо бо оростани дастурхону додани ғизо маҳдуд намекарданд: “Инро ҳам бояд ба назар гирем, ки хайру садақа кардан танҳо бо додани таом маҳдуд намешавад. Ҳар касе хоҳиши хайру садақа карданро дорад, бо роҳҳое ин корро анҷом медиҳад, ки дигар на ба тавсияи Кумитаи дин эҳтиёҷ мемонаду на касе ҳам аз хайраш хабар меёбад. Масалан, чӣ касе лаззати (агар ин ҳолатро лаззат гуфта шавад) суҳбат бо тифлакони ятимро чашидааст? Вақте ду ширинӣ дар даст вориди ятимхона мешавӣ, чандин тифлаки маъсум “дадаҷон”, “отаҷон” гуфта аз банди поят медоранд… Ин як дунёи дигар аст…

Ӯ аз мардум хостааст, ки пешниҳоди Сулаймон Давлатзодаро ҳамчун “ҳамлаи нав ба озодиҳои динӣ” қабул накунанд: “Салоҳи кор ин аст, ки ҳар гуна тавсияву машваратеро, ки метавонад ба суди мову ҷомеаи мо бошад, “маҳдудият дар охирин маросими диние, ки мардум ҳаққи таом додан доштанд…”, “душманӣ бо дин” ё “гирифтани пеши роҳи садақа” унвон накунем. Табиист, ки ин корро расонаҳе бо ҳадафҳои маълум анҷом медиҳанд.”

Афшини Муқим

ДАР МАВРИДИ ИФТОР

Ахиран дар расонаҳои иттилоотӣ хабару гузоришҳое дар мавриди маъракаи ифтор ва шеваи баргузории он ба нашр расиду баъзеҳо атрофи ин масъала ҳангомаҳое ҳам сохтанд. Ин мавзӯъ аз он оғоз гардид, ки 21-уми апрел ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардиду зимни он масъалаи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ муҳокима шуд. Рӯзномаи “Садои мардум” менависад: “Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Аҳмадзода, Қ. Ҳакимзода, Д. Раҳмон ва Р. Муқимӣ пешниҳод шудааст”.

Ҳадафи ин тағйирот дар нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “такмили ҷавобгарии маъмурӣ барои вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим, мушаххасу саҳеҳ гардонидани меъёрҳо ва ба ин васила, мусоидат намудан барои таъмини риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонун, дар маҷмӯъ, мукаммал намудани меъёрҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” арзёбӣ гардидааст.

Ин нуктаро бояд ба эътибор гирем, ки дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон аслан масъалаи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар ҶТ” баррасӣ нагардида, балки бо ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ меъёрҳои ҷарима барои риоя накардани талаботи қонун мувофиқан баланд бардошта шудааст.

Аммо дар мавриди ифтор. Тавре ишора намудем, дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон масъалаи эҷоди маҳдудият дар баргузории ин ё он маърака, махсусан маъракаи ифтор муҳокима нашудааст. Айни ҳол баргузории маъракаи ифтор на дар ҳошияи қонун ва дар асоси қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ вобаста ба пешгирии бемории ҳамагир маҳдуд нагардидааст. Ишораи Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода дар мавриди дар доираи оила баргузор намудани маъракаи ифтор ҳам танҳо ба ин маъност, ки бояд дар чунин шароит аз ҳама гуна зиёдаравию исрофкорӣ худдорӣ шавад. Гузашта аз ин, ҳарчи маҳдуд будани шумораи иштирокдорони дилхоҳ маърака, аз ҷумла ифтор дар вазъияте, ки ҳанӯз ҳам эҳтимоли хуруҷу густариши бемории сироятӣ вуҷуд дорад, ба суди кор аст. Баъдан, инро ҳам бояд ба назар гирем, ки хайру садақа кардан танҳо бо додани таом маҳдуд намешавад. Ҳар касе хоҳиши хайру садақа карданро дорад, бо роҳҳое ин корро анҷом медиҳад, ки дигар на ба тавсияи Кумитаи дин эҳтиёҷ мемонаду на касе ҳам аз хайраш хабар меёбад. Масалан, чӣ касе лаззати (агар ин ҳолатро лаззат гуфта шавад) суҳбат бо тифлакони ятимро чашидааст? Вақте ду ширинӣ дар даст вориди ятимхона мешавӣ, чандин тифлаки маъсум “дадаҷон”, “отаҷон” гуфта аз банди поят медоранд… Ин як дунёи дигар аст…

Пас, салоҳи кор ин аст, ки ҳар гуна тавсияву машваратеро, ки метавонад ба суди мову ҷомеаи мо бошад, “маҳдудият дар охирин маросими диние, ки мардум ҳаққи таом додан доштанд…”, “душманӣ бо дин” ё “гирифтани пеши роҳи садақа” унвон накунем. Табиист, ки ин корро расонаҳе бо ҳадафҳои маълум анҷом медиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button