ВидеоИқтисодНомаҳо ба президент

ҶОНБЕЗОР ШУДЕМ! ШИКОЯТИ ТОҶИРОНИ ИСФАРА АЗ МАҚОМОТИ АНДОЗ

Як гуруҳи тоҷирони Исфара ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” шикоят карданд, ки як ҳафта боз як гуруҳи корӣ аз раёсати андози вилояти Суғд  дар Исфара қарор дошта, соҳибкоронро саросару бепуштпушт ва дар бисёр мавридҳо бедалел ҷарима мебанданд. Тоҷирон мегӯянд, онҳоеро, ки аз пардохти ҷарима  ваё пардохти “доля” ба санҷишгарон сарпечӣ мекунанд, ба дари дӯконҳояшон муҳр мезананд. Ба гуфтаи тоҷирон, мақомоти андоз зоҳиран бо чунин усул мехоҳанд нақшаи андозро иҷро кунанд, вале дар амал таъқибу фишор ба соҳибкорон, ба ақидаи онҳо, натиҷаи баракс медиҳад ва ҳам хилофи сиёсати президент Эмомалӣ Раҳмон аст, ки доимо эҷоди сабукӣ барои аҳли тиҷорат ва пешгирӣ аз санҷишҳои пайдарпаю нолозимро аз мақомот талаб мекунад.

Як гуруҳи тоҷирон аз шаҳри Исфара ба шарти набурдани номашон ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” аз рафтори як гуруҳи кории аз раёсати андози вилояти Суғд ба Исфара фиристодашуда шикоят карданд. Онҳо мегӯянд, ки аз дасти ин кормандони андози вилоят ба ҷон омадаанд, вале намедонанд, ки пеши роҳи инҳоро кӣ бояд гирад?

Ба гуфтаи тоҷирон, як ҳафта боз гуруҳе аз кормандони Раёсати андози вилояти Суғд  барои санҷиш ба шаҳри Исфара  сафарбар шуда, соҳибкоронро саросар ва бисёр вақт бедалел ҷарима мебанданд.

“Ҳатто  дар ҳоле ки ҳармоҳа маблағи андозро саривақт пардохт карда бошед, ин кормандони андоз баҳонаи дигаре ҳатман пайдо мекунанд ва шароите сохтаанд, ки ё бояд ҷарима шавӣ, ё ба онҳо панҷ ҳазор сомонӣ ҳамчун пора  бидиҳӣ. Агар сар бипечӣ, дари дӯконатро муҳр мезананд”, – нақл карданд тоҷирони Исфара. 

Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони “Бомдод”,  дари чандин дӯконро ба сабаби пардохт накардани ҷарима ё саркашӣ аз додани “доля” муҳр задаанд ва бархе дигар аз тоҷирони Исфара аз тарси ба чанги  кормандони андози вилоят наафтодан дари дӯконҳои худро қуфл зада, тибқи мақоли “аз девори каҷ ҳазар” дар ин шабу рӯзи санҷиш фаъолияти худро боздоштаанд.

“Ҳоло шароит ба ҳама маълум аст, кор нест, мардум пул надорад, ки омада харид кунад,  мо ҳам пул надорем, ки бароварда ба онҳо  панҷ ҳазор сомонӣ бидиҳем. Вале онҳо инро намефаҳманд, ё  бояд ҳақашонро бидиҳем, вагарна ҷарима мекунанд, Додамонро ба куҷо гӯем, намедонем”, – мегӯянд ин тоҷирон.

Онҳо меафзоянд, ки президенти Тоҷикистон ҳамеша дар суханрониҳои худ таъкид мекунанд, ки барои соҳибкорону тоҷирон сабукэ эҷод кунед, онҳоро бо санҷишҳои пайдарпай ва нозарур ҷонбезор накунед,  вале ин таъкидҳо зоҳиран ба кормандони андози вилояти Суғд таъсире надорад.

Ин бори аввал нест, ки шикоятҳои тоҷирон рейдҳои кормандони андози вилояти Суғд  расонавӣ мешаванд. Соли гузашта соҳибкорони шаҳри Панҷакент низ аз рафтори гуруҳи кории раёсати андози ин вилоят шикоят карда буданд. Дар пайи он шикоятҳо гуруҳи кории раёсати андози Суғд бошитоб тарки Панҷакент кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button