ФарҳангЧеҳраҳо

ЗОДРӮЗИ БЕСОҲИБҶАШН. 6 САҲФАИ УМРИ ҚУРБОНАЛӢ АБДУЛЛОЕВ (ВИДЕО)

Агар умр вафояш мекард, Қурбоналӣ Абдуллоев, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон рӯзи 23 апрел ба синни 58 мерасид. Ин овозхони маҳбуб 11 январи соли ҷорӣ баъди ду моҳи набард бо коронавирус аз олам чашм пӯшид. Аз ӯ 4 фарзанд нишона монд, ки яке Кароматуллоҳи Қурбон ном дорад ва роҳи падарро интихоб кардааст.

Худи Қурбоналӣ Абдуллоев як сол қабл, дар моҳи Рамазони соли 2020 дар Фейсбук навишта буд, ки дигар тарки саҳна мекунад: “Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим. Имрӯз, 12 майи 2020, банда ба қароре омадам, ки саҳнаи калон ва ҳунари овозхониро тарк намоям. Қарорам қатъист. Аз ҳама азизону ҳамкасбон ва мухлисон ташаккур мекунам. Дар ин муддати умр аз нафароне, ки озорашон додам бисёр узр металабам. Умед дорам, ки дар моҳи шарифи Рамазон ва даҳаи мағфират маро мебахшед. Боқӣ АЛЛОҲ нигоҳбонатон, ОМИН.

Зодрӯзи бесоҳибҷашн. 6 саҳфаи умри Қурбоналӣ Абдуллоев

Pressa.tj

Агар умр вафо мекард имрӯз ҳунарманди маҳбубу маъруфи мо Қурбоналӣ Абдуллоев 58-сола мешуд.

Санаи 11 январ қалби сарояндаи маъруф, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Қурбоналӣ Абдуллоев дар синни 57 – солагӣ аз тапидан бозмонд. COVID-19 боз як чеҳраи дурахшони фарҳанги моро рабуд…

РУҶӮЪ:

Ӯ маҳбубтарин ҳунарманди ансамбли “Дарё” буд. Садои махмалину мулоим, суҳбати махмалину мулоим, рафтори махмалину мулоимашро дӯстон, пайвандон ва мухлисонаш дӯст медоштанд. Вақте “Ватан” мегуфт, аз таҳи дил мегуфт, “Тоҷикистон” мегуфт, аз мағзи ҷон мегуфт, “Қишлоқаки ман” мегуфт, аз умқи хотираҳо мегуфт, “Модар” мегуфт аз меҳр мегуфт. Бинобар ин, сурудҳои ӯ дар дили мухлисон ҷой гирифта буд.

Ду сол пеш дар суҳбате гуфта буд: “Ҳанӯз суруди асосиамро насароидаам!”

Баъдан гуфт: “Мехоҳам консерти калон баргузор намоям!”

Вале…

Дар рамазони соли 2020 эълон кард: “Аз саҳна меравам!”

САҲИФАҲОИ ЗИНДАГӢ:

Дар бораи ӯ зиёд навиштаанд. Ҳарфе нав гуфтан душвор аст. Бинобар ин, суханро ба худаш медиҳам. Бигзор худ сафҳаҳои зиндагиашро варақгардон кунад ва худ чароғи хотироташро рӯсан созад.

Сухан ба Қурбоналӣ Абдуллоев: 

Саҳифаи аввал

Садо деҳ, шайпурнавоз

23 апрели соли 1963 дар деҳаи Кӯпрукбошии ноҳияи Орҷонкидзеобод (ҳоло шаҳри Ваҳдат) дар дар хонаводаи деҳқон ба дунё омадааам. Аз синфи чорумӣ дар маҳфили овозхонҳои ҷавони мактаби рақами 12 ноҳияи Ваҳдат ширкат мекардам. Чунон ба суруду мусиқӣ рағбат доштам, ки ҳатто ҳангоми дигар дарсҳо вақте садои баланд шудани созҳои мусиқиро аз синфхонаи фанни мусиқӣ мешунидам, дигар аз ҳама чиз фаромӯш мекардаму дилам ба он ҷо парвоз мекард. Соли 1977 буд. Озмуни ҷумҳуриявии овозхонҳои наврас баргузор гардид ва дар он дар қатори баъзе аз хонандагони дигар ман ҳам баранда шудам. Моро баъдан ба барномаи «Садо деҳ, шайпурнавоз»-и Телевизиони Тоҷикистон даъват карданд ва ман дар он барнома ду таронаеро бар ашъори устод Мирзо Турсунзода ва устод Боқӣ Раҳимзода сурудам.

