ДУ СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ САРБОЗИ ҚАТОРИЕ, КИ ХУДРО БЕМОРИ РӮҲӢ ВОНАМУД МЕКАРД
Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе сокини ноҳияи Восеъ Маҳмадалиев Саидшоҳ Аламшоевичро бар асоси моддаи 376 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сарпечӣ аз адои хидмати ҳарбӣ бо роҳи узвмаъибкунӣ ва худро бемор вонамуд кардан гунаҳкор шинохта, ба ду соли зиндон маҳкум кард. Ҳукми ин сарбоз рӯзи 18 феврали солӣ ҷорӣ содир шудааст. Маҳмадалиев ба он айбдор мешавад, ки худро бемори рӯҳӣ вонамуд карда, соати сеи шаби 14 декабри соли 2020, ҳамагӣ якуним моҳ баъди даъваташ ба артиш “рӯйкаши рахти хобашро гирифта, дар панҷараи тирезаи утоқи №4-и нуқтаи тиббии қисми ҳарбӣ баста, дар дохили утоқ бо мақсади он, ки ин амалашро хизматчиёни ҳарбӣ мушоҳида кунанд аз дохили утоқ садои ҳар гуна ашёро мебарорад”. Ба ҳамхидматонаш муяссар шудааст, ки он шаб ӯро аз тиреза фароранд. Вале ташхиси вазъи саломатии равонии Маҳмадалиев дар беморхонаи Кӯктош ба хулосае расидааст, ки “Маҳмадалиев С.А., гирифтори бемории руҳӣ набуда, рафтори сохтакорона дорад.”
Раиси додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе Ҳотам Раҷабзода дар сомонаи расмии ин додгоҳ бархе ҷузъиёти парвандаи ин сарбози қаториро нашр карда, навиштааст, ки Саидшоҳ Маҳмадалиев 27 октябри соли 2020 аз тарафи комиссияи даъватии ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда, барои адои хизмати ҳарбӣ ба қисми ҳарбии 6593 сарраёсати зиндонҳои вазорати адлия сафарбар шуда буд. Маҳмадалиевро бо фармони командири қисми ҳарбии 6593 алакаф як рӯз баъди сафарбар шуданаш, яъне аз 28 октябр ба рӯйхати ҳайати шахсӣ ва ҳама гуна намуди таъминот даровардаанд.
“Ӯ дар давоми хизмати ҳарбӣ дар қисми ҳарбии мазкур бинобар сустиродагӣ ба шароити хизмати ҳарбӣ тоб наоварда, бо мақсади тамоман озод шудан аз иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ худро сохтакорона мубталои бемории руҳӣ вонамуд карда, бо мақсади бовар кунонидани фармондеҳии қисми ҳарбӣ ба бемории сохтааш, 14-уми декабри соли 2020 тахминан соатҳои 03:00, рӯйкаши рахти хобашро гирифта, дар панҷараи тирезаи утоқи №4-и нуқтаи тиббии қисми ҳарбӣ баста, дар дохили утоқ бо мақсади он, ки ин амалашро хизматчиёни ҳарбӣ мушоҳида кунанд аз дохили утоқ садои ҳар гуна ашёро мебарорад. Дар натиҷа ҳамхизматаш қаторӣ Қурбонов Муҳаммад Сафаралиевич дохили утоқ гардида, ӯро аз тиреза фаровардааст”, – навиштааст раиси додгоҳ.
Бо мақсади муайян кардани вазъи руҳӣ ва равонии сарбози қаторӣ Маҳмадалиев С.А., ӯро аз 18 ноябр то 09 декабри соли 2020 дар Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои равонӣ воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ( маъруф ба беморхонаи Кӯктош) бистарӣ кардаанд. Вале мувофиқи хулосаи Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои равонӣ таҳти №2049, Маҳмадалиев С.А., гирифтори бемории руҳӣ набуда, рафтори сохтакорона доштааст.
Сарбозе, ки худро бемори рӯҳӣ вонамуд мекард
Нафароне ҳастанд, ба ҷойи сарбаландона адои қарзи фарзандӣ кардан дар назди халқу Ватан, бо ҳар роҳу восилае мехоҳанд худро аз хидмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ, ки майдони мардонагиву ҷавонмардист, дур созанд. Баъзе аз ин ҷавонҳо даст ба ҷиноят мезананд, баъзеи дигар худро ба беморӣ.
Маҳмадалиев С.А., 27-октябри соли 2020 аз тарафи комиссияи даъватии ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда, барои адои хизмати ҳарбӣ ба қисми ҳарбии 6593 СРИҶҶ ВА Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардидааст. Бо фармони командири қисми ҳарбии мазкур аз 28 октябри соли 2020, №252 ба рӯйхати ҳайати шахсӣ ва ҳама гуна намуди таъминот дароварда шудааст. Ӯ дар давоми хизмати ҳарбӣ дар қисми ҳарбии мазкур бинобар сустиродагӣ ба шароити хизмати ҳарбӣ тоб наоварда бо мақсади тамоман озод шудан аз иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ худро сохтакорона мубталои бемории руҳӣ вонамуд карда, бо мақсади бовар кунонидани фармондеҳии қисми ҳарбӣ ба бемории сохтааш, 14-уми декабри соли 2020 тахминан соатҳои 03:00, рӯйкаши рахти хобашро гирифта дар панҷараи тирезаи утоқи №4-и нуқтаи тиббии қисми ҳарбӣ баста, дар дохили утоқ бо мақсади он, ки ин амалашро хизматчиёни ҳарбӣ мушоҳида кунанд аз дохи утоқ садои ҳар гуна ашёро мебарорад. Дар натиҷа ҳам хизматаш қаторӣ Қурбонов Муҳаммад Сафаралиевич дохили утоқ гардида, ӯро аз тиреза фаровардааст. Бо мақсади муайян кардани вазъи руҳӣ ва равонии сарбози қаторӣ Маҳмадалиев С.А., аз 18 ноябр то 09 декабри соли 2020 дар Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои равонӣ воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ бистари шудааст.
Мувофиқи хулосаи Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои равонӣ №2049 Маҳмадалиев С.А., гирифтори бемории руҳӣ набуда, рафтори сохтакорона дорад.
Бо ҳукми суди ҳарбии гарнизони Душанбе аз 18 феврали соли 2021 Маҳмадалиев Саидшоҳ Аламшоевич бо моддаи 376 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 2 (ду) сол аз озодӣ маҳрум гардидааст.
Раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе
полковники адлия Раҷабзода Ҳ.Н.