ВидеоТоҷикистонЧеҳраҳо

САРХАТИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 23 АПРЕЛИ СОЛИ 2021 (ВИДЕО)

Хулосаи хабарҳои муҳими ҷумъа, 23 апрели Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.  Дар ин барнома:

БОЗДОШТИ ДУ ИМОМ-ХАТИБ ДАР ЯК ШАБ: ИМОМИ МАСҶИДИ ЯККАЧИНОР НИЗ ДАСТГИР ШУДААСТ

ВКД ТОҶИКИСТОН ШИНОСНОМА ДОДАНАШ БА ҶОСУСИ РУСИЯРО РАД МЕКУНАД

ҚАСДИ ХУДКУШИИ ДИНА САЕВА ҲАНГОМИ ПАХШИ МУСТАҚИМ

ДУ СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ САРБОЗИ ҚАТОРИЕ, КИ ХУДРО БЕМОРИ РӮҲӢ ВОНАМУД МЕКАРД

БОЗДОШТИ ДУЗДИ КИСАБУР ДАР МАРШРУТКАИ №48

Ва акнун тафсилоти хабарҳо:

Асадулло Исмоилов, имоми масҷиди маҳаллаи Яккачанори шаҳри Душанбе, шаби 19 ба 20 апрел пас аз анҷоми намози таровеҳ дар масҷид дастгир шудааст. Асадулло Исмоилов 42 сол ва 6 фарзанд дошта, дар деҳаи Теппаи Самарқандии ноҳияи Рӯдакӣ зиндагӣ мекард.  Бино ба гузориши манбаи ин хабар –  Радиои Озодӣ, мақомот субҳи 20 апрел манзили ӯро дар Теппаи Самарқандӣ кофтуков карда, қисме аз китобҳояшро бурдаанд.

Наздикони имоми масҷиди Яккачинор рӯзи 23 апрел гуфтанд, ба ҷуз инки мақомот ӯро ба “суҳбат” даъват кардаанд, чизи дигаре дар бораи сабаби боздошташ намедонанд, вале умедворанд, ки ӯро озод хоҳанд кард. “Ин давлат аст, ҳукумат аст, умедворам дида мебароянд. Бегуноҳияш исбот шавад, ҷавоб медиҳанд. Ӯ доим ба фоидаи давлату ҳукумат ва халқу ватан сухан мегуфт ва бо гуруҳҳои навбаромади “Салафӣ” сахт муқовимат мекард”, –гуфтааст Қадруддин Исмоилов, яке аз бародарони имоми масҷиди Яккачанор рӯзи 23 апрел ба Радиои Озодӣ.

Асадулло Исмоилов алакай дуюмин имоми масҷид аст, ки баъди ширкат дар маросими дафни Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ дастгир мешавад.

Шоми 19 апрел, тақрибан баробари Асадулло Исмоилов мақомоти амниятӣ Абдулҳақ Обидов, сархатиби масҷиди марказии ноҳияи Шоҳмансурро ҳам дастгир карданд. Мақомот гуфтанд, Махдуми Абдулҳақ ва 5 нафари дигари дастгиршуда ба ҳамкорӣ бо ҷараёни мамнӯи мазҳабии Салафия айбдор мешаванд.

Вале манобеи “Бомдод” хабар доданд, ки Махдуми Абдулҳақ дар маросими дафни Домулло Ҳикматуллоҳ ӯро “пешвои бузург” ном бурда, гуфтааст, вақте чунин олимон аз байн мераванд, “мардум пешвоҳои ҷоҳилу гумроҳро барои худ пешво мегиранд.” Ба гуфтаи манобеи “Бомдод”, мақомот дар ин суханон ишора ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дидаанд, ки соли 2016 соҳиби унвони “Пешвои миллат” шуда буд.

Вале яке аз афроди наздик ба Домулло Абдулҳақ гуфт, мавъизаи ӯ дар маросими дафни Домулло Ҳикматуллоҳ ягон паёми сиёсӣ надошт ва манзураш аз  “пешвоҳои ҷоҳилу нодон” танҳо ходимони дини камсавод буд.

Домулло Ҳикматуллоҳ, яке аз муътабартарин аз рӯҳониёни суннатгарои тоҷик, рӯзи 13 апрел, дар рӯзи аввали моҳи шарифи Рамазон дар синни 80 аз олам чашм пӯшид ва рӯзи 14 апрел дар зодгоҳаш – деҳаи Ғилмони ноҳияи Тоҷикобод ба хок супурда шуд.

хххххххх

ВКД Тоҷикистон рӯзи 23 апрел бо нашри як маълумотномаи вижа аз Тоҷикистон шиноснома гирифтани яке аз нафарони гумонбар дар таркиши анборҳои аслиҳа дар Чехияро рад кард.

