ВидеоДин ва боварҳо

БОЗДОШТИ ДУ ИМОМ-ХАТИБ ДАР ЯК ШАБ: ИМОМИ МАСҶИДИ ЯККАЧИНОР НИЗ ДАСТГИР ШУДААСТ (ВИДЕО)

Асадулло Исмоилов, имоми масҷиди маҳаллаи Яккачанори шаҳри Душанбе, шаби 19 ба 20 апрел пас аз анҷоми намози таровеҳ дар масҷид дастгир шудааст. Асадулло Исмоилов 42 сол ва 6 фарзанд дошта, дар деҳаи Теппаи Самарқандии ноҳияи Рӯдакӣ зиндагӣ мекард.  Бино ба гузориши манбаи ин хабар –  Радиои Озодӣ, мақомот субҳи 20 апрел манзили ӯро дар Теппаи Самарқандӣ кофтуков карда, қисме аз китобҳояшро бурдаанд. Наздикони имоми масҷиди Яккачинор рӯзи 23 апрел гуфтанд, ба ҷуз инки мақомот ӯро ба “суҳбат” даъват кардаанд, чизи дигаре дар бораи сабаби боздошташ намедонанд, вале умедворанд, ки ӯро озод хоҳанд кард.

Асадулло Исмоилов алакай дуюмин имоми масҷид аст, ки баъди ширкат дар маросими дафни Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ дастгир мешавад.

Шоми 19 апрел мақомоти амниятӣ Абдулҳақ Обидов, сархатиби масҷиди марказии ноҳияи Шоҳмансурро ҳам дастгир карданд. Мақомот гуфтанд, Махдуми Абдулҳақ ва 5 нафари дигари дастгиршуда бо ҷараёни мамнӯи мазҳабии Салафия алоқа доштанд. Вале манобеи “Бомдод” хабар доданд, ки Махдуми Абдулҳақ дар маросими дафни Домулло Ҳикматуллоҳ ӯро “пешвои бузург” ном бурда, гуфтааст, вақте чунин олимон аз байн мераванд, “мардум пешвоҳои ҷоҳилу гумроҳро барои худ пешво мегиранд.” Ба гуфтаи манобеи “Бомдод”, мақомот дар ин суханон ишора ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дидаанд, ки соли 2016 соҳиби унвони “Пешвои миллат” шуда буд.

Бино ба гузориши Радиои Озодӣ, Асадулло Исмоилов, имомхатиби масҷиди маҳаллаи Яккачанори шаҳри Душанбе, се рӯз пеш аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боздошт шудааст. Наздиконаш сабаби боздошти ӯро намедонанд ва мегӯянд, мақомоти амният “ӯро барои суҳбат” даъват кардаанд. Қадруддин Исмоилов яке аз бародарони Исмоилов гуфт, танҳо ҳаминро медонад, ки “барои суҳбат даъват шудааст”, вале мавзуи суҳбатро намедонад.

“Ин давлат аст, ҳукумат аст, умедворам дида мебароянд. Бегуноҳияш исбот шавад, ҷавоб медиҳанд. Ӯ доим ба фоидаи давлату ҳукумат ва халқу ватан сухан мегуфт ва бо гуруҳҳои навбаромади “Салафӣ” сахт муқовимат мекард”, –гуфтааст Қадруддин Исмоилов рӯзи 23 апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Асадулло Исмоиловро шаби 19 ба 20 апрел пас аз анҷоми намози таровеҳ дар масҷиди Яккачанори пойтахт дастгир карда, субҳи 20 апрел хонааш дар деҳаи Теппаи Самарқандии ноҳияи Рӯдакиро низ кофтукоб кардаанд ва қисме аз китобҳояшро бо худ бурдаанд.

Асадулло Исмоилов 42 сол ва 6 фарзанд дошта, хатмкардаи Донишкадаи исломии Тоҷикистон (маъруф ба мадраса) буда, бино ба иттилоии Радиои Озодӣ, аз шогирдони Амонулло Неъматзода, собиқ муфтии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ӯ нахуст имоми яке аз масҷидҳои ноҳияи Рӯдакӣ ва ахиран имомхатиби масҷиди Яккачанори Душанбе таъин шудааст.

