ВидеоМинтақа ва ҷаҳонТоҷикистон

САРХАТИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 24 АПРЕЛИ СОЛИ 2021 (ВИДЕО)

Хулосаи хабарҳои муҳими шанбе, 24 апрели Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.  Дар ин барнома:

ЭЪЛОНИ ҲУКМИ 9 НАФАР БАРОИ ҚОЧОҚИ 1,4 ТОННА ТИЛЛО ВА 55 МИЛЛИОН ДОЛЛАРУ 207 МИЛЛИОН РИЁЛ

БОБОИ ДОНАРО АЗ ЗИНДОН ОЗОД КАРДААНД

ДУ ҶАВОНИ ҚИРҒИЗИ ГУМШУДАРО ДАР ТОҶИКИСТОН ЁФТАНД

БОЗДОШТИ 4 НАФАР БО 5900 ДОЛЛАРИ ҚАЛБАКӢ ДАР ПОЙТАХТ (ВИДЕО)

ҲАЛОКАТИ ПИРАМАРДИ 74-СОЛА ДАР НАТИҶАИ БАРХӮРДИ “ДЕУ ЛАБО” БО ХАРАРОБА

Ва акнун тафсилоти хабарҳо:

Додгоҳи шаҳри Душанбе 9 нафарро ба даст доштан дар қочоқи қариб 1,4 тонна тилло, 55 миллион доллар, 4,5 миллион евро, 1 миллион фунт стерлинг, 207,5 миллион риёли Саудӣ, 2,5 миллион дирҳами Иморот, 585 ҳазор динори Кувайт ва 200 ҳазор доллари Канада гунаҳкор шинохт.  Вале додгоҳ нисбат ба онҳо ҷазоҳои сабук – ҳадди аксар 5 солу 6 моҳи зиндонро раво дидааст ва аз ҷумла  яке  аз муттаҳамон танҳо ба 2 соли корҳои ислоҳӣ ва се нафар ба ҳамагӣ 2 соли зиндон маҳкум шуда, танҳо 5 нафари асосӣ аз 5 то 5 солу 6 моҳ ҳукми зиндон гирифтаанд.

Додгоҳи Душанбе гуфт, “Муҳаммадалӣ Сафаров ва Субҳиддин Назаров бо шаҳрвандони хориҷӣ  ҷиҳати қочоқи тилло ба Дубай ва Туркия аз тариқи Тоҷикистон маслиҳат карда,  ба ин мақсад Сафаров бародараш Фирдавс ва домодҳояш Меҳрубон Раҳмонов ва Ҳасан Саидовро низ ҷалб кардааст.  Аъзои ин гуруҳи ҷиноӣ танҳо аз 4 сентябр то 14 ноябри соли 2020 дар 37 ҳолат, ҷамъ асъори хориҷӣ 207 миллиону 594 ҳазору 515 риёли Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, 2 миллиону 565 ҳазору 510 дирҳами Амороти Муттаҳидаи Араб, 55 миллиону 560 ҳазор доллари Амрико, 1 миллиону 10 ҳазор фунт стерлинги Бритониё, 4 миллиону 460 ҳазор евро, 585 ҳазору 431 динори Кувайт, 200 000 доллари Канада ва 1 тоннаю 376 килою 756 грамм тиллои дар шакли сабиқа омодашударо тавассути нуқтаи гумрукии Панҷи Поён аз Афғонистон ғайриқонунӣ ворид кардаанд ва тавассути фурудгоҳи Душанбе ба Дубай ва Истанбул интиқол додаанд.”

14 ноябри соли 2020 тахминан соати 18 Назаров Субҳиддин бо Сафаров Фирдавс баъди гузаштани ҳамаи дидбонгоҳҳои дохили Фурудгоҳи Душанбе дар роҳ ба сӯи толори парвози ҳавопаймои самти Душанбе-Дубай дастгир гашта, аз онҳо далелҳои шайъӣ, яъне 13 489 638 риёли Арабистони Саудӣ, 200 000 фунт стерлинги Бритониё ва 89 килову  350 грамм тилло ёфта гирифта шуд.