Аз рӯи ахбороти расонавӣ вобаста ба таркиши анбори силоҳ дар Ҷумҳурии Чехия маълум гардидааст, ки гӯё яке аз ду нафар гумонбарон бо шиносномаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Табаров Руслан Ҳалимович содир карда бошад, чунин хабар медиҳем, ки тибқи маълумоти махзани ягонаи шиносномаҳои Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № М005947 аз 25 02.2011, аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ ва воҳидҳои он дар шаҳру ноҳияҳо ба шаҳрванд Табаров Руслан Ҳалимович санаи таваллудаш 23 октябри соли 1975, шиноснома дода нашудааст, – таъкид кардааст ВКД Тоҷикистон.

Ин ниҳод афзудааст, ки то кунун дархости расмӣ аз сохторҳои давлатии Ҷумҳурии Чехия ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин хусус ворид нагардидааст.

Чехия ахиран мақомоти ҷосусии Русияро ба даст доштан дар таркиши 7 сол пеши анборҳои аслиҳааш айбдор ва 18 корманди сафорати Русияро ихроҷ кард. Пулиси Чехия ҳамчунин  ду шаҳрванди Русия Александр Петров ва Руслан Бошировро дар робита ба тафтиши ҷиноятҳои сангин таҳти ҷустуҷӯ қарор дод. Петров ва Боширов дар асл ҷосусони ГРУ Анатолий Чепига ва Александр Мишкин буда, аз ҷониби Бритониё низ ба қасди куштани ҷосуси собиқи рус Сергей Скрипал ва духтари ӯ Юлия дар соли 2018 дар шаҳраки Солсбери айбдор мешаванд.

Пулиси Чехия гуфт, Александр Петров ва Руслан Боширов тирамоҳи соли 2014 ҳангоми сафар ба Чехия дар баробари шиносномаи русӣ “онҳо бо худ шиносномаи Молдова ба номи Николай Попа  ва шиносномаи Тоҷикистон ба номи Руслан Табаров доштанд.”

Матбуот ҳамчунин хабар дод, ки Петров ва Боширов соли 2014 барои роҳ ёфтан ба анборҳои аслиҳаи Чехия як номаи электронӣ аз номи Гвардияи миллии Тоҷикистонро низ истифода бурдаанд.  Дар нома нусхаи шиносномаҳо ба номи Руслан Табаров ва Никола Попа ҳамчун намояндагони Гвардияи миллии Тоҷикистон замима шуда, аз IMEX Group – як ширкати силоҳфурӯшии Чехия, , хоста мешуд, ки онҳо иҷозати вуруд ба анборҳоро бидиҳанд.

хххххххх

Рӯзи  22 апрел  блогери 21-солаи зодаи Тоҷикистон Дина Саева, ки ӯро “маликаи ТикТок” ва яке аз бойтарин блогерҳои Русия меноманд, мухлисони худро ҷиддан ба ташвиш андохт. Дина Саева саҳифаи бастааш дар Инстаграмро барои чанд соат боз кард ва  ба пахши мустақим баромад.

Дар давоми ин пахши мустақим муддати тӯлоние тақрибан чизе намегузашт ва тамошобинон ба ҷуз аз як пардаи сиёҳ чизе намедиданд. Мухлисон чизеро нафаҳмиданд ва дар чат паём мезаданд, ки оё инҷо чӣ бо Дина чӣ мегузарад? Баъди чанде садои модари Дина ва хоҳараш Малика ба гӯш расид, ки бо тарсу талвоса номи Динаро гирифта, фарёд мезаданд. Сипас садои доду фарёд баромад ва дар охир духтаре овоз баровард, ки : “Ӯ зинда аст!”

Баъди ин пахши мустақим якбора қатъ шуд . Мухлисон чунин маънӣ гирифтанд, ки Дина қасд дошт дар ҷараёни пахши мустақим худро бикушад.

Чанде пеш Дина Саева шикоят кард, ки ба сабаби аз Тоҷикистон аст буданаш таҳти ҳамлаҳои пайвастаи бадбинона қарор дорад. Ӯ саҳифааш бо чанд миллион пайравро дар Инстаграм баст ва эътироф кард, ки ба сабаби ҳамлаҳои пайваста доруҳои зидди афсурдагиву маъюсӣ (анти-депрессант) истеъмол мекунад. Бархе навиштанд, ки Дина Саева аз муътодӣ табобат мегирад.

Дина Саева 21 сол дорад. Номи аслии ӯ Мадина Басаева буда, маликаи ояндаи ТикТоки Русия дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон дар як хонаводаи фақирранг ба дунё омадааст.

Дина роҳаш ба сӯи қуллаҳои шӯҳратро аз лаб ҷунбондан дар ҳавои таронаҳои маъруф ва нашри чунин видеоҳо дар Ютуб нашр карда буд. Имрӯз Дина Саева бо брендҳои машҳуре, чун Coca-Cola, Dolce&Gabbana қарордод баста, дар клипҳои Егор Крид нақши асосиро иҷро мекунад ва дар байни мардум бидуни муҳофиз намегардад. Ба ҳисоби Forbes, ин духтари тоҷик ҳоло ҳар моҳ дар TikTok 800 ҳазор рубл кор мекунад. Шумори пайравони ӯ дар ин шабака ҳанӯз як сол пеш аз 16 миллион гузашта буд.