Гуфта мешавад, Асадулло Исмоилов низ рӯзи 14 апрел дар маросими ҷанозаи Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ дар деҳаи Ғилмони ноҳияи Тоҷикобод ширкат доштааст.

Радиои Озодӣ аз қавли шогирдони Мулло Асадулло менависад, эҳтимол ӯро барои қирояти як мисраъ шеъри Муҳаммад Иқбол дар маросими ҷанозаи Домуллоҳ Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ боздошт кардаанд. Вақте издиҳом бузург мешаваду одамон якдигарро зер мекунанд, Мулло Асадулло ин мисраи Муҳаммад Иқбоолро мехонад:

Дар ҳайратам аз мароми ин мардуми паст,

Ин тоифаи зиндакушу мурдапараст.

Асадулло Исмоилов алакай дуюмин имомхатиб аст, ки баъди  маросими дафни Домулло Ҳикматуллоҳ дастгир мешавад.

Шоми 19 апрел, тақрибан ҳамзамон бо имоми масҷиди Яккачинор, мақомоти КДАМ Абдулҳақ Обидов (ДАР АКС), сархатиби масҷиди марказии ноҳияи Шоҳмансурро низ дастгир карданд.

КДАМ рӯзи 22 апрел гуфт, Обидов ва 5 сокини дигари шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ ба пайравӣ ба ҷараёни дар Тоҷикистон мамнӯи экстремистии Салафия айбдор мешаванд. Вале манобеи сомонаи “Бомдод” қаблан хабар дода буданд, ки Махдуми Абдулҳақро дар пайи як суханронии пурсарусадояш дар маросими дафни Домулло Ҳикматуллоҳ дастгир кардаанд.

Домулло Абдулҳақ дар  он маросим Домулло Ҳикматуллоҳро “яке аз пешвоҳои бузурги мо” ном бурда, аз он изҳори надомат мекунад, ки “вақте чунин инсонҳо дар миёни мардум боқӣ намонд, Худованд олимеро боқӣ нагузошт, мардум дигар пешвоёни ҷоҳил ва нодонро барои худ пешво мегиранд”  ва ин “пешвоҳои ҷоҳилу нодон, ки аз илми Шариъат баҳрае надоранд, бидуни илму огоҳӣ барои мардум фатво содир мекунанд.  Пасон онҳо худ гумроҳ ва дар натиҷа, дигаронро низ гумроҳ мекунанд.”

Бино ба иттилои ҳамсуҳбатони “Бомдод”, мақомоти амниятӣ дар ин муқоиса гӯё ишораҳо ба президенти кунунии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дидаанд, ки соли 2016 бо қабули як қонуни вижа “Пешвои миллат” эълон шуд.

Вале яке аз афроди наздик ба Домулло Абдулҳақ гуфт, мавъизаи ӯ дар маросими дафни Домулло Ҳикматуллоҳ ягон паёми сиёсӣ надошт ва манзураш аз  “пешвоҳои ҷоҳилу нодон” танҳо он ходимони дин буд, ки бо дониши ба маротиб камтар аз шахсиятҳое, чун Домулло Ҳикматуллоҳ фатво содир мекунанд.

Домулло Ҳикматуллоҳ, яке аз муътабартарин аз рӯҳониёни суннатгарои тоҷик, рӯзи 13 апрел, дар рӯзи аввали моҳи шарифи Рамазон дар синни 80 аз олам чашм пӯшид ва рӯзи 14 апрел дар зодгоҳаш – деҳаи Ғилмони ноҳияи Тоҷикобод ба хок супурда шуд. Дар маросими дафни ӯ ҳазорон нафар аз пайравонаш ва ҳамин тавр, аксари рӯҳониёни матраҳ дар арсаи динии Тоҷикистон иштирок карданд. Аксари ин рӯҳониёни шинохта, аз ҷумла Домулло Абдулҳақ, дар маросими дафни Домулло Ҳикматуллоҳ суханронӣ карданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button