Дин ва боварҳоСиёсатҲуқуқи инсон

БОБОИ ДОНАРО АЗ ЗИНДОН ОЗОД КАРДААНД

Дониёр Набиев, маъруф ба Бобои Дона, яке аз собиқадорони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ) рӯзи 23 апрел аз маҳбас озод карда шуд. Шодӣ Набиев, бародари Бобои Дона ба сомонаи “Бомдод” гуфт, ӯро шоми 23 апрел ба хона ҷавоб доданд. “Бародарам вақтҳои охир дар қисми тиббии маҳбаси Ваҳдат аз бемории сил табобат мегирифт. Сабаби озодиаш аз зиндон ҳам бемории сил доштанаш мебошад”, – гуфт Шодӣ Набиев.

Бобои Дона, сокини 80-cолаи деҳаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ 27 августи соли 2020 бо иттиҳоми ба хонаводаҳои аъзои зиндонии ҲНИТ расондани кумакҳое, ки аз хориҷ равон мекарданд, боздошт ва моҳи декабр ба 7 соли зиндон маҳкум шуда буд.

Он вақт маҳкум ба зиндон шудани як нафари солхӯрдаи дар синни 80 ва он ҳам бо ҷурми расондани кумакҳо ба хонаводаҳои зиндониён мавҷи интиқодҳо аз мақомоти Тоҷикистонро барангехт ва ба ин мавзӯъ созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон низ таваҷҷуҳ карданд.

Дар посух ба ин интиқодҳо ВКД Тоҷикистон рӯзи 8 январ бо пахши як изҳорот гуфт,  додгоҳ Дона Набиевро дар ташкили фаъолияти созмони экстремистӣ гунаҳкор шинохт.

ВКД ҳамчунин гуфт, Дона Набиев “дар сохтори собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ ба ҳайси “қозӣ” фаъолият намуда, сокинони бегуноҳи ҷумҳуриро ба ҷазоҳои вазнинтарин, ҳатто то ҳукми қатл, маҳкум мекард” ва “дар куштори оммавии сокинони маҳаллии вилояти Хатлон иштирок кардааст.” Ба гуфтаи ВКД, бар асоси созишномаи сулҳи соли 1997 ин амалҳои Набиев мавриди афв қарор гирифтанд, вале ӯ баъди манъи фаъолияти ҲНИТ дар соли 2015 низ ба амалҳои зиддиқонуниаш идома додааст. Дар гузориши ВКД Дона Набиев аз ҷумла ба он айбдор мешуд ки:

− маблағҳои пулии аз тарафи хадамоти махсуси давлатҳои муайян ҷудошударо, тариқи истифодаи масири интиқоли маблағҳо аз кишварҳои сеюм қабул намуда, онҳоро барои паҳнкунии ғояҳои ифротӣ, харидорӣ, нашр ва густариши адабиёти экстремистӣ, ҷалб ва сафарбар намудани ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои ҷиҳодӣ сарф мекард;
− миқдори муайяни маблағҳоро тавассути ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ҷиҳати дастгирии молиявии аъзоёни қаноти ҷангии ташкилоти террористии собиқ ҲНИ – «Ҷамоати Ансорруллоҳ» ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон интиқол додааст;
− қисми боқимондаи маблағҳоро барои манфиатҳои шахсии худ истифода кардааст.

Аммо ҲНИТ ба дунбол изҳороти ВКД дар мавриди Бобои Донаро ”сиёсӣ, комилан беасос ва туҳмати ошкор”  номида,  рад кард. ҲНИТ гуфт, бобои Дона дар ҷанги шаҳрвандӣ аслан ширкат надошт ва ба ҷое ҳиҷрат ҳам накарда буд.

“Дар сохтори ҲНИТ дар ҳеҷ замоне симате ба унвони Қозӣ вуҷуд надошт, бино бар ин, иддаои ВКД ҳақиқат надорад”, – гуфта мешуд дар изҳорот.

ҲНИТ ҳамчунин дар раддияаш ҳар навъ иртиботи худ бо “Ҷамоати Ансоруллоҳ”-ро рад карда, гуфт, “ҲНИТ ҳеҷ гуна неруи низомие дар ҳеҷ кишваре, ба хусус Афғонистон надорад.” ҲНИТ дар айни замон таъкид кард, ки “ирсоли  маблағҳо аз тарафи хонавода, наздикон ва аъзои ҲНИТ ба хонаводаи зиндониёни сиёсӣ аслан ҷиноят нест ва таъкид мекунем, ки бобои Дона агар кумаке карда аз хешовандону наздикон ва аъзои ҲНИТи дар хориҷ буда дарёфт кардааст ва ҳеҷ рабте ба хадамоти махсуси ягон кишвар надорад.”

Раёсати олии ҲНИТ аз мақомоти Тоҷикистон талаб карда буд, ки аз “бадном кардани як пирамарди бегуноҳ ва ҲНИТ” даст бикашанд ва бобои Донаро фавран озод кунанд.

Фаъолияти ҲНИТ дар Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2015 дар пайи саркӯби ошӯби ноком ба раҳбарии муовини вазири дифоъ генерал Абдуҳалим Назарзода расман манъ карда шуд. Мақомот ҲНИТ-ро ба ҳидоят ва роҳбарии ин шӯриш айбдор карданд. Аммо роҳбарони ҲНИТ, ки ҳоло асосан аз Аврупо фаъолият мекунанд, ҳар навъ даст доштани худ дар ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалимро рад карда, мегӯянд, мақомот ин ошӯбро ҳамчун баҳона барои аз саҳна рӯфтани бузургтарин ҳизби мухолифи ҳукумати кунунӣ сӯиистифода бурданд. Баъди манъи фаъолияти ҲНИТ даҳҳо узви он дар Тоҷикистон ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуда, садҳо тан аз пайравону ҳаводоронаш тарки Тоҷикистон карданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button