ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ ДУЗДИ КИСАБУР ДАР МАРШРУТКАИ №48

Кормандони ШВКД-2  ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба таври фаврӣ тақрибан билофосила баъди содир шудани ҷиноят сокини қаблан судшудаи 29-солаи ҷамоати Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ дубора барои дуздӣ дастгир шудааст. Ӯ рӯзи 22 апрел, соати тахминан 16:40, дар пойтахт, дар дохили микроавтобуси №48 аз ҷузвдони як ҷавонзани 21-солаи сокини ноҳияи Сино ба роҳи пинҳонӣ ҳамёни ин занро, ки дар дохилаш 166-сомонӣ, 100 ҳазор риёли эронӣ, 500 евро, 12 500 сӯми ӯзбекӣ буд, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Ба ӯ акнун барои такроран даст ба дуздӣ заданаш аз 2 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Ҳамин тавр, як ҷавони 19-солаи сокини ҷамоати Ҷиликӯли ноҳияи Дӯстӣ ба он гумонбар мешавад, ки шаби 22 апрел, тахминан соати 01:30, вориди мағозаи зани 49-солаи сокини ҳамин ҷамоат шуда, аз он ҷо либосҳои занона ва 2 дастгоҳи барқии садодиҳандаро дуздидааст.

Раҳимҷони Раҳмон ном сокини 38-солаи сокини ҷамоати Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 8 феврал ба бовари як зани 34-солаи сокини шаҳраки Сомониён даромада, мошини тамғаи “Крайслер” –и ӯ, соли бароришаш 2008-ро 60 ҳазор сомонӣ нарх карда, гирифтааст. Ин харидор ба зан  ваъда додааст, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат пули мошинашро медиҳад,  вале то ҳол пулро надодааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 23 апрели маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ифшо гардидани ҷиноятҳои дуздӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза ҷавонзани 21-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 22-юми апрели соли 2021, тахминан соати 16:40-дақиқа, ҳангоми дар дохили микроавтобуси №48-и пойтахт қарор доштанаш, шахсони номаълум бо роҳи пинхонӣ аз дохили ҷузвдонаш 1-адад ҳамён, ки дар дохилаш 166-сомонӣ, 100 ҳазор пули эронӣ, 500-евро, 12 ҳазору 500-суми ӯзбекӣ будааст, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 8 ҳазору 600 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷавони 19-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҷиликӯли ноҳияи Дустӣ рӯзи 22-юми апрели соли 2021, тахминан соати 01:30-дақиқа, вориди мағозаи зани 49-солаи сокини ҷамоати деҳоти мазкур шуда, аз он ҷо либосҳои занона ва 2-адад дастгоҳи барқии садодиҳандаро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Гирифтани автомашина бо роҳи қаллобӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза зани 34-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Сомониёни ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 8-уми феврали соли 2021, Раҳимҷони Раҳмон ном шахс бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Крайслер”, соли бароришаш 2008-ро ба маблағи 60 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, ваъда додааст, ки дар кутоҳтарин муҳлат маблағро бармегардонад. Аммо то ҳол маблағи автомашинаи мазкурро пардохт накардааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 38-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ҳамин ноҳия содир намудааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button