ДУ ҶАВОНИ ҚИРҒИЗИ ГУМШУДАРО ДАР ТОҶИКИСТОН ЁФТАНД. ОНҲОРО АЛАКАЙ ОЗОД КАРДААНД (ВИДЕО)
Аз маъмурияти вилояти Бодканди Қирғизистон хабар доданд, ки ду сокини ҷавони ноҳияи Лайлак, ки шаби 24 апрел ғайб заданд, дар Тоҷикистон ёфт шуданд. Маълум мешавад, онҳоро марзбонҳои қитъаи марзбонии Ғончӣ бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марз дастгир кардаанд.
Мақомоти Бодканд ба бахши қирғизии радиои Озодӣ гуфтаанд, ки дар натиҷаи музокирот ҷониби Тоҷикистон ин ду ҷавонро алакай озод кардаанд. Мақомоти Бодканд вазъи саломатии онҳоро хуб арзёбӣ карда, гуфт, сабаби боздошти онҳо таҳқиқ мешавад. Ҷониби Тоҷикистон рӯзи 24 апрел ҳамчунин 6 шаҳрванди дигари Қирғизистонро, ки низ дар Тоҷикистон дар боздошт қарор доштанд, озод кардааст.
Шаби 24 апрел ду ҷавони қирғиз дар марзи ноҳияи Лайлаки Қирғизистон бо ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ғайб заданд.
Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, Ашрапов Достон Ҳабибуллоевич, с.т. 2002 ва Канибек уулу Кубатбек, с.т. 2000 дар сохтмони як коргоҳи дӯзандагӣ дар деҳаи Эски-Оочуи ҷамоати Бешкенти ноҳияи Лайлак дар наздикии марз бо ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кор мекарданд. Онҳо шоми 23 апрел то соати 22 кор карда, сипас бо мақсади посбонии маводи сохтмонӣ дар маҳалли сохтмон мондаанд ва шабро дар хайма гузарондаанд. Вале онҳо субҳ барои нонушта ба хона барнагаштанд. Ҳамдеҳаҳо ба маҳалли посбонии онҳо омада, дидаанд, ки ҷавонҳо ғайб задаанд.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ як видео аз ҷои ҳодиса нашр шудааст. Дар ин видео як зан, зоҳиран модари яке аз ҷавонҳои гумшуда бо садои гирён изи хун дар пойафзоли яке аз онҳоро нишон медиҳад. Ӯ мегӯяд, марзбонҳои тоҷик низ дар ҷои ҳодиса қарор доранд ва ӯ аз ҷониби Тоҷикистон низ барои ёфтани ин ду ҷавон кумак металабад.