Сомонаи “Бомдод” нахустин расонае буд, ки алакай дар ҳамон моҳи ноябри соли 2020 дар бораи боздошти қочоқбарон бо ҳудуди 90 кило тилло дар фурудгоҳи Душанбе хабар дода буд.

Расонаҳои Афғонистон ахиран навиштанд, ки дар пушти ин қочоқи мақодири бузурги тилло ва асъори хориҷӣ Мирзо Катавозай, муовини раиси парлумони он кишвар истодааст. Сафари Катавозай ба Тоҷикистон дар поёни моҳи феврал ба оташи ин сарусадоҳо равғани боз ҳам бештар рехт ва дар расонаҳои Афғонистон ҳадс мезаданд, ки Катавозай асосан бо ҳадафи баррасии масъалаи пулу тиллоҳои дар Тоҷикистон мусодирашудааш ба Душанбе рафтааст.

Аммо Катавозай  дар Душанбе ба хабарнигорон гуфт, дар қочоқи тиллову асъори хориҷӣ аз тариқи Тоҷикистон даст надорад: “Чунин як чизе вуҷуд надорад, чун ман сиёсатмадор ҳастам, на тоҷир”, –гуфт вай. Аммо Катавозай тавзеҳ дода натавонист, ки пас чаро маҳз номи ӯ дар ин қазия гиреҳ хӯрдааст. Катавозай баъди бозгашташ аз Душанбе аз мақом барканор шуд.

xxxxxxx

Дониёр Набиев, маъруф ба Бобои Дона, яке аз собиқадорони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ) рӯзи 23 апрел аз маҳбас озод карда шуд. Яке аз наздикони Бобои Дона ба сомонаи “Бомдод” гуфт, ӯро шоми 23 апрел ба хона ҷавоб доданд. “Бобои Дона вақтҳои охир дар қисми тиббии маҳбаси Ваҳдат аз бемории сил табобат мегирифт. Сабаби озодиаш аз зиндон ҳам бемории сил доштанаш мебошад”, – гуфт ҳамсуҳбати “Бомдод”.

Бобои Дона, сокини 80-cолаи деҳаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ 27 августи соли 2020 бо иттиҳоми ба хонаводаҳои аъзои зиндонии ҲНИТ расондани кумакҳое, ки аз хориҷ равон мекарданд, боздошт ва моҳи декабр ба 7 соли зиндон маҳкум шуда буд.

Он вақт маҳкум ба зиндон шудани як нафари солхӯрдаи дар синни 80 ва он ҳам бо ҷурми расондани кумакҳо ба хонаводаҳои зиндониён мавҷи интиқодҳо аз мақомоти Тоҷикистонро барангехт ва ба ин мавзӯъ созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон низ таваҷҷуҳ карданд.

Дар посух ба ин интиқодҳо ВКД Тоҷикистон рӯзи 8 январ бо пахши як изҳорот гуфт,  додгоҳ Дона Набиевро дар ташкили фаъолияти созмони экстремистӣ гунаҳкор шинохт.

ВКД ҳамчунин гуфт, Дона Набиев “дар сохтори собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ ба ҳайси “қозӣ” фаъолият намуда, сокинони бегуноҳи ҷумҳуриро ба ҷазоҳои вазнинтарин, ҳатто то ҳукми қатл, маҳкум мекард” ва “дар куштори оммавии сокинони маҳаллии вилояти Хатлон иштирок кардааст” ва баъди манъи фаъолияти ҲНИТ дар соли 2015 низ ба амалҳои зиддиқонуниаш идома дода, аз ҷумла маблағҳои аз хориҷ фиристода шударо барои фаъолиятҳои ифротӣ харҷ мекард.