Баъдан, устодони ин ҳунар ба падару модарам тавсия доданд, ки таҳсиламро дар Мактаби мусиқии ба номи Малика Собирова идома диҳам. Волидайнам агарчӣ розигӣ дода бошанд ҳам, вале дар ин кор аҷала намекарданд. Боре баъди дарс дар пахтазор пахта мечиндам. Баногоҳ дар наздикии ҳамон майдоне, ки пахта мечиндам, мошини сабукраве пайдо шуд ва аз дарунаш марди нуроние берун гашта, ба назди ман омад. Гуфт, ки директори мактаби мусиқӣ ҳаст ва мехоҳад, ки ман дар он мактаб таҳсиламро идома диҳам. Ҳамин тариқ, худи Димитрий Иванович Иониди донандаи нуҳ забон, марди хирадманд маро ба мактаби худ шомил намуд. Ҳамин тавр, сарнавишти ман ба санъат пайваст.

Саҳифаи дуюм

Ҳунарманди Артиши Шӯравӣ

Баъди хатми Мактаби мусиқии ба номи Малика Собирова соли 1983 ба Донишкадаи санъати ба номи устод Мирзо Турсунзода дохил шудам. Баъди як соли таҳсил маро ба сафи Артиши Шӯравӣ даъват карданд. Ду сол дар вилояти Мурмански Федератсияи Русия хизмат кардам. Дар он ҷо ҳам аз ҳунари овозхонӣ дур набудам. Дар оркестри нафасии қисми ҳарбӣ сози баритонро менавохтам. Ҳамзамон, роҳбари бадеии ансамбли эстрадии қисми ҳарбӣ будам. Гурӯҳи ҳунарии комил буд. Тамоми созҳо дар ин ансамбл буданд. Ман худам аккордеон менавохтам. Дар радиои вилоятии Мурманск нуҳ таронаи тоҷикӣ сабт карда будам. Аз ҷумла «Мағфират дурӣ ту аз ман» (матни худам), «Модар» (шеъри Муҳиддин Фарҳат), «Модар» ( шеъри Саидҷон Ҳакимзода)…

Баъди адои хизмати Ватан – модар боз таҳсиламро дар Донишкадаи санъат дар факултети мусиқии тоҷик дар шуъбаи мутрибӣ давом додам. Дутори басро менавохтам. Вале бисёртар бо овозхонӣ машғул будам.

Саҳифаи сеюм

Ансамбли беном

Моҳи апрели соли 1989. Раҳбарияти радио ва телевизион тасмим гирифтанд, ки дар шафати ансамбли «Шашмақом» як ансамбли суннатӣ таъсиси бидиҳанд, ки ба тарғибу ташвиқӣ мусиқии суннатӣ ва муосири тоҷик машғул бошад. Барои ҷалби овозхонҳо озмун эълон карданд. Ман ба ин озмун ба ҳайси навозандаи як бародари овозхон омадам ва ширкат кардам. Сарҳаками озмун устод Аҳмад Бобоқулов буданд. Саидқул Билолов ману Сангалӣ Мирзоевро, ки низ ба ҳайси навозанда дар ин озмун иштирок мекард, ба назди устод Аҳмад Бобоқулов бурда гуфт:

 -Устод, биёед ҳамин ду нафарро ҳам як шунавем.

 -О, як саду сӣ нафарро шунидем. Бас не-мӣ? Инҳо ариза ҳам надодаанд-ку?

Вале бо пофишории Саидқул Билолов устод Аҳмад Бобоқулов садои моро шуниданд.   

-Ҳамин ду нафарро низ қабул мекунем, – гуфтанд.