Дина Саева  солҳои пеш бо чанде аз ҷавонони тоҷик низ вориди баҳсҳои шадид шуда буд.  Мунтақидони тоҷикаш тарзи либоспӯшӣ ва рафтори Дина Саеваро берун аз ҳадди одоби хоси як духтари мусалмон номида, аз вай даъват мекарданд, ки худро ислоҳ кунад. Вале Дина Саева мегуфт, касеро иҷозат намедиҳад, ки ба тарзи зиндагиаш дахолат кунад ва ӯро панд диҳад.

хххххх

Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе сокини ноҳияи Восеъ Маҳмадалиев Саидшоҳ Аламшоевичро бар асоси моддаи 376 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар сарпечӣ аз адои хидмати ҳарбӣ гунаҳкор шинохта, ба ду соли зиндон маҳкум кард. Ҳукми ин сарбоз рӯзи 18 феврали солӣ ҷорӣ содир шудааст. Маҳмадализода ба он айбдор мешавад, ки бо мақсади раҳоӣ аз адои хидмат худро бемори рӯҳӣ вонамуд кардааст.

Саидшоҳ Маҳмадалиев 27 октябри соли 2020 аз тарафи комиссияи даъватии ноҳияи Восеъ ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда, барои адои хизмати ҳарбӣ ба қисми ҳарбии 6593 сарраёсати зиндонҳои вазорати адлия сафарбар шуда буд.

Раиси додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе Ҳотам Раҷабзода навиштааст, “Маҳмадалиев дар давоми хизмати ҳарбӣ дар қисми ҳарбии мазкур бинобар сустиродагӣ ба шароити хизмати ҳарбӣ тоб наоварда, бо мақсади тамоман озод шудан аз иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ худро сохтакорона мубталои бемории руҳӣ вонамуд карда, бо мақсади бовар кунонидани фармондеҳии қисми ҳарбӣ ба бемории сохтааш, 14-уми декабри соли 2020 тахминан соатҳои 03:00, рӯйкаши сахти хобашро гирифта, дар панҷараи тирезаи утоқи №4-и нуқтаи тиббии қисми ҳарбӣ баста, дар дохили утоқ бо мақсади он, ки ин амалашро хизматчиёни ҳарбӣ мушоҳида кунанд аз дохили утоқ садои ҳар гуна ашёро мебарорад. Дар натиҷа ҳамхизматаш қаторӣ Қурбонов Муҳаммад Сафаралиевич дохили утоқ гардида, ӯро аз тиреза фаровардааст”.

Бо мақсади муайян кардани вазъи руҳӣ ва равонии сарбози қаторӣ Маҳмадалиев С.А., ӯро аз 18 ноябр то 09 декабри соли 2020 дар Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои равонӣ воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ( маъруф ба беморхонаи Кӯктош) бистарӣ кардаанд. Вале мувофиқи хулосаи Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои равонӣ таҳти №2049, Маҳмадалиев С.А., гирифтори бемории руҳӣ набуда, рафтори сохтакорона дорад.

хххххх

Ва дар поёни барнома чанд хабари криминалии рӯз:

Кормандони ШВКД-2  ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба таври фаврӣ тақрибан билофосила баъди содир шудани ҷиноят сокини қаблан судшудаи 29-солаи ҷамоати Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ дубора барои дуздӣ дастгир шудааст. Ӯ рӯзи 22 апрел, соати тахминан 16:40, дар пойтахт, дар дохили микроавтобуси №48 аз ҷузвдони як ҷавонзани 21-солаи сокини ноҳияи Сино ба роҳи пинҳонӣ ҳамёни ин занро, ки дар дохилаш 166-сомонӣ, 100 ҳазор риёли эронӣ, 500 евро, 12 500 сӯми ӯзбекӣ буд, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Ба ӯ акнун барои такроран даст ба дуздӣ заданаш аз 2 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Ҳамин тавр, як ҷавони 19-солаи сокини ҷамоати Ҷиликӯли ноҳияи Дӯстӣ ба он гумонбар мешавад, ки шаби 22 апрел, тахминан соати 01:30, вориди мағозаи зани 49-солаи сокини ҳамин ҷамоат шуда, аз он ҷо либосҳои занона ва 2 дастгоҳи барқии садодиҳандаро дуздидааст.

Раҳимҷони Раҳмон ном сокини 38-солаи сокини ҷамоати Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 8 феврал ба бовари як зани 34-солаи сокини шаҳраки Сомониён даромада, мошини тамғаи “Крайслер” –и ӯ, соли бароришаш 2008-ро 60 ҳазор сомонӣ нарх карда, гирифтааст. Ин харидор ба зан  ваъда додааст, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат пули мошинашро медиҳад,  вале то ҳол пулро надодааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button