Аммо ҲНИТ ба дунбол ин иддаои мақомотро  ”сиёсӣ ва туҳмати ошкор”  номида,  гуфт, дар сохтораш ҳеҷ гоҳ мақоми қозӣ вуҷуд надошт, ки Бобои Дона қозӣ бишавад. ҲНИТ аз мақомоти Тоҷикистон талаб карда буд, ки аз “бадном кардани як пирамарди бегуноҳ” даст бикашанд ва бобои Донаро фавран озод кунанд.

Фаъолияти ҲНИТ дар Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2015 дар пайи саркӯби ошӯби ноком ба раҳбарии муовини вазири дифоъ генерал Абдуҳалим Назарзода расман манъ карда шуд.Баъди манъи фаъолияти ҲНИТ даҳҳо узви он дар Тоҷикистон ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуда, садҳо тан аз пайравону ҳаводоронаш тарки Тоҷикистон карданд.

хххххх

Аз маъмурияти вилояти Бодканди Қирғизистон хабар доданд, ки ду сокини ҷавони ноҳияи Лайлак, ки шаби 24 апрел ғайб заданд, дар Тоҷикистон ёфт шуданд. Маълум мешавад, онҳоро марзбонҳои қитъаи марзбонии Ғончӣ бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марз дастгир кардаанд.

Мақомоти Бодканд ба бахши қирғизии радиои Озодӣ гуфтаанд, ки дар натиҷаи музокирот ҷониби Тоҷикистон ин ду ҷавонро алакай озод кардаанд. Мақомоти Бодканд вазъи саломатии онҳоро хуб арзёбӣ карда, гуфт, сабаби боздошти онҳо таҳқиқ мешавад. Ҷониби Тоҷикистон рӯзи 24 апрел ҳамчунин 6 шаҳрванди дигари Қирғизистонро, ки низ дар Тоҷикистон дар боздошт қарор доштанд, озод кардааст.

Шаби 24 апрел ду ҷавони қирғиз дар марзи ноҳияи Лайлаки Қирғизистон бо ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ғайб заданд.

Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, Ашрапов Достон Ҳабибуллоевич, с.т. 2002 ва Канибек уулу Кубатбек, с.т.  2000  дар сохтмони як коргоҳи дӯзандагӣ  дар деҳаи Эски-Оочуи ҷамоати Бешкенти ноҳияи Лайлак дар наздикии марз бо ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кор мекарданд. Онҳо шоми 23 апрел то соати 22 кор карда, сипас бо мақсади посбонии маводи сохтмонӣ дар маҳалли сохтмон мондаанд ва шабро дар хайма гузарондаанд. Вале онҳо субҳ  барои нонушта ба хона барнагаштанд. Ҳамдеҳаҳо ба маҳалли посбонии онҳо омада, дидаанд, ки ҷавонҳо ғайб задаанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ як видео аз ҷои ҳодиса нашр шудааст. Дар ин видео як зан, зоҳиран модари яке аз ҷавонҳои гумшуда бо садои гирён изи хун дар пойафзоли яке аз онҳоро нишон медиҳад. Ӯ мегӯяд, марзбонҳои тоҷик низ дар ҷои ҳодиса қарор доранд ва ӯ аз ҷониби Тоҷикистон низ барои ёфтани ин ду ҷавон кумак металабад.

Хххххх

РВКД Душанбе аз боздошти 4 нафар бо иттиҳоми ба муомилот баровадани пулҳои қалбакӣ хабар дод. Аз сокини 35-солаи деҳаи Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ Сулаймон Искандаров ва сокинони Душанбе: Искандар Гулаҳмадов, с.т. 1991, Фиркдавс Шукуров, с.т. 1994 ва Сорбон Эгамқулов, с.т. 1995 дар маҷмӯъ  5900 доллари қалбакӣ, аз ҷумла 26 купюраи 100-доллара ва 66 купюраи 50-доллара мусодира шудааст. Ташхиси ин пулҳо нишон дод, ки онҳо қалбакӣ буда, бо истифода аз дастгоҳи чопи ранга сохта шудаанд.