Хулоса, аз 130 нафар касе, ки ҳуҷҷат супурда буданд, танҳо Муҳаррама Шарифова, Нуралӣ Шерматов, Лола Азизова, Сангалӣ Мирзоев ва ман ба ансамбли навтаъсис пазируфта шудему халос…

Ансамбл ҳанӯз ном надошт. Вале дар бинои Хонаи радио барои тамрин ба мо ҷой ҷудо карданд.

Саҳифаи чорум

“Дарё” чӣ тавр пайдо шуд?

Номи “Дарё” ногаҳон пайдо шуд. Онро устод Саидқул Билолов гузоштанд. Чунин номгузорӣ чанд сабаб дошт. Якум дар ансамбл чанд овозхоне буд, ки дар таронаҳояшон калимаи «дарё» бисёр истифода мешуд. Барои мисол дар чанд суруди ман “дарё” буд:

Дили торики дарёро шабе моҳи рухат афрӯхт…

Ё

Дарё равону дарё равон аст,

Мо пир гаштем дунё ҷавон аст.

Аз сӯйи дигар устод Билолов ба ҳамин хулоса омаданд, ки ин ансамбл бояд як гурӯҳи ҳунарие шавад, ки ҳам коми шефтагони шеъру сурудро ширин кунаду ҳам ташнагии онҳоро ба суруду таронаҳои ноби муосири тоҷикӣ бишканад. Хулоса, бо пешниҳоди устод Саидқул Билолов номи он «Дарё» гузошта шуд. Моҳи сентябри соли 1989 мо аввалин консерти ансамбли «Дарё»-ро дар телевизион сабт кардем. Коргардони ин барнома Масъудшоҳ Ҳимматшоев, писари ҳунарманди маъруф Қимматшоҳ Ҳимматшоев, буданд, Акбар Ҷӯраев роҳбари ҳамон вақтаи телевизион.

Саҳифаи панҷум

Моҳии берун аз “Дарё”

Ман обрӯро аз «Дарё» гирифтам. Бе «Дарё» чун моҳии берун аз обам. «Дарё» эҷодгари мусиқӣ асили тоҷикӣ аст. «Дарё» мусиқии асилро тарғиб мекунад, мусиқиеро, ки умраш бениҳоят дароз аст. Боварӣ дорам, ки таронаҳои «Дарё» ҳар кадоме ҳадди ақал 200-300 – солӣ умр доранд.  

Сурудҳои зиёд иҷро кардам, дуэтҳо сароидам, вале суруди беҳтаринамро ҳанӯз насароидаам…

Саҳифаи шашум

Хайр, саҳна

Моҳи рамазони соли 2020. Саҳифаи Фейсбуки Қурбоналӣ Абдуллоев:

“Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим. Имрӯз, 12 майи 2020, банда ба қароре омадам, ки саҳнаи калон ва ҳунари овозхониро тарк намоям. Қарорам қатъист. Аз ҳама азизону ҳамкасбон ва мухлисон ташаккур мекунам. Дар ин муддати умр аз нафароне, ки озорашон додам бисёр узр металабам. Умед дорам, ки дар моҳи шарифи Рамазон ва даҳаи мағфират маро мебахшед. Боқӣ АЛЛОҲ нигоҳбонатон, ОМИН.”

P.S.:

Соли 2014 Қурбоналӣ Абдуллоев ба нафақа баромад (чаро ҳунармандонро ба нафақа гусел мекунанд?). Чун пайвандонаш муқими Русия шуда буданд, хост он ҷо равад ва дар канори эшон бошад. Ҳамин тавр ҳам кард. Дар оғози соли 2020 ба Ватан омад ва бо сабаби хурӯҷи коронавирус ва баста шудани марзҳо ин ҷо монд. Аз COVID-19 сироят ёфт ва ҳамин тавр наздики ду моҳ дар бемористон бистарӣ шуд.

Аз ӯ 4 фарзанд нишона монд, ки яке Кароматуллоҳи Қурбон ном дорад ва роҳи падарро интихоб кардааст.

Одил НОЗИР

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button