Дар ҷараёни тафтиш маълум шудааст, ки гумонбаршудагон долларҳои қалбакиро, ки аз рӯи шакл, ҳаҷм ва дигар сифатҳо ба доллари аслӣ монандӣ дошта, қалбакӣ будани онро муайян кардан душвор аст, аз хориҷ ба Тоҷикистон ворид кардаанд.

“Дар натиҷаи тафтишоти пешакӣ муайян гардид, ки моҳи феврали соли ҷорӣ дастгиршуда Искандаров Сулаймон 14-ҳазор доллар купюраҳои қалбакиро ба хотири ба муомилот баровардан қабул намуда, ба рафиқаш Гулаҳмадов Искандар додааст. Гулаҳмадов Искандар бошад ба хотири амалӣ сохтани ин кирдори ҷиноятӣ рафиқонаш Шукуров Фирдавс ва Эгамқулов Сорбонро ҷалб намуда, як қисми онро ба хориҷи кишвар ва қисми дагарашро, ки мусодира шуд, дар марказҳои дилхушӣ ва дигар маконҳо ба муомилот баровардаанд”,  – гуфта мешавад дар иттилоияи маркази матбуоти РВКД Душанбе.
Ба зидди ин 4 нафари дастгиршуда бар асоси қисми дуюми моддаи 281-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, онҳоро ба ҳабси пешакӣ гирифтаанд. Ба ин 4 нафар барои ба муомилот баровардани миқдори бузурги пулҳои қалбакӣ  ҳамчун муҷозот аз 8 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

Вақтҳои охир дар Тоҷикистон мавридҳои ба муомилот баровардани асъори қалбакӣ зиёд ба назар мерасад. Рӯзи 19 апрел маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз боздошти ду ҷавон дар Норак бо 7800 доллари қалбакӣ хабар дода буд.

Гуфта мешуд, ки ду сокини 23- ва 17-солаи шаҳри Нoрак давоми моҳҳои апрел ва марти соли 2021 аз шиносашон  – сокини 28-солаи Норак пулҳои 100-долларии қалбакиро дастрас карда, талош кардаанд, ки ин пулҳоро ба ду сокини дигари Норак фурӯшанд. Ташхиси судӣ-криминалистӣ нишон додааст, ки 7800 доллари аз ин ду сокини Норак мусодирашуда қалбакӣ мебошанд.

ххххххх

Ва дар анҷоми барнома чанд хабари криминалии рӯз:

Рӯзи 23 апрел, тахминан соати 10:40, дар роҳи Айнӣ – Панҷакент дар ҳудуди деҳаи Сӯфиёни ҷамоати Халифа Ҳасан дар канори шаҳриПанҷакент бар асари бархӯрди мошини “Дэу Лабо” бо як харароба, соҳиби ароба, сокини 74-солаи ҷамоати Халифа Ҳасан Холмуродов Нормурод  ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

 Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистн то 400 нафар ҷон бохта, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

Ду ҷавони 24-солаи сокини ҷамоати Истиқлоли ноҳияи Ҷайҳун ба он гумонбар мешаванд, ки шаби 21 ба 22 апрел аз заминҳои хоҷагии деҳқонии як сокини 38-солаи шаҳраки Дӯстӣ дар ҳудуди ҷамоати Истиқлол  4 сар чорвои хурди шохдорро дуздидаанд. Ҳаҷми зарари расонидашуда 2 400 сомониро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин ду сокини 25 ва 42-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ба он гумонбар мешаванд, ки рӯзи 22 апрел,  тахминан соати 14:00,  аз заминҳои чарогоҳ дар ҷамоати Лоҳур  як сар чорвои калонро дуздида, ба соҳиби он – сокини 49-солаи Лоҳур 2300 сомонӣ зарар расондаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button